logo

иқтисод

ОИНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТАМАДДУНПАРВАР

Ҷашни Сада яке аз оинҳои бостонии мардуми куҳанбунёду тамаддунпарвари тоҷик маҳсуб меёбад. Воқеан, тоҷикон ин оини қадимаи хешро дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё намуданд. Ин шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангсолори тоҷик расму анъана, оин, малакаву маҳорат ва таҷрибаҳои бою ғании аҷдодони баргузидаи хешро, ки аз гузашти чандин қарнҳо дарак медиҳанд, гиромӣ дошта, арзишҳои волои онҳоро ба наслҳои имрӯзаву оянда, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ ба мерос мегузорад. 
 
Эҳёву ба насли ҷавону ояндадор муаррифии арзишҳои волои маънавии миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба он дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод ва бархӯрдҳои манфиатҳои геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим, шиддат гирифтани рақобат, талоши кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои нуфузи хеш дар дунё беҳтарин василаи худогоҳиву худшиносии миллӣ  мегардад. Бешубҳа, эҳё ва дар амал татбиқ намудани расму оинҳои гузаштагони соҳибхирадамон сатҳи ҷаҳонбинӣ, маърифатнокӣ, инсондӯстӣ, фазилат ва ҳувияти миллиамонро устувору  пойбарҷо мегардонад. Зикр кардан ба маврид аст, ки бидуни худогоҳӣ ва худшиносӣ дар шароити пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва хуруҷи неруҳои харобиовар ҳифзи асолат, ҳувияти миллӣ ниҳоят мушкил хоҳад гардид. Бинобар ин, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хосса эҳсос намуда, барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад. 
Бояд гуфт, ки эҳёву дар ҳаёт татбиқ намудани расму анъана, оинҳои ба мардуми тоҷик хос ва баргузории ин ҷашнҳо дар сатҳҳои гуногун омили асосии пешгирикунандаи ҳама гуна таҷовуз, ихтилоф, фитна ва хурофоту тақлид метавон гардад.    
Чуноне ки аз омӯзишу таҳлилу тадқиқи  Сада бармеояд, метавон гуфт, ки Сада ин анҷоми чиллаи калон, ба охир расидани давраи сармо, оғози корҳои кишоварзӣ, рамзи гармиву рӯшноӣ, ғалабаи инсон бар қувваҳои бадӣ, пирӯзии равшанӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ, гиромидошти оташ, омили таблиғу ташвиқи корҳои кишоварзӣ, дӯст доштани табиат буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. 
Бе ягон шакку шубҳа, Сада муждарасони омад-омади  фасли баҳор, фарорасии Наврӯз ва умедбахши зиндагии хушу хуррам ба шумор меравад. З-ин сабаб, пос доштани расму оини поку беолоиши ниёгон ба хотири пояндагиву устувории миллати тоҷик муқаддас аст. 
Таҷлили ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон омили иттиҳоди миллат, рамзи сулҳу ваҳдат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва пойдории суннатҳои волои аҷдодӣ  ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ҷашнҳои бостонии ниёгони хешро бо тамоми нозукиҳои бостониаш  аз диду нигоҳи муосир боифтихор дар сатҳи  шоиста таҷлил карда, ҳамзамон,  ба ҷаҳониён расму оинҳои қадимаи мардуми тамаддунпарвари тоҷику тоҷикистониёнро  муаррифӣ менамоем. Дар умум, метавон хулоса кард, ки Ҷашни Сада, воқеан, бозгӯи ёдгори қадимӣ ва таърихӣ мебошад.
 
Сафаргул ДАВЛИЁРОВА,
ходими пешбари илмии   
шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2023    №: 24    Мутолиа карданд: 365
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед