logo

иқтисод

КӮЛОБ. БУНЁДИ 462 ИНШООТ ДАР НАЗАР АСТ

Мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр
– Муҳтарам Бахтиёр Назарзода, бо вуҷуди вазъи мураккаби ҷаҳонӣ соле, ки гузашт барои кишвари мо паҳлуҳои зиёди мусбат дошт. Лутфан мегуфтед, натиҷаҳои ҷамъбастӣ дар шаҳри Кӯлоб то чӣ андоза қонеъкунандаанд?
– Соли гузашта нақшаи андозҳои давлатӣ 116 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 127, 3 миллион сомонӣ ворид гардид. Ҳамзамон, нақшаи андозҳои якҷоя бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113, 2 дарсад иҷро шуда, ба ҷойи 140 миллиону 691 ҳазор сомонӣ, 158 миллиону 960 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гашт. Барзиёд иҷро намудани даромади буҷети маҳаллӣ ба мо имкон дод, ки уҳдадориҳои худро дар назди буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намоем. Бояд гуфт, ки то 1 январи соли ҷорӣ бақияпулиҳои андоз 14,6 миллион сомониро ташкил медиҳанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 783 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст. Дар байни муассисаю идораҳои давлатии шаҳр қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад. 
 
– Вобаста ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) чӣ тадбирҳо дар ҳоли татбиқанд?
– Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки шаҳр ба ҳисоб рафта, ба ин самт диққати ҳамаҷониба равона шудааст. Ҳамзамон, барои таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав бо соҳибкорон вохӯриҳои судманд гузарондем. Ҳадаф аз вохӯриҳо дастгирии соҳибкорон, бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти саноаткунонӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ҷойҳои корӣ мебошад. 
Дар соли 2022-юм 7 корхонаи саноатӣ: ҶДММ “Махсус” ва “Мелиоратор” (корхонаҳои коркарди сангу шағал), ҶДММ “Мадазим”  (истеҳсоли маҳсулот аз филизот), “Оби навруша” (сафолаку хишти сементӣ), “Марямбибӣ” (хишти сементӣ), “Истеҳсоли гӯшти мурғи Кӯлоб” ва “Тоҷик алмос” (истеҳсоли филтрҳои равғанӣ ва ҳавоӣ барои автомашинаҳо), мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, дар ҶДММ “Комбинати хонасозӣ”-и шаҳри Кӯлоб се коргоҳи нав: истеҳсоли хишти сабук, сафолак ва сангҳои ороишӣ ба роҳ монда шуд. Дар назди ҶДММ “Хуршед-Н”  коргоҳи сангу шағал ва ҶДММ “Сувайба-2014” коргоҳи парвариши мурғи гӯштӣ ба фаъ-олият пардохтанд. Дар ҳама корхонаву коргоҳҳои зикршуда, барои 113 нафар ҷойи кори доимӣ таъсис гардид. 
Маблағи маҳсулоти аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсолгардида 365,9 миллион сомониро дар бар гирифта, нисбат ба соли 2021-ум 73,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.  
– Бо вуҷуди авлавият ба рушди саноат кишоварзӣ аз соҳаҳои меҳварӣ боқӣ мемонад, ҳамин тавр не? 
– Албатта, натиҷаҳо дар соҳаи кишоварзӣ дар қиёс ба солҳои қаблӣ назаррасанд. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 810 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 32,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони шаҳр дар майдони 10 646 гектар кишти зироатҳоро ба роҳ монданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 10 гектар зиёд мебошад.  Соли рафта 6 944 тона пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 100 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. 
 
–  Соҳаи маорифи шаҳр дар кадом вазъ қарор дорад? 
–  Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтару хубтар мегардад. Дар шаҳри Кӯлоб 77 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсейи касбӣ, 2 мактаб-интернат, 13 муассисаи томактабӣ, Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ амал мекунад. Дар онҳо 54 797 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
23 октябри соли гузашта зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти ҳамагонии № 47 мавриди истифода қарор гирифт, ки айни замон дар он 528 нафар дар ду баст таҳсил мекунад. Бинои муассисаҳои таълимии № 3 ва № 6, ки даҳсолаҳо таъмири асосиро надида буданд, соли рафта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва бо дастгирии падару модарон таъмир гардиданд.
 
– Омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна ҷараён доранд? 
– Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 январи соли 2022, таҳти № 311,  дар шаҳри Кӯлоб тибқи нақша 462 иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва мавриди баҳраборадорӣ қарор мегирад. То кунун 68 иншоот ба истифода дода шудааст. Айни замон дар 130 иншоот, аз ҷумла 25 иншооти истеҳсолӣ,  6 бинои истиқоматӣ, 9 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи тиббӣ, 5 иншооти варзишӣ, 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 30 нуқтаи хизматрасонӣ ва 25 маркази савдо,  корҳои сохтмонӣ идома доранд.  
 
Суннати СОДИҚ, "Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2023    №: 22    Мутолиа карданд: 455
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед