logo

иқтисод

ВАНҶ. БУНЁДИ ПУЛИ ҶОВИДОН – ПОТОВ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди роҳҳо ва пулҳо дар кӯҳистони кишвар пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳар сол дар ин самт миллионҳо сомонӣ масраф менамояд. Чанде пеш тариқи техникаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷовид» ва Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ пули мошингузар  ба деҳаи Скади Ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев сохта шуд. Роҳи деҳа низ валангор буд, аз ин рӯ, ба ин ҷо техникаҳои махсус оварда, садҳо тонна сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро кашонданд, дар натиҷа сатҳи роҳ ба меъёр мувофиқ гардид. 
 
Ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳияи Ванҷ Исмоил Аҳмадов, дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ҷониби деҳаи Скад тариқи техникаи тавонои ҳозиразамони идораи роҳдорӣ 5 метр паст карда шуд. Акнун ҳамаи намуди нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои гаронвазн, аз ин роҳ ба осонӣ ҳаракат мекунанд. Сокинони деҳаҳои Скад ва Даштои Роғ навсозии роҳро ба макони зисташон ҳамчун туҳфаи гаронбаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамоянд ва ба коргарону мутахассисони идораи роҳдории ноҳия миннатдорӣ ва сипосмандӣ иброз медоранд. 
Ёдовар мешавем, ки дар яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Ванҷ сокинони деҳаи Потови деҳоти Ҷовидон аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда буданд, ки мушкилоти рафтуомади онҳоро ба маркази ноҳия ва пойтахти кишвар осон намоянд. Мувофиқи шароит ва имконият аз болои дарёи Ванҷоб пули пиёдагузар сохта шавад. Роҳбари давлат дар ҷавоби хоҳиши деҳнишинон иброз доштанд, ки пули пиёдагузар не, балки пули мошингузар хоҳанд сохт. Ҳамон вақт зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва сокинони ноҳия Пешвои миллат ба масъулони Ҳукумати кишвар ва роҳбарони Вазорати нақлиёт супориш доданд, ки бунёди ин иншооти роҳдориро оғоз ва зиёда аз як километр роҳи мавзеи Ҷовидон – деҳаи баландкӯҳи Потовро то наздикии деҳаи Арнавад навсозӣ намоянд.
Имрӯзҳо орзу ва ормони сокинони деҳаи Потов аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар ба ҷо оварда шуд. Пули нақлиётгузари дарозиаш бештар 120 метр ва тавоноии борбардориаш қариб 20 тонна бунёд ёфт. Ҳамчунин, аз мавзеи Сурога то деҳаи Потови Тор ва наздикии деҳаи Арнавад роҳи тахту ҳамвор сохта, гардишҳои нақлиётӣ низ васеъ карда шуданд. Аҳолии деҳаҳои  Потов ва Арнавад аз ин иқдоми роҳбарияти Вазорати нақлиёт ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба  ҷо оварда, мушкилоти деринашонро осон намуданд, хушҳоланд. 
Зикр кардан бамаврид аст, ки чунин пулу роҳҳо дар саросари шаҳр ва навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар хеле зиёд сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Чунин ободкориҳо ҷиҳати навсозии роҳу пулҳо дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият», 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 565
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед