logo

иҷтимоиёт

БЕРУНӢ ВА ЁДКАРДИ ҶАШНИ САДА

Устодурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048), ки имсол ба таваллудаш 1050 сол пур мешавад ва аз ҷониби ЮНЕСКО ин солҷашн ба Феҳристи ҷашнвораҳои сол ворид шуда, дар саросари олами мутамаддин бошукӯҳ таҷлил мегардад, аз бузургтарин донишмандони миллии мо барои ҳамаи давру замонҳост. Бо камоли итминону ифтихор метавон гуфт, ки дар таърихи илму фарҳанги мо тарҳи масъалаи ҳувияти миллӣ ва  худшиносию худогоҳии ориёӣ ба номи ӯ бастагӣ дорад. 
 
Аз осори гаронмояи Берунӣ, аз ҷумла “Китоб-ут-тафҳим”, ки ба забони модарии мо таълиф кардааст, ҳисси ифтихори фаровонаш аз асолати эронию ориёӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳамин аст, ки донишманд ва арабшиноси маъруфи рус, академик И. Ю. Крачковский (1883-1951) бо таваҷҷуҳ ба матолиби китоби “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор”-и Берунӣ андешаи айни савобе пеш ронда буд, ки ҳанӯз аз ҳамин асар, ба сифати яке аз аввалин асарҳои Берунӣ ва пас аз он дар дигар осори баъдии ӯ, як ҷанбаи барои Берунӣ хос – эҳсоси амиқи “худшиносии эронӣ” ба дид меояд. 
Абурайҳони Берунӣ дар осори мондагораш, бахусус дар робита ба одобу русум ва ҷашну рӯзҳои маъруфи гузаштагони мо: ҷашнҳои Наврӯз, Наврӯзи нахустин, Наврӯзи бузург, Тиргон, Тиргони хурд, Тиргони бузург, Меҳргон, Меҳргони бузург, Парвардагон, Баҳмангон, Мардгирон, Гаҳанбор, Хуррамрӯз ё Навадрӯз, Озарҷашн, Ҷашни Нилуфар ва ғайраҳо, аз ҷумла дар бораи Ҷашни Сада ва таърихи пайдоиши он тавзеҳи ҷолиб ва қобили мулоҳиза манзур кардааст.
Аслан Сада аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мост, ки ҳамрадифи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Тиргон қарор дорад ва дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пешиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи куҳани мардуми мо, панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд. Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармост, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз Ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид. Сада дар фарҳангномаҳо, аз ҷумла “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Луғатнома”-и Алиакбари Деҳхудо ва “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммади Муин ғолибан ба маънии ҷашн аст, ки дар даҳи моҳи баҳман, яъне сад рӯз пас  аз  оғози зимистони панҷмоҳаи Эрони бостон баргузор мешуд… ва дар ин ҷашн мардум оташафрӯзӣ мекарданд.
Дар «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад. 
Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани Ҷашни Садаро ба Ҳушанги Пешдодӣ марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар «Шоҳнома» тасвир кардааст. Фишурдаи тасвири ӯ ин аст, ки Ҳушанг бо гурӯҳе сӯйи кӯҳ рафт ва мори сиёҳи бузург дид. Санге ҷониби мор андохт. Санг ба мор нарасид, вале ба санги дигар бархӯрд ва аз бархӯрди ду санг оташ берун ҷаст. Ҳарчанд мор кушта нашуд, вале рози пайдо кардани оташ ошкор шуд. Ҳушанг шукри Яздон ба ҷой овард ва оташро ба сифати “фурӯғи эзадӣ” қиблаву маҳали парастиш қарор дод. Чун шаб фаро расид, оташе чун кӯҳ барафрӯхт ва бо ёрон гирди он оташ бода хӯрду шодмонӣ кард ва ба ин тариқ Ҷашни фархундаи Садаро бунёд ниҳод:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Унсурии Ғазнавӣ, ки аз шоирони ҳамасри Фирдавсист, бунёди Ҷашни Садаро марбут ба Фаридуну Ҷамшед медонад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст.
Ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргон дар давраҳои аввали исломӣ низ шукӯҳу эътибори худро то ҷое нигоҳ дошта, аз тарафи амирону сарварони давр бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мешуд. Гуфтаанд, ки Маликшоҳи Салҷуқӣ як сол пеш аз вафоташ дар шаби 18 зилҳиҷҷаи соли 484 ҳиҷрӣ (30 январи соли 1091) дар Бағдод ин ҷашнро пуршукӯҳ таҷлил кард ва Абулқосими Мубаррадӣ ба муносибати баргузории Ҷашни Сада ва оташи дар он афрӯхта шеъри зеринро суруд:
Ва куллу норин ъала-л-ъушшоқи 
музриматун
Мин нори қалбӣ ав мин 
лайлати-с-Садақ.
(Ва ҳар оташ барои ошиқон 
афрӯзандааст,
Аз оташи дили ман ё аз 
оташи ҷашни Сада).
Ба назар чунин мерасад, ки аксари матлаби фарҳангномаҳо ва асарҳои назму наср дар робита ба Ҷашни Сада ба он матолибе, ки дар осори боқимондаи Берунӣ нисбат ба ин ҷашни аҷдодӣ омадааст, беиртибот нест ва шояд аз ҳамон осори Берунӣ ибтидо гирифтааст.
Абурайҳони Берунӣ дар ду асараш, “Китоб-ут-тафҳим” ва, ҳамчунин “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор”, ки ба арабӣ тасниф намудааст, роҷеъ ба Ҷашни Сада ва таърихи он тавзеҳи кофӣ додааст. Тавзеҳи Ҷашни Сада дар “Китоб-ут-тафҳим” ба ваҷҳи мухтасар ва дар “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор” ба таври нисбатан муфассал аст. Гузашта аз ин, дар ин ду асар Берунӣ, ҳамчунин аз мавҷуд будани ҷашни дигаре бо номи Навсада ё Барсада, ки панҷ рӯз пеш аз таҷлили Ҷашни Сада баргузор мешудааст, иттилоъ додааст.
Тавзеҳан, Берунӣ дар “Ёдгори мондагор” ёдовар мешавад, ки рӯзи панҷуми баҳманмоҳ рӯзи исфандормуз аст, ки Навсада, яъне Садаи нав ё Барсада, яъне фавқи Сада гуфта мешавад, зеро панҷ рӯз пеш аз Ҷашни Сада аст. Аз ин матлаб ин воқеият ба назар мерасад, ки панҷ рӯз пештар аз баргузории Ҷашни Сада пешиниёни мо ҷашни дигаре доштаанд, ки онро Навсада ё Барсада мегуфтаанд.
Дар робита ба худи Ҷашни Сада Берунӣ дар “Китоб-ут-тафҳим” изҳори назар карда, бунёди онро ба Фаридун нисбат додааст. Берунӣ дар ин китоб мегӯяд, ки Сада: “обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум pӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву шодӣ кунанд... Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб. Ва низ гуфтанд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад тани тамом шуданд. Ва, аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар pӯзe, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯpo вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афридун ӯpo бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонидаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳaнд. Пас бо вай устуворон (саворон) фиристод, то ба даъвии ӯ нигаранд. Ӯ касеро пеш фиристод ва бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ aфpӯxтaнд. Зеро-к шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд, пас он наздики Афридун ба мавқеъ афтод ва ӯpo озод кард ва бар тахти заррин нишонд ва Мисмуғон ном кард, ай Меҳи муғон”.
Зимнан, дар асрҳои баъдӣ ҳамин матлаби дар обонрӯз ё “даҳуми баҳманмоҳ” баргузор кардани Ҷашни Сада ва “аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб” мавҷуд будани фосиларо Фаррухии Сиистонӣ чунин ба назм овардааст:
Аз пайи таҳнияти рӯзи нав 
омад бар шоҳ,
Садаи фаррух рӯзи даҳуми баҳманмоҳ...
Чӣ хабар дод? Хабар дод, ки то 
панҷоҳ рӯз
Рӯй бинмояд Наврӯзу кунад арз сипоҳ. 
Чунонки ба мушоҳида мерасад, ин сурудаи Фаррухӣ бо суханони Берунӣ дар “Китоб-ут-тафҳим” иртиботи қавӣ дорад.
Андешаи Берунӣ дар хусуси ба Фаридун бастагӣ доштани оғози Ҷашни Сада дар “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ҳам такрор омадааст, ки “Офаридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, Ҷашни Сада барниҳод”. 
Дар “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор” ҳам матлаби дар “Китоб-ут-тафҳим” ёдшудаи бунёди Ҷашни Сада бо баёни дигар омадааст, вале дар зимн, Берунӣ боз чанд ривояту устураи зерини таърихи Ҷашни Садаро ёд кардааст:
Нахуст, “Сада, яъне сад”, ин ба он маънист, ки номи сада аз шумораи сад ба миён омадааст. 
Дувум, Ҷашни Сада ёдгори Ардашер писари Бобакон аст. Ба андешаи мо, назари Берунӣ дар ин маврид ҳамин аст, ки Ҷашни қадими Сада дар рӯзгори бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон расмияти бештар пайдо кардааст.
Севум, ҳар гоҳ рӯзҳову шабҳоро ҷудогона баршумуранд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд, аз ин рӯ, ин рӯзро Сада гуфтанд.
Чорум, дар ин рӯз буд, ки фарзандони Каюмарс ба сад расиданд. Ин матлаб чунонки дар боло ёд шуд, дар “Китоб-ут-тафҳим” ҳам, омадааст: “андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад тани тамом шуданд”, ки мурод аз падари нахустин – Каюмарс, яъне падари башар дар устураи пешиниёни мост.
Панҷум, дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машёна, яъне нахустин зану шавҳар мутобиқи ривоятҳои асотирии гузаштагони мо ба сад расиданд.
Шашум, миқдори фарзандони Одам дар ин рӯз ба сад расид.
Ҳафтум, ин рӯз иди Ҳушанги Пешдодист, ки тоҷи олам ба даст овард. Дар боло, аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба номи Ҳушанг бастагӣ доштани ин ҷашн ёд шуд.
Ҳаштум, дар ин рӯз гӯё ҷаҳаннам аз зимистон ба дунё берун меояд, аз ин рӯ, оташ меафрӯзанд, то шарри он бартараф гардад ва дуд меандозанд, то зиёни онро бартараф кунанд.
Нуҳум, дар ин шаб расм шудааст, ки оташ афрӯзанд ва чун шуълавар гардад, ҳайвоноти ваҳширо ба оташ андозанд ва мурғҳоро дар шуълаи он пазанд ва дар канори оташ нишаста шодмонӣ кунанд. Берунӣ зимни ёдкарди ин матлаб ин расмро нописанд медонад ва дар оташ афкандани ҳайвоноти безиён ва парандагонро сахт накуҳиш кардааст.
Даҳум, аҳли Караҷ ин шабро “шаби газана” мегӯянд, яъне шабе, ки дар он газидан зиёд аст ва мақсадашон ин аст, ки сармо аз шиддати худ шахсро дар ин шаб мегазад, яъне шаби Ҷашни Сада сардтарин шаби фасли сармост.
Дар идомаи баёни ин матолиб Берунӣ дар ҳамин китоб ҳам сабаби дар ин шаб оташ равшан карданро ба ҳамон устураи марбут ба Заҳҳоки Морон ва иқдоми Армоил ё Азмоил, ки аз ду нафари маҳкум барои хӯрди морон якеро раҳо мекард ва дар боло аз “Китоб-ут-тафҳим” ёд кардем, марбут медонад.
Нуктаи ҷолиб ин аст, ки Берунӣ бо ифтихор аз асолати эронии худ Заҳҳокро аз ҳамаслу ҳамнажодони худ намедонад ва бо таваҷҷуҳ ба асли арабии ӯ сареҳан таъкид дорад, ки “пас аз омадани Заҳҳок ба Эрон” ҷабру бедод дар Эронзамин қиёмат кард ва Заҳҳок барои хӯрди моронаш ҳар рӯз ду нафарро қурбон мекард. Ин ба он маънист, ки Берунӣ фоҷиаи Эронзамини таърихиро дар он рӯзгор баста ба бегонагон медонад ва гӯё аз он ҳушдор медиҳад, ки барои пешрафти кишвар такя ҳамеша бояд бар худии худ кард. 
Ҳамчунин, дар робита ба ду мори Заҳҳок Берунӣ таъкид бар он дорад, ки мавҷуд будани ду мор бар ду китфи Заҳҳок аз ҳақиқат дур менамояд, вале имкон дорад, чунонки дар “Китоб-ут-тафҳим” омадааст, дар ду китфи Заҳҳок ду ҷароҳати ҷонкоҳ бошад, ки дарди онҳоро молидани  мағзи сари инсон таскин бахшад.  
Зимнан, дар идомаи ин матлаб Берунӣ бори нахуст дар таърихи илм аз пайдоиши баъзе ҳайвонот, аз ҷумла дар хусуси мавҷудияти ҳайвоноти ба истилоҳ “халтадор”, изҳори назар кардааст. Берунӣ ёдовар мешавад, ки дар сарзамини Ҳинд ҳайвонест, ки аз шиками модараш сари худро берун карда, ба чаридани алаф машғул мешавад ва боз ба шиками модари худ фурӯ меравад, то он ҳангом ки неруманд нашавад.
Ин матлаб далели он аст, ки дар рӯзгори Берунӣ дар сарзамини Ҳинд ҳайвоноти ширхӯру гиёҳхӯри халтадор ба мисли кенгуру, ки дар айни замон дар қитъаи Австралия сукунат дорад, мавҷуд будаанд, ки мутаассифона, аз шарри зиёни инсонҳо ба табиат нобуд шудаанд.
Ҳосили сухан, ҷавҳари андешаи Берунӣ аз ёдкарди Сада ва таърихи асотирии он ин аст, ки Ҷашни Сада ҷашни қадими миллии эронию ориёист. Берунӣ чунонки аз матолиби боло ҳам ба мушоҳида мерасад, ба сифати донишманди бузурги риёзидон ва дорои тафаккури риёзӣ дар таълифоташ бо ишора ба чанд ривоят ба робитаи байни Ҷашни Сада бо адади сад ба таври возеҳу равшан ишора кардааст.
Ин матлаб, ҳамчунин гувоҳи он аст, ки забони модарии мо забони қадиму асил аст ва номи ҳамаи ҷашнҳои қадими миллии ҳувиятофари мо реша дар ҳамин забон дорад ва калимаи сада вожаи нобу сара буда, аз шумораи сад бо афзудани пасванди -а сохта шудааст.  
 
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 383
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед