logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙН-КРОССВОРД
 
1. Нашрияи Тоҷикистон.  2. Фанни мактабӣ. 3. Кӯл дар Тоҷикистон.  4.  Ҷамъи афсарон. 5.Пойтахти давлат дар Аврупо.  
6. Металли гаронарзиш.  
7. Достони М. Қаноат.  8. Асбоби барқии ҳар хонадон .  9. Санги қиматнок.  10. Шоир Абдусалом …  .  11.  …у фардо. 
12. Ҳаммаънои калимаи ҳавас. 13. Асари У. Кайковус. 14. Намуди варзиш. 15. Сӯзишворӣ. 16. Як шакли имтиҳонот дар мактабҳо. 17. Истилоҳи геометрӣ. 18. Ҳайвони зебои пашмин. 19. Давлат дар Осиё. 20. Номи занона. 21. Ходими машҳури Ӯзбекистон Мухтор … . 22. Ҳаммаънои калимаи ахбор. 23. Ҳодисаи табиӣ. 24. Моҳи сол. 25. Маҳсулоти полизӣ. 26. Дарахти ҳосилдеҳ. 27. Минтақаи калони ҷангал дар Россия. 28. Давлат дар Осиё. 29. Донишҷӯ ба русӣ. 30. Давлат дар Африқо. 
31. Қисми физика. 32. Фанни мактабӣ. 33. Адад. 34. Асбоби мусиқӣ. 35. Корманди соҳаи санъати мусиқӣ. 36. Толеънома. 37. Ҳаммаънои калимаи рафиқ. 38. Либоси сар. 
39. Хона, манзил … . 
40. Ҷондори торӣ. 41. Адиб Пӯлод … . 42. Ҳаммаънои калимаи хунукӣ. 43. Уқёнус. 44. Хазандаи заҳрнок. 45. Яке аз қаҳрамони «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ. 46. Чемпиони ҷаҳони соли 2022 оид ба футбол. 47. Ҳаммаънои калимаи афзоиш.
2.Чайнворд:  Аз 1 то 16.
1.Ҷирми осмонӣ. 2. Соҳаи хизмати давлатӣ. 3. Съезд ба тоҷикӣ. 4. Сароянда … Холова. 5. Фикр, хаёл … . 6. Қарор, фармон … . 7. Асбоби хониши мактабӣ. 8. Мева. 9. Рустании хушбуйи хӯрокӣ. 10. Элементи Химиявӣ. 11. Шоир ва … .      12. Тамғаи тайёра. 13. Баду…. 14. Паранда. 15. Маҳсулот аз чигит. 16. Зан, ҳофизаи зиндаёд … Бандишоева.
          
Таҳияи Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, сокини ноҳияи Ашт
 
 
Масъули рубрика: Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
 
ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!
Продюсери тоҷикистонӣ Аслишо Акимбеков дар барномаи солинавии «Поле чудес»-и Шабакаи аввали телевизиони “Россия” ширкат карда, бо оростани дастархони идонаи тоҷикӣ ва барномаи консертӣ ровии маъруф Леонид Якубович ва тамошобинонро ба ҳайрат овард. 
Ба саволи ровӣ, ки Соли навро дар Тоҷикистон чӣ гуна ҷашн мегиранд? Аслишо дар барнома хони тоҷикӣ ороста, ба Леонид Якубович зиёфат дод. Пас аз нӯши ҷон кардани оши палов Аркадевич хост, то бо тоҷикӣ чанд сухан гӯяд ва Аслишо ба ӯ ибораи “Тоҷикистон, ба пеш!”-ро ёд дод. Ҳамин тавр, Леонид Якубович ба камера нигоҳ карда, “Тоҷикистон, ба пеш! Ба пеш!” гуфт, ки бисёр хушоянд ва ифтихорафзо буд.  
Аслишо Акимбекови 34-соларо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ноҳиди Зайналпур ва ансамбли рақсии «Санам» ҳамроҳӣ карданд, ки ҳунарнамоии волои онҳоро тамошобинон бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
 
САВОЛ БА БЕРНАРД ШОУ
Чаро шоҳзодаҳои англис метавонанд дар 14-солагӣ шоҳ (карол) шаванд, аммо то ба 25 надароянд ҳуқуқи издивоҷ кардан надоранд?
Бернард Шоу дар ҷавоб гуфт:
– Зеро идора кардани ҳукумат нисбат ба идора намудани оила сад маротиба осонтар аст.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ТӮЙИ МАҶБУРӢ
 
Пирмарде  аз дукондор хоҳиш мекунад, ки ба ӯ ду ҷома диҳад.
– Бобо, дуто харида чӣ кор мекунед, яктояш то охири умратон бас аст.
– Якбора ба мӯйсафеди падар ҳам гирам мегӯям.
– Гӯш кунед, агар шумо 80-солаед, падаратон 100-105-сола будагист…
– Бале, ба тӯйи бобом, ки даъватием, мехоҳам якхела зебо пӯшем.
– Аҷиб-ку. Агар падарат 105-сола бошад, бобоят аниқ аз 130 боло аст, боз зан гирифтан мехоҳад?!
–  Не, аслан худаш ҳам намехоҳад, бечораро волидонаш маҷбур доранд. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
КИТОБИ ПЕЛЕ   ҲАЗОРОН КӮДАКРО БОСАВОД КАРД
 
Пеле, шоҳи футболи ҷаҳон, ки чанде пеш дар 82-солагӣ аз дунё гузашт, дар зиндагӣ корҳои хайру савоби бисёреро сомон додааст. Яке аз онҳо навиштани китоби «Ман – Пеле» мебошад. Пас аз хатми Ҷоми ҷаҳон дар соли 1958 ӯ ин китобро навишт. Азбаски миллионҳо мухлиси футбол дар олам, аз ҷумла дар ватанаш Бразилия дошт, онҳо ба ҷустуҷӯ ва хондани китобҳои Пеле пардохтанд. Дар натиҷа ҳазорон кӯдакону наврасоне, ки савод надоштанд, тавассути китоби «Ман – Пеле» хонданро омӯхтанд.
Муаллифи китобро Вазорати маорифи Бразилия бо медали тилло қадр кард. 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
РЕКОРДИ МУРҒИ ЛОЙХӮРАК
Мурғи калони лойхӯрак бидуни таваққуф ва истироҳат масофаи бештар аз 13,5 ҳазор километрро аз Аляска то Австралия парвоз намуда, рекорди нави парвози тулонӣ гузошт. Бо ин парвоз он ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид шуд.
Тибқи маълумоти миночаи спутник, ки ба тахтапушти паранда насб шуда буд, парвозаш 11 рӯзу як соат идома ёфт. Тайи ин муддат он ба ягон ҷо нанишаст.
Рекорди қаблӣ низ ба хонаводаи мурғҳои лойхӯрак мансуб аст ва он 350 километр камтар аз рекорди нав мебошад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
МАНДАРИН  ҲАДИЯИ СОЛИНАВӢ
Миёни мардуми Чин дар арафаи шаби Соли нав ба хешовандон ва дӯстон ҳадия намудани ду дона мандарин ба одат табдил ёфтааст. Инро ба фаровонӣ ва муваффақият рабт медиҳанд. 
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
 
 
НИМКАР
 
Беморе ба дармонгоҳ омада, ба духтури гӯш муроҷиат менамояд:
– Духтурҷон, ёрӣ диҳед, гӯшам нимкар шудааст.
– Укоҷон, одам нимкар намешавад: ё тамоман кар мешавад, ё умуман кар намешавад.
– Бовар накунед, санҷида бинед, – илтимос кард бемор.
Духтур ба гӯшаи кабинет рафта, бо овози паст гуфт:
– Ҳаққи хизмат 100 сомонӣ…
Бемор:
– Дидед, ман ҳамагӣ 50 сомонӣ шунидам.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
СОЗИШНОМАИ БУЗУРГИ СОЛ
 Соли 2022 дар ҷаҳони технология рӯйдодҳои ҷолибтарин ба вуқуъ пайвастанд, ки хотирмонанд. Аз ҷумла, ба имзо расидани бузургтарин созишнома дар ҷаҳон аз ҷониби ширкати «Microsoft» буда, дар асоси он, «Microsoft» ширкати «Activision Blizzard»-ро ба маблағи 68,7 миллиард доллар харид. Бо ин амалаш «Microsoft» пас аз Sony ва Tencent сеюмин бузургтарин ширкати бозӣ дар ҷаҳон хоҳад шуд. Харид он чунон бузург ҳисобида мешавад, ки ҳатто Crash Bandicoot, ки муддати тулонӣ яке аз бозиҳои маъруфи Sony буд, ба моликияти Microsoft Xbox табдил меёбад.                                         
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
АГАР МАРДЕ...
Агар марде хиёнат кунад, мегӯянд занаш кӯтоҳӣ кардааст.
Агар марде дар ҳаққи падару модараш кӯтоҳӣ кунад, мегӯянд ҳатман занаш ӯро шӯрондааст.
Агар бачаҳо саркашу бероҳа бошанд, мегӯянд модарашон онҳоро хуб тарбият накардааст.
Агар авзои молии марде хуб набошад, мегӯянд занаш сариштаи кор набудааст.
Лутфан, даст бардоред аз нигоҳи ҷинсиятӣ...
Мардҳову занҳо – ҳар ду дар чунин мавридҳо гунаҳкор ҳастанд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
АЗ ИХТИРОИ ПАРАШЮТ ТО ТЕЗСУРЪАТТАРИН СИСТЕМАИ ОФТОБӢ
1. Сокини иёлати Калифорнияи ИМА Ҷордан Рамеро кӯҳи баландтарини олам – Эверестро (8848 метр) дар 13-солагияш фатҳ кардааст. 
2. Парашютро соли 1515 Леонардо да Винчи ихтироъ кардааст. 
3. Алберт Энштейн – нобиғае, ки тамоми ҷаҳон ӯро мешиносад, то 9-солагӣ дуруст ҳарф гуфта наметавонист. Волидонаш фикр мекарданд, ки кӯдак камақл калон мешавад.  Ҳангоме ки ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи техникӣ месупорад, бори аввал аз имтиҳон намегузарад ва танҳо соли дуюм  дохил мешавад.
4. Аз 1 грамм тилло метавон 3,5 километр тор кашид. 
5. Сайёраи Муштарӣ тезсуръаттарин Системаи офтобӣ мебошад. Ҳамин аст, ки як шабонарӯзи он 10 соат тул мекашад.
 
Таҳияи К. РАҲМАТОВ
 
 
 
 
АСП ДАР АВВАЛИ ПАЙДОИШ 
МИСЛИ РӮБОҲ БУД 
 
Барои одамони замони муосир тасаввурнокарданист, ки асп дар даврони аввали пайдоиш ба мисли рӯбоҳ ноҷинсак буд. Аммо раванди ҳаёти дурудароз, ки марҳилаҳои гуногуни иқлимию биомассаро паси сар намудааст, он ҳоло аз шакли аввалиаш  хеле фарқ мекунад. Чунончи, дар Энсклопедияи миллии тоҷик дар ин бора маълумоте аст, ки таърихи пайдоиши аспро олимони риштаи ҳайвоншиносӣ ба 70 миллион сол пеш рабт медиҳанд. Дар ин муддат зотҳои гуногуни асп пайдо шуда, ба таъсири омилҳои табиию дурагашавӣ он аз ҳаҷму шакли рӯбоҳ ба гунаи имрӯзааш чун як ҳайвони зебои бузургҳаҷм шакл гирифтааст. Аспҳоро аз давраи аввалини пайдоиш то кунун ба чанд шакл ном гирифтаанд: Эогиппус, Олигогиппус, Меругиппус, Плиогиппус ва аспи муосир.  
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
 
 
 
ДУ ПАНД
 
Ба қавме мубтало шудаем, ки фикр мекунанд Худо ҷуз онҳо каси дигареро ҳидоят накардааст.
* * * 
Чизе, ки дониш меорояд, ростист.
Таҳияи А. РАҲИМ
 
 
 
ИНТИХОБИ АНОРИ  СОЛИМ ВА ПУХТА
Анори пухта кулӯла ва монанди тӯб нест, каҷ ва хеле ҳамвор набудаашро ҷӯед. Анор гуногунранг, аз сурхи баланд то сиёҳранг мешавад.
Барои пухта буданаш рангаш чандон муҳим нест, зеро нармии пӯсташ далели пухтанаш мебошад.
Анорро дар дастатон дошта истед, агар он аз ҳаҷмаш вазнинтар тобад, донаҳояш пуроб ва пурра пухтагианд.
 
Аз русӣ тарҷимаи  Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДАР КОМИССАРИЯТИ ҲАРБӢ:
– Бачаҳо, мо шуморо ихтиёран ба ду гурӯҳ тақсим менамоем. Гурӯҳи аввал онҳое, ки қарзашонро дар назди Ватан адо кардан мехоҳанд, гурӯҳи дуюм онҳое, ки ба таври нақдӣ дар назди комиссари ҳарбӣ.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
25 ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
12. МАУНТ УЭТЕР, ВИРҶИНИЯ, ИМА
 
Ҳамагӣ 74 километр дуртар аз Вашингтон дар умқи замин пойгоҳи махфии ҳарбии ИМА Маунт Уэтер воқеъ аст. Ситод ба сифати маркази идораи амалҳо дар ҳолатҳои фав-қулода, ҳамчунин паноҳгоҳ барои ҳарбиёни воломақом ва шаҳрвандони зиёӣ,  таъсис ёфтааст. Пойгоҳ  бо тамоми таҷҳизот барои зисту зиндагонии худмухтор  шуруъ аз ошхона, беморхона ва  минтақаҳои солимгардонӣ то истгоҳҳои барқӣ, крематория ва системаҳои транзити оммавӣ таъмин мебошад. Гурезгоҳи Маунт Уэтер аз ҷониби сарбозони мусаллаҳ, сипардеворҳои барқӣ, симхор ҳифз мешавад ва дар даромадгоҳҳои он аломатҳои огоҳикунанда насб шудаанд.  
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
 
 
 
6 ШАҲР ДАР 1 ШАҲР
Ё ТАЪРИХИ 192 – СОЛАИ ОСТОНА
Аз аввал шаҳре, ки соли 1830 ҳамчун сукунатгоҳи қазоқӣ ташкил ёфта буд, Акмолинск ном дошт. Соли 1961 ба Селиноград табдил дода шуд. Солҳои 1992-1998 Акмола унвон гирифт.
Моҳи декабри соли 1997 бо ташаббуси Нурсултон Назарбоев пойтахти Қазоқистон аз Алма-Ато ба Акмола кӯчонда шуд ва он моҳи майи соли 1998 ба Остона (тарҷума аз забони қазоқӣ – пойтахт) табдил ёфт.
Моҳи марти соли 2019 бо ташаббуси Президенти имрӯза Қосим-Жомарт Токаев ба шарафи Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пойтахт Нур-Султон номгузорӣ шуд.
Моҳи сентябри соли 2022 гурӯҳи вакилони парлумони «Жана Қазоқистон» (Қазоқистони нав) бо ташаббуси баргардондани номи пешини Остона ба пойтахти ҷумҳурӣ баромад карданд. Президенти Қазоқистон Токаев ислоҳот ба Конститутсияро имзо кард, ки бар асоси он номи пешини Остона ба пойтахти ҷумҳурӣ баргардонда шуд.
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2023    №: 20    Мутолиа карданд: 657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед