logo

иқтисод

ҲАРОРАТИ ҲАВО ТО 4-5 ДАРАҶА ХУНУК БОҚӢ МЕМОНАД. САБАБ ЧИСТ?

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ оғоз аз 18 январ ҳамагӣ 4-5 дараҷа сард боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои гузашта ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои ҷумҳурӣ якбора аз 10 то  25 дараҷа поин рафта буд. Ягона минтақае, ки нисбат ба дигар минтақаҳо гармтар мебошад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар ин ҷо сардии ҳаво ҳамагӣ 15 дараҷаро ташкил дод.    
Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ, дар ин бора изҳор дошт, ки аз 11 январ якбора хунук омадани ҳарорати ҳаво дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сард аз қисмати аврупоии Федератсияи  Россия бисёр тағйирот ба миён овард. Масъулони соҳа зимни таҳлили вазъи боду ҳаво гуфтанд, ки дар ҷумҳурӣ тайи 16 соли охир чунин тағйирот дар боду ҳаво ба амал наомадааст. Моҳи январи соли гузашта дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳарорати ҳаво аз меъёри муқаррарӣ 4-5 дараҷа гарм буд, вале имсол ҳарорат дар моҳи январ то 3 дараҷа хунук пешгӯӣ шуд.  
Албатта, якбора сард омадани ҳарорати ҳаво ба таъсири тағйирёбии глобалии иқлим рабт дорад, ки аз гардиши атмосферӣ вобаста аст. Бинобар ин, ҳарчанд чунин вазъи боду ҳаво хоси минтақаи мо нест, вале  эҳтимоли дар даҳсолаҳои минбаъда ба вуқуъ пайвастани он ҳаст. Аз ин рӯ, дар бисёр маврид тамоми сохтору идораҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ бояд ҷиҳати мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйири вазъи боду ҳаво омода бошанд. Бо мақсади омодагӣ ба чунин вазъи боду ҳаво ва пешгирии хавфи сар задани офатҳои табиӣ аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ 9 январ огоҳинома ба ҳама сохтору идораҳои дахлдор ирсол шуд. Тағйири боду ҳаво  кори кормандони Агентии обуҳавошиносиро ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ пешниҳод кардани  маълумоти дақиқ дучанд зиёд намуд. Кормандони Агентӣ, хусусан маркази обуҳавосанҷии он, бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидаанд. Қариб 70 дарсади мукаммалсозии техникии Агентӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Бонки ҷаҳонӣ анҷом дода шуда, мутахассисони соҳа бо марказҳои обуҳавошиносии кишварҳои ҷаҳон пайваста ҳамкорӣ доранд. Ин ҷо фақат набудани моделҳои нави обуҳавосанҷӣ дар маҳалҳо ба кори мутахассисон мушкилӣ эҷод мекунад. Набудани моҳвораҳо, родарҳои (ҳароратсанҷи) муосири метеорологӣ якҷо бо мутахассисони баландихтисос низ, ба кори заҳматталаби обуҳавосанҷон монеа эҷод мекунад.  Бовар дорем, ки ин мушкил дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро меёбад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 292
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед