Хабарҳо
СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД
Мардумони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) таърих, фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои монанд доранд. Кишварҳои аъзои СҲИ дорои иқтисодиёти пешрафта, сарватҳои бойи зеризаминӣ, халқи заҳматкаш ва рушди динамикӣ мебошанд. Ин созмон имкониятҳои пешбарандаи тиҷорат, коммуникатсияҳои нақлиётӣ, кооператсияи саноатӣ, гардишгарӣ ва ҳифзи муҳити зистро низ фаро мегирад. Шароити глобалии афзоиши рақобатнокӣ барои ба даст овардани захираҳо, сармояҳо, технологияҳо ва дастрасӣ ба бозори беруна тақозо менамояд, ки мо барои расидан ба ҳадафҳои муштарак якҷоя амал кунем.
Ин матлабро Бахтиёр Саидов, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (24 январ, Тошкент, Ӯзбекистон) иброз дошт. Дар кори ҷаласа Дабири кулли СҲИ Хусрав Нозирӣ, вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизис-тон, Туркия, Туркманистон, Эрон ва Покистон иштирок доштанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ гуфт, ки Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои Созмон талош ба харҷ медиҳад.
Номбурда зимни суханронӣ аз қабули якдилонаи Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии он аз ҷониби кишварҳои узв ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз ҷумла дар Нишасти 15-уми Сарварони кишварҳои аъзои СҲИ (28.11.2021, Ашхобод) таъкид гардида буд, изҳори сипос намуд. Вазир аҳамияти эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, таъсис додани Бунёди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ ва вобаста ба ин мавзуъ гузарондани конфронси сатҳи баланди СММ дар соли 2025 дар Тоҷикистонро ҳамчун василаи муҳим дар ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон маънидод намуд.
Ҳамчунин, аз кишварҳои узв даъват бар амал оварда шуд, ки дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, тавассути иштироки фаъол ва гирифтани уҳдадориҳо барои таҳрики амалҳои нав, суръат бахшидани талошҳои мавҷуда ва таҳкими ҳамкориву шарокат ҷиҳати ноил гаштан ба ҳадафҳои марбут ба об Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.
Гузашта аз ин, Сироҷиддин Муҳриддин ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар паҳнои Созмон ишора намуда, ба зарурати идомаи тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ ва татбиқи тарҳҳои самарабахши минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди нақлиёт, занҷираи таъминот, кишоварзӣ, саноат, энергетикаи сабз, муҳити зист, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ таъкид намуд.
Баъд аз анҷоми ҷаласа Хусрав Нозирӣ, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти ин Созмон хеле муҳим ва муассир арзёбӣ карда, чунин афзуд:
– Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳими СҲИ мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин мамлакат дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои узви он хеле нақши муассир низ мебозад. Тоҷикистон, ҳатто ҷаласаи СҲИ-ро дар сатҳи олӣ мизбонӣ кардааст. Дар шаҳри Душанбе сарварони давлатҳои аъзои СҲИ ба ҳам омада, дар доираи созмон чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон чанд бор ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲИ-ро мизбонӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи 26-уми СҲИ дар Тошкент бо қабули коммюнике ба поён расида, раёсати он бар дӯши Ҷумҳурии Озарбойҷон гузашт ва минбаъд ҷаласаҳо дар шаҳри Боку баргузор хоҳанд шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошкент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1798