Хабарҳо
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Туреханов баргузор гардид.
Ба иттилои шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар вохӯрӣ ҷанбаҳои муҳими тиҷорати маводи кишоварзии ду кишвар баррасӣ шуданд. Давлаталӣ Саид дар назди намояндагони соҳибкорони ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар дар бораи самтҳои муҳими соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон сухан ронд.
Сафири Қазоқистон зикр кард, ки ҳамкориҳои дарозмуҳлати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият бахшида, содироти маҳсулот, аз ҷумла пиёзу сабзӣ ва карамро, дар соли ҷорӣ афзоиш диҳанд. Тибқи иттилои сафир барои татбиқи ин ҳадаф соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 миллион доллари амрикоӣ пешпардохт намоянд.
Вилояти Хатлон метавонад дар як сол то 500000 тонна пиёз истеҳсол кунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии давлати Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 000 тонна пиёзро дар бар мегирад. Давлаталӣ Саид дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи кишоварзии вилоятро муваззаф намуд, ки бо истифода аз имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун созанд.
Тибқи иттилои мутасаддиёни омор, соли 2021 гардиши мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дод, соли равон ин рақам ба яку ним миллиард доллар расонда мешавад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир Ҳасан, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4208