Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Lenta.ru. Рӯзномаи “Financial Times” бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ менависад, ки ҳафтаи оянда Бразилия ва Аргентина аз оғози корҳои омодагӣ барои таъсиси пули ягона хабар хоҳанд дод.
Известия. Норасоии коргарони ихтисоснок, рушди сусти маҳсулнокӣ ва ихтилофҳо барои маҳдудияти маводи сӯзишворӣ ба шукуфоии Олмон таҳдид мекунанд. Дар ин бора рӯзномаи олмонии “Frankfurter Allgemeine Zeitung” бо такя ба таҳлили Бонки давлатии рушди KfW навиштааст.
Москва 24. Ҷасади Ҳу Кан Трани 72-сола, ки гумонбари тирпарронӣ дар шаҳри Монтерей-Парк дониста мешуд, дар иёлати Калифорния дарёфт гардид.
Ёдовар мешавем, ки бар асари тирпарронӣ дар яке аз студияҳои рақсии Монтерей-Парк 10 нафар кушта ва ҳамин теъдод захмӣ шуд, ки вазъи бархе аз онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
INTERFAX.RU. Ҳайати Думаи давлатӣ таҳти сарварии Вячеслав Володин бо сафари расмӣ вориди Эрон шуд. Дар чаҳорчӯби ин сафар сеюмин нишасти комиссияи ҳамкориҳои Думаи давлатӣ ва парлумони Эрон баргузор мешавад. Рӯзномаи ҷаласа– таъмини қонунгузории ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар баҳри Хазар, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароиро дар бар мегирад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5843