logo

иҷтимоиёт

ХОРУҒ. ИҚДОМЕ, КИ ИБРАТОМӮЗ АСТ

Бо мақсади танзими нарху навои бозор дар асоси фаъолияти гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва сохторҳои дахлдор нархи 1 кг гӯшт дар шаҳри Хоруғ аз 60 сомонӣ ба 55 сомонӣ фароварда шуда, 5 сомонӣ арзон гардид. Ин тадбир бо мақсади беҳтар намудани сифати зиндагии сокинон ва дастрасӣ доштан ба маҳсулоти ниёзи мардум роҳандозӣ гардид.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, дар баробари ин, бинобар паст рафтани нархи сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии хатсайрҳои ҳудуди шаҳри Хоруғ аз 2 сомону 50 дирам ба 2 сомонӣ фароварда шуд. Дар сурати саркашӣ намудани ронандагони нақлиёти мусофиркашонӣ аз талаботи болозикр, сокинон метавонанд ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ муроҷиат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тайи чанд рӯзи охир арзиши нархи гази моеъ, ки яке аз навъҳои асосии сӯзишворӣ маҳсуб мешавад, дар ҳудуди ҷумҳурӣ бо нархи 3,8 сомонӣ барои як литр фурӯхта мешавад. Дар ҳамин ҳол, як сол пеш як литри ин сӯзишворӣ 7-8 сомонӣ арзиш дошт.
Ин ду иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ намунаи ибрат ва пайравӣ буда, дар байни тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат собиқа надорад. Вале, суоле ба миён меояд, ки чаро калонтарин шаҳру ноҳияҳои чорвопарвари мамлакат аз ин иқдом – арзон кардани нархи гӯшт пайравӣ намекунанд ё дар маҷмуъ,  пайи  арзон  кардани  арзиши  ин  маҳсулот дар бозор нестанд? Ин дар ҳолест, ки Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохторҳо ҳамасола аз зиёд шудани саршумори чорво дар мамлакат ҳисобот медиҳанд.
Панҷ сомонӣ арзон намудани арзиши гӯшт дар шаҳри Хоруғ дар ҳолест, ки ин маҳсулот аз ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ворид мешавад.
Маводи сӯзишворӣ низ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ба ВМКБ ворид мегардад. Бо вуҷуди нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қимат будани арзиши сӯзишворӣ дар ВМКБ, чунин иқдом, ки ба поён бурдани арзиши роҳкиро равона шудааст, танҳо дар шаҳри Хоруғ рӯи даст гирифта шуд. Дар ҳоле ки ба ҳолати 16 январ, агар арзиши як литр гази моеъ дар шаҳри Душанбе 3,80 – 4 сомонӣ бошад, дар шаҳри Хоруғ 6,80 сомониро ташкил медиҳад. 
Хулоса, ин ду иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти шаҳри Хоруғ барои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла поён бурдани нархи гӯшт, барои роҳбарони калонтарин ноҳияи чорвопарвари кишвар бояд ҷойи андеша ва ибратомӯзӣ бошад.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед