logo

Хабарҳо

«САЪБА»

 
Маҷид Салим, барандаи ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ, бо ин ном китоби хурдеро таълиф карда, ба нашр расондааст. Албатта, ин бесабаб нест. Саъба парандаи соли 2023 эълон гардидааст. Он парандаи беозор, зебо ва бас хурд мебошад. Кишвари моро бо рангҳо ва хонишаш ҳусни дигар мебахшад.
 
Парандаи нодир ҳам, маҳсуб мешавад. Мутаассифона, ҳам хонишу зебоияш сабаб гардида, ки онҳоро дар дом нигоҳ бидоранд. Ба яқин, дар ин ҳол намеадешанд, ки саъба низ, мехоҳад бо ҳамҷинсони худ, дар табиат озод бошад.
Нависанда аз омадани барфи зиёд, ранҷҳои саъба ва тарсаш аз шикорчиён дар азоб аст. Ҳамроҳи ӯ хонанда низ аз сарнавишти ин ҷонвараки беозор меандешад: «Як ҳафта боз беист барф меборид. Сардӣ хаёле атрофу акнофро ба коми худ кашидан мехост. Дар Ромит касе ин барфрезиро ёд надошт. Ба олами ваҳшу тайр ҳам осон набуд. Ҷонварони калонтар як илоҷ карда маҳали сукунати худро якбора иваз карданд ё ба таҳдашт кӯч бастанд.» Аммо ҷонваракони хурд, аз қабили саъба, ба ҷое нарафтанд. Дар натиҷа як селаи онҳоро шикор карданд. Тақдири ин саъбаи аз села ҷудомондаву танҳо хуб нест. Аз ин рӯ, «барфрез ба ҳолаш намонд, ки саъба аз лонааш дуртар парида, ба шохаи олучаи кӯҳие, ки шоху пояаш шикаста буд, нишаст». Нависанда на танҳо ба ин сарнавишти парандаи зебо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, балки аз дарахтони кӯҳӣ низ, меандешад, тасвиру ифодааш бозгӯи мушкилот мебошад: «олучаи кӯҳие, ки шоху пояаш шикаста буд».
Маҷид Салим аз санъату воситаи тасвири бадеӣ, яъне ташхис, хуб истифода мекунад. Парандагон бо ҳам сухан мекунанд, аз ранҷҳову мушкилоташон, бераҳмии шикорчиён, муносибати нохуби одамон, асорати қафас мегӯянд. Мурод, мо – инсонҳо дар ин хусус мулоҳиза бикунем ва ба табиати зебову дилрабои кишвар зарар нарасонем. 
Китоб бо расмҳои зебову рангаи саъбаҳо дар ҳолатҳои гуногун ороиш ёфтааст, ки диданашон ҳаловатбахшанд. Бояд ин китоб дар нашриётҳои овозадору пурқудрат бо теъдоди зиёд нашр мегардид ва ба дасти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мерасид. Охир, вазифаи мо тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи парандагони нодири он низ, мебошад. Фикр мекунам, дар ин маврид Вазорати маориф ва илми кишвар тадбирҳои заруриро саривақт меандешад. Китоб содаву равон таълиф шуда, хондани он осону ҷолиб мебошад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед