Хабарҳо
Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”
Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко бо бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе шартномаи яксола ба имзо расонд. Дар ин бора Черевченко дар мусоҳиба бо ТАСС иттилоъ додааст.
Рустам Ҳакимов, сардори маркази матбуоти дастаи “Истиқлол”, хабар дод, ки шаби 16 январ Игор Черевченко ва Юрий Батуренко, ёвари ӯ ба Душанбе омаданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт мураббиёни маъруфро роҳбарият ва кормандони бошгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.
Черевченко дар ин вазифа Алишер Тухтаевро иваз мекунад, нафаре, ки баъди рафтани Виталий Левченко дар моҳи июли соли 2022 вазифаи сармураббии дастаро иҷро менамуд.
ҶОМИ ФФТ-2023
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомонӣ муайян шуд
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 50 ҳазор сомонӣ, барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 30 000 ва 20 000 сомонӣ ба даст меоранд.
Дар ин бора зимни маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе, ки дар меҳмонхонаи «Румӣ» баргузор шуд, хабар доданд.
Тибқи қуръакашӣ, ҳашт дастаи минтақаи Душанбе ба ду гурӯҳ тақсим шуд. Ба гурӯҳи «А» «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош» ва «Равшан»-и Кӯлоб ва ба гурӯҳи «В» КМВА, «Шодмон», «Душанбе» ва «Барқчӣ» шомил шуданд.
Бар пояи низомномаи мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ ду даста ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбад. Аз вилоятҳои Суғду Хатлон ду дастаӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 8707