logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

27 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов омадааст:
«Муҳтарам Сердар Гурбангулиевич!
27 январ ба истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон 30 сол пур мешавад.
Дар иртибот ба ин санаи хотирмон дар таърихи навтарини муносибатҳои байниҳамдигарии ду кишвар, ба Шумо ва мардуми дӯсти Туркманистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро изҳор менамоям.
 Анъанаҳои дӯстӣ, рафоқат ва ҳамкории созандаи мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон решаҳои бисёрасра доранд. 
Боиси қаноатмандист, ки робитаҳои байнидавлатии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон бар асоси ин пояи мустаҳкам то имрӯз риштаҳои мухталифи мавриди манфиатҳои тарафайнро фаро гирифта, ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадаанд. 
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехоҳам нақши муҳими муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳоро дар пешбурди босамари ин раванд таъкид намоям.
Мо ҷонибдори идомаи талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода ҳастем. Мутмаинам, ки дар рафти мулоқоту тамосҳои дарпешистодаамон мо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандамонро таҳкиму тавсеаи бештар бахшида, мазмуну муҳтавои онҳоро бо натиҷаҳои нави амалӣ ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид. 
Ба Шумо сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми бародари Туркманистон сулҳу рифоҳ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзу менамоям».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шарафёбам аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам, ба Шумо ва тамоми мардуми бародари кишвари Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоям.
Тайи ин солҳо ҳамкории мо ба таври фаъол рушд ёфта, имрӯзҳо бемайлон мустаҳкам мегардад. Фаъолияти василаҳои муассири ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ шуда, заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, тамосҳои самарабахши байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ сурат мегиранд.
Айни замон шарикии тиҷоративу иқтисодии Туркманистону Тоҷикистон рӯ ба густариши босуръат ниҳода, ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбанд, робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, фаъол гашта истодаанд.
Омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ҳамкории минбаъда ва ба ҳам овардани талошҳои муштарак баҳри ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои дуҷониба иброз менамоям. Мутмаинам, ки бо такя ба иродаи неки тағйирнопазири ҷонибҳо муколамаи байнидавлатии ба таври анъанавӣ дӯстона дар оянда низ мустаҳкам гардида, ба нафъи мардумонамон бомуваффақият рушд хоҳад ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, лутфан иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин фурсат ба Шумо барои таваҷҷуҳи бузурги шахсиатон ба рушди шарикии Туркманистон ва Тоҷикистон изҳори сипос намуда, аз самими қалб саломатии бардавом ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон орзу намоям».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2023    №: 25    Мутолиа карданд: 147
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед