logo

иқтисод

ГУЛИСТОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АЗ 4 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ГУЗАШТ

Шаҳри Гулистон ҷиҳати татбиқи барномаи Солҳои рушди саноат (2022-2026) қадами ҷиддӣ гузошт. Соли сипаришуда бо мавриди истифода қарор гирифтани 8 корхонаи нави замонавии тавлидотӣ миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Гулистон  наздик ба 40 адад расида, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 4 миллиарду 396,2  миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин баландтарин нишондод дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.
Омӯзиши амиқи бозор, дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ширкатҳои пешрафта ва вориди хатҳои нави технологӣ шароит фароҳам оварданд, ки 27 корхонаи саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар қиёс ба соли 2021 то 2,5 маротиба афзоиш диҳад.
 – Гулистон дар баробари шаҳри энергетикҳову қолинбофону сайёҳӣ машҳур буданаш, бо мақоми саноатиаш низ, дар ҷумҳурӣ эътироф шудааст, – мегӯяд Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон, – аз 39 корхонаи саноатии шаҳр 27-тоаш афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 дарсад то ба 2,4 маротиба зиёд намуда, иҷрои онро барзиёд таъмин карданд. Ин ҷо бо назардошти омӯзиши бозори ҷаҳонӣ, истеҳсоли   маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 88 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, аксари онҳо содиротианду вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят имрӯз 18,2 дарсадро ташкил медиҳад. 
Шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, дар ин давра 5 270 нафарро ташкил  дод. Музди меҳнати миёнаи онҳо ба 2 663 сомонӣ баробар шуд, ки баландтарин дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. 
Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) соли гузашта 7 корхонаи нави саноатӣ, аз қабили ҶДММ “Лаззати Хуҷанд”, ҶДММ “Шириниҳои Гулистон”,  ҶДММ “Тиглат”, ҶДММ “Мурғи бебаҳо”, ҶДММ “Маҳина” таъсис дода шуда, дар ин раванд соли 2023 боз 5 корхонаи дигари истеҳсолӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои то 200 нафар бунёд хоҳад шуд.
Ба хотири амалисозии дастури Сарвари давлат оид ба афзудани содироти маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Гулистон  аз тарафи мутахассисон тадбирҳои мувофиқ ба талаботи рӯз роҳандозӣ мешаванд ва Гулистон бо 16 давлати хурду бузурги хориҷии наздику дур ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Ҳамин аст, ки соли гузашта ҳаҷми содироти маҳсулоти корхонаҳои шаҳр ба хориҷи кишвар аз 161 миллион доллари амрикоӣ гузашт, ки ин рақам нисбат ба соли 2021-ум 30,4 миллион доллар зиёд аст.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 289
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед