logo

иқтисод

ҲИСОР. РУШДИ САНОАТ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин таъкид намуданд: «Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд». 
Мутаассифона, дар шаҳру навоҳии мамлакат корхонаҳои саноатии истеҳсолие мавҷуданд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтан, бо ҷурми саҳлангории соҳибмулкону мутасаддиён комилан аз фаъолият боз монда, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Маҷмааи «Даҳбед» ва коргоҳи дӯзандагии «Шарофат» дар шаҳри Ҳисор, аз ҷумлаи чунин корхонаҳо мебошанд. 
Соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Ҳисор Маҷмааи хусусии «Даҳбед»-ро, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари бонки ҷамъиятии «Тоҷпромбонк» бунёд ёфта буд, мавриди истифода қарор доданд. Маҷмаа аз меҳмонхона, коргоҳи  дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ,  маркази   савдои дорои  75  фурӯшгоҳ,  ошхонаю чойхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ иборат буд. Ҳудуди 500 нафар  сокини маҳаллӣ дар Маҷмааи фавқуззикр доимӣ кор мекард, ки 400 нафари онҳоро дӯзандаю гулдӯзон ташкил медод. Ҳамчунин, соҳибкор уҳдадор буд, ки дар шафати Маҷмаа коргоҳи дӯзандагӣ бо 1000 ҷойи корӣ бо тарҳу талаботи замон ҷавобгӯро таъсис диҳад. Соҳибкор дар паҳлуи «Даҳбед» коргоҳи дӯзандагии «Шарофат»-ро бунёд кард.  
Ҳангоми боздид аз «Даҳбед» маълум гардид, ки танҳо меҳмонхонаи он фаъолият дораду бас. Дари 75 фурӯшгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ баста буд. Масъулони «Даҳбед» ҳам тасдиқ карданд, ки алҳол ғайри меҳмонхона, дигар ҳеҷ хизматрасонӣ надоранд. Он ҳам ҳамагӣ 5-6 нафар коргар дорад. Даромадгоҳи коргоҳи дӯзандагии «Шарофат», қуфл зада шудааст. Торҳои анкабуту чангу ғубори дару тирезаҳояш гувоҳи солҳо фаъолият надоштани он мебошад. Коргоҳ ҳатто посбон надорад, куҷо расад ба дӯзандаю корманд. 
Пайрав Сайфиддинов, мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, роҷеъ ба вазъи Маҷмаа ва коргоҳи мазкур чунин иттилоъ дод:
–  Маҷмааи «Даҳбед» ва коргоҳи дӯзандагии «Шарофат» аз ҷониби собиқ роҳбари «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев бунёд ёфта буд. Табиист, ки бонки мазкур муфлис эълом гардида, барҳам хӯрд. Соли 2015, яъне баъди як соли фаъолият коргоҳи дӯзандагии «Даҳбед» аз кор монда буд. Бо ҷалби як соҳибкор дубора эҳё гардида, соли 2017 ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ либос истеҳсол кард. Тахминан, солҳои 2018-2019 мошинаҳои дӯзандагии «Даҳбед» ва «Шарофат»-ро фурӯхта, депозитҳои мизоҷони бонкро пардохт карданд. Зимнан, онҳо таҷҳизоти дӯзандагӣ надоранд. «Даҳбед» ба як соҳибкори инфиродӣ ба иҷора дода шуда, дар фасли тобистон фаъолият мекунад. «Тоҷпромбонк» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ва Вазорати молияи мамлакат қарздор будааст. Вазорати молия коргоҳи «Шарофат»-ро ба ҷойи қарз ба тавозуни худаш гузарондааст. Соли рафта коргоҳи «Шарофат» аз феҳристи корхонаҳои саноатии шаҳр расман лағв гардид.
Сареҳ аст, ки аз мадди назар дур сохтану ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтани чунин корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии саноатӣ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ғайри зиён, ҳеҷ суде намебахшанд. Гарчанде коргоҳҳои дӯзандагии «Даҳбед»-у «Шарофат» фаъолияти тулонӣ надоштанд, вале барои сокинон умеди калон бахшида буданд. Дар ҳар ду корхона бояд то 1500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардид. Ҳайҳот, хунукназарию саҳлангории мутасаддиён корхонаҳои мазкурро ба сӯи муфлисӣ кашонд. 
Хабарнигори «Ҷумҳури-ят» мавзуъро дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ, пайгирӣ хоҳад кард.
 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2023    №: 22    Мутолиа карданд: 483
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед