иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Бобоҷон Манонзода баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи деҳаи Навободи ноҳияи Фархор ва Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қӯлоб соли 1977 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, соли 1981 факултаи забон ва адабиёти тоҷики ин боргоҳи маърифатро бо дипломи сурх (аъло) хатм намуд. Фаъолияти омӯзгории худро ба ҳайси муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Вахш оғоз кардааст.
Аз соли 1997 то соли 2004 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шуъбаи маънавиёт адои вазифа намудааст. Аз соли 2004 то имрӯз ӯ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сардори корхонаи чопи рекламаҳои калонҳаҷм фаъолияти густурда дорад. Оиладор, соҳиби 8 нафар фарзанд. Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.
Бобоҷон Манонзода солҳои вазнини баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба хотир оварда мегӯяд, ки қисми зиёди омӯзгорон, табибон, кормандони соҳаи фарҳангу иҷтимоиёт тарки вазифа намуда буданд, аммо тавонистем бо ёриву дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кормандони соҳаҳо, махсусан муаллимони донишгоҳу коллеҷҳоро, бо хонаю манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, маоши баланд таъмин ва онҳоро ба кор дилгарм созем ва, бо ин роҳ ба пешрафти соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустии вилояти Хатлон, такони ҷиддӣ бахшем.
Фаъолияти минбаъдаи ин марди равшанзамир ва поксиришту фурӯтан ба соҳаи тарғибу ташвиқи фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти кишвар тавъам аст. Вай бо чопи рекламаҳои азим вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтавои паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ менамояд. Аёниятҳое, ки вай дар ҳудуди вилояти Хатлон, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳкадаҳо, муассисаҳо насб менамояд, аҳамияти тарбиявӣ дошта, ҳар нафарро ба корномаҳо баҳри ободии Ватан даъват менамоянд. Шиору овезаҳое, ки бо дастони пурэъҷози ин марди зиёӣ, забондони асил эҷод мешаванд, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ буда, аз соҳибистиқлолию шукуфоии кишвари биҳиштосоямон дарак медиҳанд. Ин ҳама аз заҳматҳои шабонарӯзии ӯст. Бештари шиору овеза, лавҳаҳое, ки ӯ эҷод мекунад, наққошӣ намудаву зарҳал медавонад, хислати таблиғотӣ дошта, дастовардҳои Тоҷикистони азиз, рушду пешрафти он, вохӯриву суҳбатҳои хотирмони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо одамони одӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, нумӯи соҳаҳои илму маориф, бунёди корхонаҳои муҳими саноатӣ, нақбу пулҳо ва соҳаҳои иҷтимоиётро тараннум менамоянд.
Маҳсули эҷодӣ ва шиору овезаҳои ин марди соҳибҳунар, аз ҷумла симои қаҳрамонҳои Тоҷикистон, расму навиштаҷоти шоиру нависандагони классику муосир, ки муҳтавои сирф тарбиявӣ доранд, дар гулгаштҳои маркази вилоят - шаҳри Бохтар, дар пештоқҳои биноҳои маъмурӣ, кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои истироҳатию фароғатӣ насб шудаанд ва онҳо зебоию ҳусни шаҳрро боз ҳам дучанд менамоянд, ки боиси ифтихору дастгирист.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2023 №: 23 Мутолиа карданд: 431