logo

Хабарҳо

БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

Омӯзиши ҳамаҷонибаи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар ҷаласаи роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки 19 январи соли 2023 таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Нахуст, дар ифтитоҳи чорабинӣ Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамо ва дастури беназир барои фаъолияти ҳамаи  соҳаҳои иқтисоди кишвар, мақсадгузорӣ барои пешрафти миллат, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат ба шумор меравад.
Зикр шуд, ки омӯзиши нуктаҳои асосии Паём нишон медиҳад, ки ҳамаи онҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ ва ободию осудагии сокинони кишвар равона гардидаанд.
Дар ҳуҷҷати зикршуда масъалаҳои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот, ташаккули иқтисоди “сабз”, суръатбахшии рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба таври мушаххас номбар гаштаанд. 
Пешвои миллат махсус зикр карданд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва рақобат барои дастрасӣ ба захираҳо дар шароити тағйирёбии иқлим дар сайёра бояд аз ҳамаи воситаҳои фаъолгардонии сармоягузорӣ истифода бурда шаванд. 
Дар Паёми навбатӣ, чун солҳои пешин, ба масъалаҳои низоми бонкии мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбанд. 
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат барои сокинони кишвар барномаи раҳнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат буда, ба боло бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар равона шудааст ва онро метавон Паёми раҳнамунсоз баҳри созандагию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ унвон кард.
Сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти бонк Султон Ҳасан Баротзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, ба масъалаи низоми бонкии мамлакат низ, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. 
Таъкид шуд, ки масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан қарздиҳӣ, бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои кишвар қарор дода шавад.  
Тавре Пешвои миллат дар Паём изҳор доштанд, соли 2022 барои Тоҷикистон дар маҷмуъ, соли бобарор буд, зеро дар давоми ин сол мардуми кишвар содиқона заҳмат кашида, барои ободию пешрафти мамлакат, таъмини рушди устувори он ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ кӯшиши зиёд ба харҷ доданд.
Дар шароити пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва бонкӣ, рушди бахши молиявӣ низ, аҳамияти  зиёд дорад. Бинобар ин, Пешвои миллат  таъкид намуданд, ки аз 1 июли соли 2023 пардохти андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ роҳандозӣ гарданд.  
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дастури раҳнамоест, ки моро ба фаъолияти садоқатмандона даъват мекунад ва дар амал татбиқ шудани муқаррароти ҳуҷҷати мазкур ба пешрафту дастовардҳои назарраси кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат, мусоидат менамояд. 
Мутахассиси пешбари идораи ҳуқуқ Муҳаммадалӣ Имомов зикр кард, ки бо мақсади дар сатҳи қонун тасдиқ намудани заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асосҳои ҳуқуқии ватандорию ватандӯстӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳия ва 24 декабри соли 2022, таҳти №1920 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Қонун ба хотири тарбияи ватанпарастӣ, тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмат ба Ватан, ифтихор аз гузашта ва саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонию ҷоннисорӣ, саъю кӯшиш барои ободию фардои дурахшони кишвар таҳия гардида, аз ҳамаи мо талаб мекунад, ки дар асоси  меъёрҳои он рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ ва масъулияти ватандории худро содиқонаву сарбаландона иҷро намоем.
– Мо, ҷавонон, бояд ҳувияти миллии худро беш аз пеш дарк намоем, дар ҳифзи Ватану халқу миллат ҳамеша чашми бедор дошта бошем ва бо ибораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ, мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем,” – гуфт Муҳаммадалӣ Имомов.
Фирдавс Толибзода аҳли нишастро даъват намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда, аз ҷумла: “Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”, тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2804
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед