logo

сиёсат

РУҲИЯИ СОЗАНДАГИИ ПАЁМ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23 декабри соли 2022) бо вуҷуди умумияти мантиқӣ доштан бо паёмҳои солҳои пешин, чанд вижагии хос дорад. Қабл аз ҳама, Президенти кишвар соли 2022-ро барои Тоҷикистон соли бобарор ҳисобида, бо қаноатмандии том аз раванди созандагиҳо суханро оғоз намуданд: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд». 
Баъдан дар Паём  самтҳои асосии сиёсати кишвар дар муқоиса бо вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ва таъсири мусбату манфии он ба ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар сурат гирифт. 
Ҳарчанд дар тули 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо дигаргуниҳои куллие рух дода, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои муосид фароҳам оварда шуданд, вазъи ҷаҳони муосир, бахусус маҳдудиятсозиҳо дар ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳои гуногун моро бори дигар ҳушдор месозад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти худӣ зиёдтар таваҷҷуҳ намуда, бозорҳои кишварро бештар ба молҳои ватании талаботи рӯзғор таъмин намоем. Сарвари давлат дар Паём ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ намуда, зимни таҳлилу баррасиҳои бунёдкориҳо ва дастовардҳои панҷ соли ахир бо неруи яқин таъкид намуданд: «Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ  дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд. Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мешавад». 
Вазъи ҷаҳони муосир бори дигар нишон дод, ки барои ҳар як кишвар мустақилияти иқтисодиёти миллӣ ва рушди босуботи он муҳим ва зарур аст. Мустақилияти иқтисоди миллиро дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, рушди саноат, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, инкишофи неруи инсонӣ, омодасозии мутахассисони кордон, ба вуҷуд овардани бозори рақобат барои маҳсулоти ватанӣ ва амсоли ин таъмин мекунад. Таъмини босифати ин раванд аз ҳар ҷиҳат ба қобилияту маҳорати мутахассисон вобаста аст. Тарбияи чунин мутахассис, пеш аз ҳама, ба мактабу маориф иртибот мегирад. Ба ин мазмун, дар Паём такроран таъкид гардид: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон  ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».
Воқеан, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои боз ҳам сифатнок гардондани фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумӣ, макотиби олӣ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, умуман рушди илму маориф имконият ва шароити созгорро фароҳам меорад. Мувофиқи маълумоти дар Паём зикршуда, маблағи дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф ҷудошуда, нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд аст, ки далели кофӣ аз дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф мебошад. 
Ба хонандаи огоҳ маълум аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Хукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина корҳои азимеро ба сомон расонд, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамто надоранд. Аз ҷумла, бо бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард, сохтани иншооти азим ва неругоҳҳои пурқудрати барқи обӣ Тоҷикистон аз бандубасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, барои рушди иқтисоди миллӣ заминаҳо фароҳам оварда шуд. Дар ин самт дар кишвар силсилаи сохтмонҳои азим идома дорад. Ба кор даровардани нақбҳои “Истиқлол”-у “Шаҳристон”,  “Озодӣ”-ву  “Хатлон”,  роҳи  оҳани    Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, Душанбе – Ваҳдат – Ёвон,  хати интиқоли барқи 500- киловатаи Ҷануб – Шимол, таъмири шоҳроҳи Душанбе –Чанак, Душанбе – Кӯлоб – Қалъаи Хумб аз ҷумлаи чунин корҳои бузурге маҳсуб меёбанд, ки воқеан дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар таъсиргузоранд.
Шуруъ гардидани татбиқи лоиҳаҳо доир ба таҷдиду навсозии  роҳҳо  дар  солҳои  2022 ва 2023 – таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар, Душанбе – Қулма, Ванҷ – сарҳади Рӯшон, Роғун – Обигарм – Нуробод, Хуҷанд – Конибодом,  Рӯшон – Хоруғ – деҳаи  Варшез, Гулистон – Кӯлоб, Данғара – Гулистон, Гулистон – Фархор, Бохтар – Леваканд – Данғара, аз як тараф, ба беҳтар шудани вазъи роҳҳо ва омадурафти мардум мусоидат мекунад, аз ҷониби дигар, имкониятҳои транзитии кишварро вусъат мебахшад. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат ва иқдомҳои созандагиашон бориз аст. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат корҳои созандагӣ дар кишвар ҷараён мегиранд, ба вуқуъ мепайванданд ва самара медиҳанд.
Умуман, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо баёнгари самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дастовардҳои он дар панҷ соли охир, балки дастури мукаммалест, ҷиҳати боз ҳам инкишоф додани ҳаёти хоҷагии халқи кишвар, ки дар руҳияи баланди бунёдкориву созандагӣ таҳия гардидааст. Ин руҳия ба кас неруи эҷодӣ мебахшад, муҳаббату садоқатмандиашро ба Ватан меафзояд, ҳисси масъулиятшиносиашро дучанд мекунад, ҳувияти миллиашро боло мебардорад, умеду ормонашро ба фардои нек меафзояд. Ин руҳия неруи қавии созандагӣ дорад, ки мо – тоҷикону тоҷикистониёнро ба кору амали судманд ва пиндору рафтори нек ҳидоят мекунад.   
 
Мурод МУРОДӢ, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 429
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед