logo

фарҳанг

ПАЁМОВАРИ НАВРӮЗ

Сада яке аз маъруфтарин ҷашнҳои ориёии бостон аст, ки садсолаҳо аҷдоди мо онро дар шаҳрҳову деҳаҳо бошукӯҳ таҷлил менамуданд. Бо мурури замон ва сабабҳои маълум ин ҷашн  дар миёни мардуми мо  дар асри гузашта каме ба фаромӯшӣ рафта буд. Лекин дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ҷашну маросими миллии мо ба мисли Наврӯз, Меҳргон ва ғайра эҳё мешаванд, ки Сада яке аз онҳост.
 
Чанд сол аст, ки дар саросари Тоҷикистон ин Ҷашни миллии ниёгонамон дар рӯзҳои охири моҳи январ таҷлил мегардад. Агар ба таърихи  пайдоиш ва моҳияти Ҷашни Сада назар намоем, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои гуногун оварда шудаанд. Дар манбаъҳо омадааст, ки вожаи «Сада» марбут ба рақами сад мебошад. Ҷашни мазкур панҷоҳ рӯз то Наврӯз ва сад рӯз то ҷамъоварии ғалладонагиҳо таҷлил мегардад. Ниёгони мо дар ин бора гуфтаанд: «Сада, Сада, сад ба ғалла, панҷоҳ ба Наврӯз». 
Сада фалсафаи худро дорад. Тибқи  шунид аз бузургсолонамон  то кунун зимистонро ба ду давраи 40 рӯз тақсим карда буданд. Давраи аввал, ки аз шаби Ялдо (Шаби тулонӣ – аз 22-юми декабр) оғоз ёфта, то 30 январ (10-уми баҳманмоҳ) ба поён мерасад. Ин давраи аввали чиллаи калон ва давраи чилрӯзаи дигар чиллаи хурд номида мешавад. Ба гуфтаи онҳо, чиллаи калон  авҷи сардии зимистонро дар бар мегирад ва рӯзе, ки ба поён мерасад замин нафас гирифта, гарм мешавад. Ба умеди он, ки чиллаи хурд дар пеш сардии сахт нахоҳад дошт ва бо оташи дар ин рӯз фурӯзоннамуда замин гарм ва ба фарорасии баҳор омода мешавад. 
Фирдавсии бузург оғози Ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури офариниши ҳаёт дар баробари об, ҳаво ва хок мебошад. Аз ин лиҳоз, моҳиятан Сада рӯзи арҷгузорӣ ва ҳурмату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳру муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшноист. Бинобар ин, яке аз одоби Сада афрӯхтани гулханҳои хурду калон маҳсуб меёбад, ки дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. 
Махсусияти дигари ин  Ҷашни миллӣ дар Тоҷикистон, ба кишоварзон алоқамандии зиёде дорад, зеро деҳқонони мо бо таҷлили ин иди ниёгон ба киштукори баҳорӣ омодагӣ мебинанд. Деҳқонон дар ин айём барои  кандани каналу заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ва шудгори замин, буридани шохаҳои дарахтон, омода намудани тухмӣ, мошинолоти кишоварзӣ, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус меандешанд. 
Қобили зикр аст, ки сол ба сол ба истиқболи Ҷашни Сада кишоварзони ҷумҳурӣ бо заҳмати дучанд истеҳсоли маҳсулоти соҳаро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) ба кишоварзони мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд. 
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар арафаи  ин Ҷашни миллӣ аз фаъолияти худ аз Сада то Сада натиҷгирӣ намуда,  дастовардҳои назаррасашонро ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, олимони муассисаҳои илмии Академия дар ин давра 13 патенту шаҳодатномаи муаллифии ихтироот, 6 хабарнома барои натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ ва 3 арзномаро ба даст оварданд. Ҳамчунин, бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахтаи навъи “Файзи Сомон”, ҷуворимаккаи навъи “Шараф-19” ва ангури навъи “30-солагии Истиқлол” ноҳиябандӣ гардида, 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаю ангур аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул гардид. 
Дар ин давра беш аз 500 тухмии навъу намунаҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, рустаниҳои шифобахш ва намудҳои гандуми ёбоӣ аз минтақаҳои  гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ба бонки Маркази миллии захираҳои генетикӣ ворид карда шуд. Дар маҷмуъ, миқдори тухмии навъу намунаҳо ба зиёда аз 13 ҳазор расид. Ҳоло навъҳои ватании зироатҳои кишоварзӣ аз 40 то 80 дарсади майдонҳои кишти  ҷумҳуриро ташкил ва барои зиёд гаштани истеҳсоли  маҳсулоти  хушсифати соҳа  мусоидат  менамоянд. 
Олимони соҳаи чорводории Академия дар натиҷаи меҳнати  самарабахшу тулонӣ зоти алои сершири тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ ва типи занбӯри асали тоҷикиро офариданд, ки онҳо бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Саршумори зиёди онҳо  дар хоҷагиҳои  чорводории  ҷумҳурӣ  парвариш мешаванд. 
Аз ҷониби олимони Академия ҷиҳати устувор нигоҳ доштани бозори дохилии озуқавории кишвар, роҳҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ то сатҳи меъёрҳои ҳадди ақал аз нигоҳи илм асоснокшуда, бунёди низоми маҷмуи сармоягузорию устуворгардонии идораи рушди ҳудудҳои деҳот дар асоси таносуби муносиби иштироки давлат ва шарикони хусусӣ, пешниҳод гардиданд. Инчунин, муҳаққиқони Академия вобаста ба нақшаи ҷойгиркунии зироатҳо ва зерсоҳаҳои алоҳидаи  кишоварзӣ  шакли  нави  хоҷагидорӣ, яъне кластеркунонии ташкили меҳнат ва истеҳсолотро дар чанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур дар водии Ҳисор, гандум дар Данғара, зардолу дар Ашту Исфара, кластери шир ва маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Ёвонро, пешниҳод намуда, амалигардонии онро дар раванди ислоҳоти соҳа мувофиқи мақсад мешуморанд.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамасола Ҷашни  Садаро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Хулоса, мардуми шарафманди мо ҳар сол фарорасии  Ҷашни Садаро пас аз   интизории тулонӣ бо базму тараб ва хурсандию хушнудӣ истиқбол намуда, онро гиромӣ медоранд. Аҷдоди мо  Садаро паёмовари  Наврӯзи хуҷастапай медонистанд. Чуноне ки Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ гуфтааст:
Сада сад роҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
 
Умедвор ҳастем, ки  фарорасии Садаи имсола ба диёри мо барои мардуми Тоҷикистон ва деҳқонони мамлакат соли пурфайзу баракат ва бобарор бошад.
 
Нуралӣ АСОЗОДА, 
президенти АИКТ, академик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2023    №: 24    Мутолиа карданд: 409
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед