logo

сиёсат

ПАЁМИ ПЕШВО – МАШЪАЛИ РАҲНАМО

Сухан дар зиндагии инсон мавқеи муҳиму меҳварӣ дорад. Ҳамин аст, ки шоирони мо оид ба сухан, қадру қимат, мақому манзалат, муассирию хотирмонӣ, мазмуну муҳтаво ва дарку фаҳми он абёти аҷибу мондагор гуфтаанд. 
 
Бале, сухан асару қудрат, тавону матонати шикастнопазир дорад, ки ҷойгоҳашро бузургон «арши барин», таъсирашро «роҳнамои хирад», қадру қиматашро «вологуҳар» ва роҳнамоии онро «равшангари дилҳо» гуфтаанд. Сухани асил ҳангоми баён, вобаста ба мавзуъву мундариҷа, мазмуну муҳтаво ва сабки гуфтор муассиру хотирмон, раҳнамою раҳкушо, чароғу машъали ақлу хирад ва фаъолият мегардад. 
Ҳангоме ки сухан возеҳу равшан бо забони модарӣ бо далелу муқоиса, бо нишондоду тавзеҳот оид ба баррасии самтҳои гуногуну муҳими ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар давраи муайян ва дастуру ҳидоятҳо барои инкишофу рушди ояндаи он гуфта мешавад, сухани хосса аст, зеро мундариҷаи он дурнамои ҳаёти халқро муайян ва намоён мекунад ва чун машъали раҳнамо барои ҳар шахси худогоҳу ватандӯст мегардаду самимона пазируфта мешавад, ки ин каломи Пешво, яъне Паёми Пешвои миллати тоҷик аст.
Бале, дар айёме, ки «инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад», дар ҳаёти имрӯзу фардои халқи кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машъалест фурӯзандаву дурахшанда ба мардуми ин марзу бум дар роҳи ноил гаштан ба ҳадафҳои неки хеш дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат.
Каломи Пешво дар ин Паём бо вижагии изҳори қаноатмандӣ аз кору рӯзгори мардуми шарафманди Тоҷикистон дар соли 2022, аз ҷумла: «Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» оғоз гардид. Ҳамзамон,  бо хусусияти ҳушдор ва  водоркунанда вобаста ба вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон  таъкидан доир ба таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, шиддат ёфтани пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, яроқнокшавии босуръат ва оғози марҳалаи «ҷанги сард», ки  сабаби рахна задани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуҷуд омадани  буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, вусъат гирифтани таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои таъминоти молу маҳсулот, коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот ва болоравии нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ мегарданд, боиси ташвиши ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ гаштаанд, идома ёфт.
Ҳамин тариқ,  марҳила ба марҳила, зина ба зина бо дарки ҳисси баланди масъулият, ки боиси омӯзиши  ибрат барои ҳамагон аст, таъкид гардид, ки новобаста аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо барои дар сатҳи зарурӣ ва мувофиқ нигоҳ доштани инкишофи бонизоми иқтисодӣ, таъмин намудани пояҳои устувори молиявии давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани  буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ муҳайё гардида, ташаббус ва татбиқи он дар самти мукаммал гардондани низоми миллии молия ва андоз идома доранд. Дар ин замина бояд соли 2023 инкишофи иқтисодӣ ба 8 фоиз расонда шавад ва даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёбад.  Барои комилан ба ин ҳадафҳо расидан роҳнамоӣ ва ҳидоят гардид, ки: «бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад».
Вобаста ба ин, сохторҳои марбут вазифадор гардиданд, ки дар асоси принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ барои ба низом даровардани интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, рақамикунонии соҳа, хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз, нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, тибқи талабот ба роҳ мондани низоми партохт, маблағгузории саривақтӣ, махсусан қарздиҳӣ, ки дар меҳвари фаъолияти низоми молиявӣ ва бонкӣ қарор дорад, таъсис додани равзанаи ягонаи маълумоти молиявӣ, пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани пардохти намудҳои хизматрасонии давлатӣ чораҳои қатъӣ амалӣ намоянд. Дар асоси ин таъкидҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, васеъ ҷорӣ кардани коркард ва татбиқи  механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз», вазифадор кардани сохторҳои дахлдорро доир ба чораҷӯӣ намудан ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳамияти экологӣ ва озуқаворӣ дошта зикр гардид.  
Вобаста ба саноатикунонии кишвар нишондиҳандаҳои афзоишӣ матраҳ гардида, зикр шуд, ки «бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд» ва нишондиҳандаҳои содирот ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор доранд. 
Аз ин лиҳоз, барои таъсиси бештари корхонаҳою маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои давлатию хусусӣ, истифодаи дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, истихроҷу коркарди металлҳои ранга, то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳо, таҳия ва татбиқи барномаи рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ, ба роҳ мондани фаъолияти пурраи корхонаҳои саноатии азкормонда ё нопурра фаъолияткунанда,  бештар ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли дорувории аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш, пурра ба роҳ мондани истихроҷ, коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расондан ва содироти сангҳои бинокорӣ ва ороишӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, дар дохили кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ, кӯшиши корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардондашудаи байналмилалӣ ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардида  вазорату сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд.
Бо маблағҳои муайянгардида идома ёфтани таҷдиду сохтмони неругоҳҳои барқи обии кишвар зикр гардида, ҳамзамон нигаронӣ аз талафоти барқ, изҳор шуд ва барои чораҷӯйӣ пешниҳод ва дастур дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ, маданияти истифодаи неруи барқ аз ҷониби истифодабарандагон, пешниҳоди мушаххас оид ба имконият ва дурнамои рушди энергетикаи водородӣ, яъне неруи гидрогенӣ корҳо амалӣ гарданд.
Ҳамчунин, барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таъмир ва кушодани роҳу шоҳроҳҳои мошингард ҳидоятҳои мушаххас ба масъулин дода шуд ва ба Ҳукумат дастур дода шуд, ки бо истифода аз низоми «фазои кушод» сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмин намудани рақобатнокии онҳо чораҷӯйӣ шавад. Дар ин росто, агентию сохторҳои марбут муваззаф гардиданд, ки доир ба рушди алоқа, таъмини босуръати интернет дастрас гардондани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, тадбирҳои заруриро амалӣ карда, сохтору мақомотҳои дахлдор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. 
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки вазъи печидаи ҷаҳони имрӯза таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба норасоии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани аз чор як ҳиссаи кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем. Аз ин рӯ, бо назардошти афзудани шумораи аҳолӣ сохторҳои дахлдорро мебояд баҳри зиёд кардани миқдори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд, лоиҳаи барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои бекорхобидаро барои давраи миёнамуҳлат таҳия ва захираҳои мавҷудаи канданиҳои фоиданокро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба имкониятҳои азхудкунии онҳо барои истеҳсоли нуриҳои маъданӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас намоянд.
Дар Паёми навбатӣ доир ба вазъу ҳолати соҳаи сайёҳӣ омадааст, ки дар заминаи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда роиҷ аст. Дар ин росто, таъкид гардид, ки минбаъд ҳам мебояд масъулон  ҷиҳати густариш додани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ чораҳои амалӣ андешанд ва барои   босамару  бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа, диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ёдрас гардид, ки ба касбу кор ва шуғлу ҳунари пурмаҳсули талаботи даврони муосирро қонеъкунанда таъмин намудани аҳолии кишвар, аз ҷумла ҷавонон, занон ва духтарон, яке аз ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин дастур дода шуд, ки  вазорату сохторҳои марбутро зарур аст дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таҳия ва ҷиҳати босамар гардидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузарондани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд ва барои беҳтар гардондани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ гарданд.
Пешвои миллат бо ҳисси баланди роҳбарию роҳнамоӣ иброз доштанд, ки дар сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятнок маҳсуб меёбанд ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод гардид, ки нафақа ва музди маош зиёд карда шавад. Ҳамзамон, таъкид намуданд: «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад» ва барои тақвияти сухан бо итминони комили водоркунанда баҳогузорӣ шуд, ки мактаб боргоҳи илму дониш ва саводу маърифат, муаллим шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас аст ва арҷу эҳтиром гузоштан ба онҳо зарур ва муҳим аст, чунки оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат аз ин вобаста аст, «зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад». Дар ин замина аз шароиту имкониятҳои Ҳукумат фароҳамоварда масъулинро мебояд бо назардошти натиҷаи дилхоҳу муносиб ба даст овардан истифода бурда, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бо кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон бештару хубтар саҳмгузор бошанд. Вазорату идора, муассисаву сохторҳои дахлдор  барои  ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва вобаста ба  талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, бо таҳияи барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ кардани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, мусовияти илм ва истеҳсолот барои баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин иқтисоди рақамӣ, чораҳои қатъии судманд андешанду амалӣ намоянд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Пешвои миллат дар Паём дар ду соли охир вобаста ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дастрас гардидани зиёда аз 200 номгӯйи таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир, бунёду азнавсозии  муассисаҳои  ин соҳа ва таҷҳизондани онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ҳушдор намуданд, ки ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба талаботи замони муосир ба ҳадди мувофиқ ҷавобгӯ набуда, беҳбудиро тақозо мекунад.
Пешвои миллат ҳамчун як фарзанди содиқтарину арҷгузортарини миллат Паём оварданд: «Мо ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Дар ин росто, иброз гардид, ки бо мақсади дастгирии занон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо ташаббусу ибтикорот чун соҳибмаълумоту бомаърифат кардан, густариши ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории бонувон амалӣ гаштаанд ва ин ҳамзамон, гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошад. Паёми Пешвои миллат, махсусан, барои бонувону модарони тоҷик, аҳамият ва мақоми хосса дорад, зеро дар он нақшаву нияти неку умедбахш нисбат ба занону модарон, вобаста ба ҳаёту фаъолияташон баҳодиҳӣ ва тавсифи воқеӣ ва аз ҳама муҳимтарину муҳим эътимоду боварии Пешвои миллат омадааст: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Пас, мо – бонувону модарони тоҷикро мебояд ҳамеша ва пайваста бикӯшем, ки бо одобу адаби ба зани тоҷик муносиб, дарки масъулият, бо кору пайкори содиқона, тарбияи дурусти фарзандон, омӯзишу таълими муваффақонаву самарбахши ҷавонон, дар руҳияи боиффат будан, дӯст доштану парастидани фарҳанги миллӣ ва ҳунаромӯзию ҳунармандӣ ба воя расондани духтарон, саҳми назаррас гузоштан дар сарҷамъию иттиҳоди хонавода ба ин боварию эътимод сазовор бошем.
Сарвари давлат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумат ҷо гирифтаанд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст ва ҷавонон чун неруи созандаи кишвар ҳамеша талош меварзанд, ки бо матонату далерӣ, донишу заковат  пирӯзию дастовард дар тамоми гӯшаву канори дунё парчамбардори асили Ватани хеш бошанд ва дар ҳаёти кишвари соҳибистиқлол нақши арзишманду назаррас гузоранд, чунки фахри миллатанд: «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Қабул намудани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» бори дигар собит месозад, ки сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат роҳандозӣ шуда истодааст.
Дар Паём омадааст, ки барои рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳо, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқии онҳо, ҳамеша бояд муҳайё бошад ва таъкид гардид, ки мақомоти ба ин соҳа дахлдор ҳатман фаъолияти хешро комилан бонизом гардонанд, зеро дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз усулҳои нави технологияҳои иттилоотӣ барои гаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлубу тундгаро тамоми қувваи хешро сафарбар карда истодаанд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дастур доданд, ки фаъолияти дурусту муназзам барои тарбияи дарку фаҳмиши ҷавонон ва пешгирии гаравидан ба ҳаракатҳои ифротгаро хубтару бештар ба роҳ монда шавад ва ҷавонон бояд дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба миллат ва марзу бум таълиму тарбия гирифта камол ёбанд ва мақомоту сохторҳои марбутро мебояд оид ба таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза бояд ҷавонон ҳатман аз мактаби ҷавонмардӣ гузаранд, иқтидори мудофиавии кишвар босуръат баланд бардошта шавад, Консепсияи мудофиаи миллӣ таҳия ва пешниҳод гардад.
Дар самти робитаҳои байналмилалӣ дар Паём омадааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз усули «дарҳои кушода» ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Таҷлили сисолагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо аксари кишварҳои дунё, рушди устувор ва тақвияти руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, ҳамчун узви фаъол, саҳм гузоштан дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, аз ҷумлаи сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.
Пеш аз ҳама, дар Паём мавқеи некбинонаю устувори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардид: «Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем».
Нуктаи муҳиме, ки дар тақвияти ин гуфтаҳо баён гардид, дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим аст ва дар асоси панҷумин ташаббуси Тоҷикистон қабул гардидани қатънома аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид муҳиму таърихист.
Ҳамин тариқ, баъд аз омӯзиши ҳар нукоте, ки доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар Паём оварда шудааст, мусаллам аст, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далелномаи боэътимоду мукаммалу муназзамест, ки патриотизми волои инсониро меомӯзонад ва ҳидояту ҳушдор месозад, ки «мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».
Бешак, Паёми Пешво машъали раҳнамои Пешвост, ки ҳатто ҷаҳонро фурӯзон кардааст, то ки мардуми Тоҷикистон дар дунёи имрӯз чун як узви мустақил ба василаи равшанӣ ва раҳнамоиву ҳидояти ин машъал «Ба Пеш!» ба сӯйи қуллаҳои муроди хеш раҳсипор гардад ва нуру зиё ба дилу дида роҳ ёбаду забон бигӯяд: «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!». 
 
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА, 
доктори илмҳои филология, профессор, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии 
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2023    №: 20    Мутолиа карданд: 372
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед