logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ОБҲОИ ДАРМОНБАХШ

 
Яке аз мавзуъҳои муҳиме, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт, тағйирёбии иқлим ва дар ин замина, бамаротиб обшавии пиряхҳо дар сайёраи Замин ва, махсусан дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 
 
Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърузаву суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд,  ки   масъалаи ҳифзи пиряхҳо – сарчашмаи оби ошомиданӣ, бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирад.  Тавре ки   Сарвари давлат зикр карданд, Тоҷикистон вобаста ба тағйирёбии иқлим ва  бар асари гармшавии глобалӣ  пиряхҳоро аз даст медиҳад, ки ин раванд оқибатҳои манфӣ ба бор оварда, метавонад ба сатҳи иқтисодиёт ва соҳаҳои гуногуни кишвар   зарба занад.  Ин ҳолати нигаронкунанда дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор гирифта, вобаста ба масъалаи мазкур соли 2021 дар ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим зикр намуданд, ки обшавии  босуръат  ва бамаротиби пиряхҳо ва  зиёдшавии истеъмоли об бинобар афзоиши аҳолӣ, метавонад ба  оқибатҳои  манфӣ  оварда расонад.
Боиси тазаккур аст, ки Тоҷикистон узви якчанд созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақлил, Созмони ҳамкории Шанхай буда, ҳамкории пайвастаи худро дар ин замина идома  медиҳад. Дар оянда низ Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари давлат дар ҳалли як қатор масъалаҳои мубрам ва муҳими байналмилалӣ мусоидат мекунад, ки пайомадҳои  тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он аз ҷумлаи онҳост. Ҷумҳурии мо дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳое, ки бевосита ба обу иқлим дахл доранд, эътироф шудааст.  
Тоҷикистон  кишвари офтобрӯя буда, иқлими он континентӣ-субтропикӣ аст.  93 дарсади  ҳудуди онро  кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо барои мо боигарии бузурги миллӣ ба ҳисоб мераванд, зеро дар таркиби ин кӯҳҳо сарватҳои нодиру арзишманд маҳфузанд. Дар баробари ин  сарватҳо, обҳои ширину ошомиданӣ,   шифобахш ва   захираи бузурги пиряхҳо, ки 8 дарсади  масоҳати  Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва  60 дарсади тамоми обҳои Осиёи Марказӣ ба ҳиссаи он рост меояд.
Мутаассифона, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар солҳои охир тақрибан ҳазор пирях комилан аз байн рафтааст. Масалан,  пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта 44 метри мураббаъ кам шудааст. Таҳқиқоти  солҳои охири мутахассисон  собит сохтаанд,  ки бар асари обшавии босуръати пиряхҳо паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиши норасоии об ва баланд гаштани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсири худро мегузорад, ки ин ҳолати нигаронкунанда аст. Дар  даҳ соли охир обшавии бамаротиби пиряхҳо мушоҳида мешавад. Вобаста ба масъалаи мазкур Маркази пиряхшиносӣ бо ба кор ҷалб намудани мутахассисони баландихтисос ташкил ва ба фаъолият оғоз намудааст, ки корҳои пажӯҳиширо дар ин самт пеш мебарад.  Маркази зикргардида тасмим гирифтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, назоратро аз болои захираҳои обӣ ҷоннок карда, инчунин харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро, таҳия намояд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои олии таълимӣ, махсусан донишкадаҳое, ки факултаҳои ҷуғрофӣ доранд, ихтисоси омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуда, мутахассисони дорои маълумоти олии касбӣ тайёр карда мешаванд.   
 
С. А. ШАРИФОВ,
омӯзгори ДТҶТ ба номи С. РАҲИМОВ
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2023    №: 22    Мутолиа карданд: 394
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед