logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Бо Қаҳҳори Расулиён дар Студияи Телевизиони Душанбе (ҳоло Телевизиони Тоҷикистон) соли 1984, баъди хатми Донишгоҳи Миллии  Тоҷикистон шинос шудам. Ӯ муҳаррири барномаҳои сарредаксияи адабӣ – драмавии ин муассиса буд. Ман як моҳ бояд муҳлати санҷиширо барои пазируфтан ба кор мегузаштам. Дар ин муддат ва баъдҳо низ бисёр лутф мекард. Инчунин, дар ҳозирҷавобӣ назир надошт. 
Аз ин лутфҳо ва корбарияш бо коргардонҳову иштирокчиёни намоишҳо бисёр чизҳоро омӯхтам. Дар назар менамуд, ки шӯх асту ба баъзе аз масъалаҳо махсус эътибор намедиҳад, аммо дар асл чунин набуд. Корашро хуб медонист ва дурусту сари вақт дар сатҳи баланд иҷро мекард. Барвақт ба идораи редаксия меомад, пештар аз ҳамаи мо. То оғози соати корӣ матбуоти давриро, рӯзномаҳои кишвар ва умумииттифоқ, аз қабили «Правда», «Известия», «Комсомолская правда», «Литературная газета» - ро мутолиа менамуд. Ҳофизаи қавӣ дошт. Махсусан, фактҳои таърихиро бисёру дақиқ медонист ва ба ҳар пурсиши кормандон дар ин маврид посух мегуфт. Ӯро ҳамроҳӣ намудан баробари сабақ гирифтану таҳсил кардан дар як мактаби бузург маҳсуб мешуд.
Мегуфт: «Кӯшиш бикун ҳамаи корҳои идоравиро дар соати муқарраршудаи фаъолият ба сомон бирасонӣ. Дар хона фароғат ва ё барои худ кору эҷод бикун». Ӯ бо ин гуфта мехост ман аз вақт самаранок истифода бибараму пурманфиат.
Мегуфт: «Ба сенарияҳои гуногун шинос бишав, онҳоро биёмӯз ва сатҳи касбиятатро боло бибар. Аз омӯзиш дар ин синну сол як лаҳза фориғ ва қаноатманд машав, то баъдҳо афсӯс нахӯрӣ».
Мегуфт: «Аз танқид ҳеҷ гоҳ наранҷ, дилозурда нашав, шикастарҳ низ. Агар танқид дуруст бошад, ба хушнудӣ онро бипазир ва дар пайи ислоҳи камбудиҳоят бишав. Ин воситаи пешравият мешавад. Агар аз рӯи ғараз ва ё нофаҳмӣ бошад, ба он аҳамият надеҳ. Бояд мисли санги бузургу вазнин дар миёни об бошӣ, ки ҳам мавҷу сел туро бурда натавонад ва ҳам ба чашмҳо зебоиву шукӯҳи худро бибахшӣ».
Мегуфт: ҳамеша одамонро новобаста аз миллат, нажод, қавм, ранг, маҳал бо ҳама хусусияташон дӯст бидор: ба камбудиву норасоияшон чашм бипӯш, аз дастовардҳояшон шод бишав».
Охири соли 1985 маоши ночизу боло рафтани нархи хонаи иҷора барои зист сабаб гардиду аз Телевизион ба деҳаи дурдасти Нуробод рафтам. Нимаи соли 1986 дар маркази шаҳри Душанбе, дар роҳ ӯро дидам. Гуфт: «Ман ҳам аз Телевизион рафтам. Муаллими таърихи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шудам. Бояд кори илмӣ бикунам. Муҳити Телевизион ба ин созгор набуд». Дар ин маврид ҳам лутф мекард ва касро бовар намеомад, ки ба ин ҳолу гуфтугӯ ӯ бо ҷиддият рисолаи илмӣ менависад». Аммо вақт чун довари якрӯ собит сохт, ки ӯ муҳаққиқи асили соҳаи таърих ва матбуот мебошад. На танҳо рисолаи номзадӣ, балки рисолаи докторӣ ҳам ҳимоя кард. Беш аз 30 китобу 500 мақола таълифу нашр намуд. Мавзуъҳои таҳқиқоташ, аз ҷумла баррасии таърих, тамаддун, фарҳанги халқи тоҷик ва дигар халқҳои ориёинажод, робитаи  фарҳангии тоҷикон бо дигар халқҳои ҷаҳон мебошанд.
Аз 30 китоби таълифу нашрнамудааш метавон «Таърихи матбуоти форсӣ – тоҷикӣ (аз оғоз то оғози асри XX) ва бо ҳамин ном, дар нимаи аввали асри XX), «Таърихи халқи тоҷик» (аз бостон то ибтидои асрҳои миёна), «Тоҷик кист?», «Кишварҳои ҷаҳон», «Таърихи умумӣ», «Таърихи фарҳанги халқи тоҷик» - ро ном бурд.
Мақолаҳояш дар матбуоти кишварҳои хориҷӣ низ ба табъ расидаанд. Дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон суханрониҳои илмӣ дошт.
Маврид ба зикр мебошад, ки солҳои 1980 – 1981 дар шаҳри Ғазнии Афғонистон ба ҳайси тарҷумони низомӣ хидмат кардааст.
Соли гузашта, яъне соли 2022, фаъолияти пурсамараш бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр шуд.
Ҳолиё дар айни камолоти эҷодӣ мебошад ва пажӯҳишу таълифи мақолаҳо, китобҳоро идома дода истодааст.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2023    №: 18    Мутолиа карданд: 361
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед