logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТАМОЮЛҲОИ НАВ ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВА ИНТИЗОРИҲО АЗ СОЛИ 2023

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушд соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт аз тадбирҳои муассир кор мегиранд. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи аҳду талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар сайёҳӣ низ бамаротиб рушд ёфт. Дар ин замина, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷавҳари кашфношуда аз ҷониби ҷаҳониён шинохта шуд. 
   
ТАВАҶҶУҲИ ҲУКУМАТ БА СОҲА  ВА АФЗОИШИ САЙЁҲОН 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёму суханрониҳои худ пайваста рушди соҳаи сайёҳиро таъкид намуда, барои беҳбуд бахшидани соҳа пешниҳодҳои махсус ироа медоранд. Чунончи, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон, ширкатҳои сайёҳӣ низ зиёд гардиданд. Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион, аз ҷумла дар соли 2022 - юм 1 миллион сайёҳ ворид шуд. Бино ба гуфтаи Сарвари давлат, дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо дар соли гузашта 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. 
Инҳо "Румӣ ҳотел энд резиденс", Майдони "Истиқлол" ва Маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол", тарабхонаи "Литина-Душанбе" дар  пойтахти мамлакат, инчунин дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан меҳмонхонаи "Панҷакент-плаза", маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи "Ширин", маҷмааи хизматрасонии "Истаравшан Плаза" ва даҳҳо иншооти дигари хизматрасониву фароғатӣ мебошанд, ки барои боз ҳам бароҳату гуворо гаштани истироҳати сайёҳону меҳмонон дар дилхоҳ гӯшаи кишвар мусоидат менамоянд. 
Натиҷаи рушди инфрасохтор дар минтақаҳои сайёҳии кишвар ва таблиғу ташвиқи дурусту пешниҳоди маҳсулоти сайёҳии писандидаи ҳамагон буд, ки имсол шумораи сайёҳон (1 миллион нафар) ба шумораи сайёҳони давраи пеш аз пандемия (1 миллиону 555 ҳазор дар соли 2018 ва 1 миллиону 300 ҳазор нафар дар соли 2019) қариб, ки баробар шуд. Ин дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ ҳоло аз буҳрони пандемияи COVID-19 баамаломада барқарор нагашта, ба пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии бархӯрдҳои ахири сиёсии авзои ҷаҳон мувоҷеҳ шудаанд. 
 
ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ  РАДАБАНДИҲОИ САЙЁҲӢ  
Дар натиҷаи азму талошҳои ниҳодҳои дахлдори сайёҳӣ ва татбиқи  ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат ва дигар тадбирҳои муассири дар ин самт андешидашуда Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ ва ҷавҳари кашфношуда шинохта шуд. Ниҳоят, дар натиҷаи тарғибу ташвиқи васеи иқтидорҳои сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар Тоҷикистон дар радабандиҳои созмону шабакаҳои бонуфузи иттилоотии байналмилалӣ дар соли 2022 мавқеи намоёнро ишғол намуд.  
Бино ба арзёбии маркази таҳлилии хадамоти сафар ва сайёҳии Tutu.ru, Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин кишварҳои мавсими махмалин барои россиягиҳо шомил гашт. Шоҳроҳи Помир тибқи радабандӣ ба даҳгонаи зеботарин роҳҳои ҷаҳон ворид шуда, ҷойи сеюмро ишғол намуд. Ҳамчунин, мувофиқи пажӯҳиши хадамоти банақшагирии сафарҳои OneTwoTrip, Тоҷикистон ба радабандии 20 самти арзон ва мувофиқ шомил гардид, ки аз ҷониби коршиносони соҳаи сайёҳӣ мураттаб шудааст. Дар баробари ин, фурудгоҳи Внуковои Москва хатсайри Москва-Душанберо ба қатори панҷгонаи маъмултарин самтҳои байналмилалӣ дар мавсими тобистон шомил намуд.
Коршиносон Тоҷикистонро аз самтҳои машҳур барои шаҳрвандони Россия ном мебаранд ва имсол мо сайёҳони зиёдро аз ин кишвар мушоҳида кардем, ки далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.
    
АРЗЁБИҲО ОИД БА ТАМОЮЛҲОИ  НАВИ БОЗОРИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ  ДАР СОЛИ 2023 
Дар ҳоле ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар соли 2022 натиҷаҳои хубро касб намуд, пешгӯиҳои коршиносон дар самти рушди сайёҳии байналмилалӣ дар соли 2023 чандон умедворкунанда нест.  
Оё бозори сайёҳӣ метавонад ҷараёни мусбати рушдро нигоҳ дорад ва тамоюлҳои асосии рушди он дар соли 2023 чӣ гуна хоҳанд буд?  Дар ин хусус посухҳои коршиносонро меорем.
Ҳамин тавр, мувофиқи пешгӯии Economist Intelligence Unit (EIU), дар соли 2023 бозори ҷаҳонии сайёҳӣ 30 дарсад афзоиш меёбад. Вале, ба гумон аст, ки он ба сатҳи то давраи пандемия бирасад. Байни омилҳои манфӣ, ки ба барқароршавии бозори сайёҳӣ дар соли ҷорӣ таъсири боздоранда мерасонад, бино ба ишораи EIU вазъи геополитикӣ, болоравии таваррум, таъсири манфии пандемия ва номуайянӣ мебошанд.
Коршиносони аз ҷониби маҷаллаи Forbes пурсидашуда иброз доштаанд, ки новобаста аз болоравии сатҳи таваррум соли 2023 саёҳат ба рӯйхати хароҷотҳои аввалияи муштариёни аз маҳдудиятҳо бешумор хасташуда ворид мешавад. Дар аввали моҳи декабри соли 2022 Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) изҳор дошт, ки саноати ҷаҳонии боркашонии ҳавоӣ аввалин маротиба дар се соли охир дар соли 2023 фоидаи бештар мебинад. Тибқи баҳогузории иқтисодшиносони IATA фоидаи он 4,6 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.
Бино ба пешгӯиҳо, новобаста аз омилҳои бешумори манфӣ, бозори сайёҳӣ барқарор шудан мегирад. Сайёҳон бештар ба сайёҳии солимгардонӣ ва табиат рӯ меоранд. Сафарҳои серхароҷот, фарҳангӣ ва табобатӣ низ дар мадди аввали сайёҳати ҷаҳонгардон қарор мегиранд. Инчунин, баъзе сайёҳон аз кишварҳои ҳамсоя ба ҷойҳое мераванд, ки он ҷо ҳам нархҳо дастрасанд ва ҳам бехавф аст.    
 
ВАЗИФАҲО  ВА ИНТИЗОРИҲО
Дар соли 2023 Кумити рушди сайёҳӣ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври зарурӣ манзури ҷаҳонгардон гардонанд. Инчунин, ҳамоишҳо, намоишгоҳҳо ва фестивали байналмилалӣ дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ин сол баргузор мегарданд. 
Дар ин росто кӯшишҳои ҳарчи бештар баҳри рушди бомарому ботадриҷи соҳаи сайёҳӣ равона мешаванд. Ба таъкиди Пешвои миллат барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи сайёӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад. Дар ин раванд бояд ба масъалаҳои татбиқи самаранок ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идомаи бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, баландбардории мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин таъмини иқтидори кадрии соҳа, диққати ҷиддӣ дода шавад. 
Ҳамаи ин вазифагузориҳои Сарвари давлат ҷиҳати пешрафти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ ва пешгӯиҳои коршиносон возеҳ месозанд, ки соли равон ин навъҳои сайёҳӣ дар кишвар бештар ривоҷ меёбанд, шумораи сайёҳон боз ҳам зиёдтар мегардад ва иқтисодиёти кишвар аз ин соҳаи авлавиятнок фоидаи бештар мебинад.  
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2023    №: 18    Мутолиа карданд: 729
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед