туризм
САЙЁҲӢ. РУШДИ СОҲА АЗ МАСЪАЛАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ БОҚӢ МЕМОНАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 декабри соли 2022 аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳ ворид гардид.
Ҳамчунин, Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуданд ва зарур донистанд, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад. Гуфтан ба маврид аст, ки бо мақсади ҷалби бештари ҷаҳонгардон ба мамлакат барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст. Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи сайёҳӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият фароҳам оварданд, ки шумораи сайёҳон дар кишвари мо қариб ҳамасола афзоиш ёбад. Сатҳи хизматрасонӣ ба онҳо ва шароити будубоши сайёҳон дар кишвар сол ба сол беҳтар гардад.
Воқеан, барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, як силсила тадбирҳои ҳавасмандкунанда низ, татбиқ гаштанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин санадҳо заминагузори ҳалли кулли масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ ва дар маҷмуъ, рушди соҳа дар мамлакат мебошанд.
Танзими шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соҳа аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ва афзоиши шумораи ширкатҳои сайёҳӣ заруриву саривақтӣ буда, дар боз ҳам рушду равнақ ёфтани соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамоянд.
Пешвои миллат дар Паём изҳор доштанд, ки барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки номгӯйи хизматрасониҳо зиёд, сатҳу сифати онҳо беҳтар карда шуда, сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш ёбад.
Агар таҳлил карда бароем, қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар ин навъҳои сайёҳӣ роҳандозӣ шудаанд, вале, барои густариш бахшидани навъҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар кишвар бояд бештар аз ҳарвақта талош варзид.
Имрӯз аз рӯи таҳлилҳои мутахассисон, дар соҳа баъзе мушкилиҳои нигаронкунанда ҷой доранд. Аввалан, таҳия ва чопи маводи таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии дурусту ҳадафраси мавзеъҳои тамошобоби кишвар. Махсусан, имкониятҳои сайёҳии шаҳри қадимаи Панҷакент, ки беш аз 350 ёдгории таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ, ба монанди Кӯли Калон ва Ҳафткӯлро дар бар мегирад, тарғибу ташвиқу пешбарии бештари минтақаро чун макони сайёҳӣ талаб менамояд.
Гузашта аз ин, боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва ба талабот ҷавобгӯ намудани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву дигар ҷойҳои истифодаи умум тақозои замон аст. Инчунин, таъмири роҳҳои ба мавзеъҳои сайёҳӣ баранда, насби лавҳаҳои ишоратии сарироҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо забонҳои гуногун аз ҷумлаи умдатарин мушкилоте мебошанд, ки бояд сари вақт бартараф шаванд.
Албатта, дар сурати татбиқи гуфтаҳои боло ба рушди сайёҳии мамлакат такони ҷиддӣ бахшида шуда, соҳаи мазкур марҳила ба марҳила ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат табдил меёбад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки масъулони соҳа дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ баҳри бартараф кардани камбудиҳо дар маҳалҳо ва ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисодиёти давлат табдил додани саноати сайёҳии кишвар тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, дар баланд бардоштани сатҳи беҳзистии мардум ва ғанӣ гардондани иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Манучеҳр МИРЗОЗОДА,
судяи суди шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2023 №: 25 Мутолиа карданд: 307