Хабарҳо
14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад
ТАСС. Роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган гуфт, ки интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар ҷумҳурӣ 14 май баргузор мегардад.
Эрдоган дар мулоқот бо ҷавонони музофоти Бурса, воқеъ дар шимолу ғарбии мамлакат, изҳор дошт: "Ман намояндагони ҷавонони моро, ки бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд, даъват мекунам, то дар ҷараёни овоздиҳӣ, ки 14 май баргузор мешавад, интихоби дуруст намоянд".
Ӯ иброз дошт, ки 10 март фармонеро дар бораи баргузории интихобот дар рӯзи 14 май имзо хоҳад кард. "Мо аз ваколатҳои расмиамон 10 март истифода хоҳем бурд ва пас аз он муҳлати 60 рӯзе, ки қонун барои баргузории интихобот пешбинӣ намудааст, оғоз мешавад", - гуфт Президенти Туркия.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешвои миллии Туркманистон эълон шуд
Мир24. Раиси палатаи болоии парлумони Туркманистон, Президенти пешини кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро пешвои миллии Туркманистон эълон кард. Дар ин бора барномаи иттилоотии "Ватан"-и телевизиони расмии Туркманистон хабар додааст.
Дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ баромадкунандагон ба ҷонибдории аз тариқи қонунгузорӣ муқаррар намудани мақоми Президенти собиқи кишвар ҳамчун пешвои миллии халқи туркман изҳори назар карданд. Дар маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи дохил намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Конститутсияи Туркманистон баррасӣ ва қабул гардиданд.
Президенти феълии кишвар Сердор Бердимуҳаммадов лоиҳаҳои қонунҳои қабулшударо тасдиқ ва имзо кард.
Барои ИМА оқибатҳои фалокатбори хушксолиро пешгӯӣ карданд
Lenta.ru. Нашрияи «Newsweek» менависад, хушксолии тулонӣ, ки ба нимаи ғарбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зарба зад, ба захираҳои оби тамоми минтақа фишори ҷиддӣ меорад.
Ба гуфтаи коршиносоне, ки ин нашрия бо онҳо мусоҳиба кардааст, агар вазъ дар 10-20 соли оянда тағйир наёбад, ин метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор барои тамоми кишвар гардад. Яке аз раҳбарони Институти идоракунии муҳити зист ва энергетика Ҷонатан Дисон гуфт, ки хушксолӣ қабатҳои обиро кам мекунад, ки ин на танҳо боиси аз байн рафтани захираҳои обҳои зеризаминӣ, балки ба фурӯ рафтани заминҳо низ, оварда мерасонад, ки боиси вайрон шудани инфрасохтори ҷамъиятӣ мешавад. Иёлатҳои аз ҳама бештар зарардида Юта, Орегон, Небраска, Канзас ва Оклахома мебошанд, зеро дар ҳар кадоми онҳо ноҳияҳое ҳастанд, ки хушксолии шадидро аз сар мегузаронанд.
Макрон: «Фаронса ва Олмон бояд дар эҳёи Аврупо пешоҳанг бошанд»
АИР «Новости». "Олмон ва Фаронса бояд пешоҳангони эҳёи Аврупо, пеш аз ҳама, пешравони сохтмони муштараки модели нави энергетикӣ, гарданд. Мо бояд дар сатҳи Аврупо сармоягузориҳои давлатӣ ва хусусиро, ки барои тағйир додани муҳити зист заруранд, суръат бахшем. Бояд диверсификатсияи манбаъҳо ва таъминоти энергетикии худро ба анҷом расонем ва истеҳсоли энергетикаи бидуни карбонро дар қитъаи худ ташвиқ намоем", – гуфт Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар Сорбонна ба муносибати 60-умин солгарди имзои созишномаи Фаронсаву Олмон.
Ӯ, инчунин зикр кард, ки Фаронса ва Олмон бояд пешоҳангони инноватсия ва технология барои бунёди ояндаи шукуфон ва сабзи Аврупо шаванд ва истеҳсолоти аврупоиро ташвиқ намоянд, то қитъаро "қаҳрамони технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ" созанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5902