logo

Хабарҳо

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

 
Чанде пеш дар пойтахти кишвар маросими ифтитоҳи аввалин Маркази миллии ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ин Марказ ба хотири боло бурдани зарфияти Вазорат барои назорати Барномаи ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад, таъсис ёфт.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини аввали вазири маориф ва илм, Семён Григорев, сафири Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Адҳам Мусаллам, директори Созмони ҷаҳонии озуқа дар  Тоҷикистон иштирокдорони маросим буданд.
 - Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳаҷми умумии маблағҳо, ки барои Барномаи ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, 86 миллион (доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки Россия ба дастгирии насли ҷавони Тоҷикистони бародар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Моҳи декабри соли гузашта Россия дар ин самт 4 миллион доллари амрикоӣ саҳми иловагӣ ҷудо кард, - иттилоъ дод Семён Григорев.
Ҷамшед Ҷӯразода зикр кард, ки Россия ва Созмони ҷаҳонии ғизо дар таъмини хӯроки хонандагон дар Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Барои таъсиси Маркази мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби WFP 200 ҳазор доллари ИМА ҷудо шудааст. Аз ҳисоби ин маблағ биноҳои вобастаи соҳаи маориф таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ки Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи WFP дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 то ҳол аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он қариб 440 ҳазор хонандаи 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба таври доимӣ бо хӯроки гарм таъмин мешавад.
Инчунин, аз ҳисоби барнома 50 ошхонаи мактабӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудаанд. Дар заминаи онҳо 9 гармхона, 5 нонвойхонаи байнимактабӣ ва  корхонаи коркарди хӯрокворӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, 7 нонвойхонаи хусусӣ бо мактабҳо ҳамкорӣ мекунад.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3793
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед