logo

иҷтимоиёт

ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО: “БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ КУМАК БА ФУТБОЛИ ТОҶИК ОМАДААМ”

Чанде қабл Игор Черевченко, мутахассиси маъруф, сармураббии  клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе таъин шуд ва бо даста шартномаи яксола баст. Ба ин муносибат дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe" нишасти матбуотӣ баргузор гардид ва рӯзноманигорони риштаи варзиш ба саволҳои худ аз ӯ посух гирифтанд. 
– Игор Геннадиевич, чаро «Истиқлол»-ро интихоб кардед, дар ҳоле ки аз дигар бошгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ба Шумо пешниҳодҳо буданд? 
– Замони бозии рафиқонаи тимҳои миллии Россия ва Тоҷикистон ба Ватан сафар кардам. Бошгоҳҳои Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) бозӣ мекунанд. Ин, аллакай ҷолиб аст! Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар нишон дод, ки футбол дар Осиё дар масири рушд буда, бозӣ кардан дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ҷолиб ва барои такмили маҳорат басо муҳим мебошад. Аз ин хотир, пас аз гуфтушунид бо роҳбарияти «Истиқлол» розигиамро барои фаъолият додам. Ман дар Душанбе таваллуд шуда, ба воя расидаам ва дар ҳамин ҷо ба ман футболбозиро омӯхтаанд. Аз ин рӯ, хостам қарзамро дар назди Ватан адо кунам. 
 
– Дар назди Шумо чӣ вазифаҳо гузошта шудаанд?
– Табиист, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба Лигаи қаҳрамонҳо, ки тирамоҳ шуруъ мешавад, равона мегардад. Бинобар ин, мураббиён вақти зиёд надоранд ва онҳо бояд ҳар фурсату вақти дарихтиёрдоштаро босамар истифода баранд. Пас ҳар як пораи вақт қимат аст. Гузашта аз ин, дар чемпионати дохилӣ бояд пирӯз гардид ва мусаллам аст, ки ба осонӣ даст нахоҳад дод. 
Ҳоло оғози мавсим аст. Вазифаи якум, ин ҷамъ намудани дастаест, ки дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазир бошад. Табиист, ки бозигарони нав даъват мегарданд ва ҳайат дигар мешавад. Бояд зарфияти бозигаронро санҷем ва барои ин машқҳои дастаҷамъӣ заруранд. 
Вазифа дар Лигаи қаҳрамонҳо ба даври плей-офф баромадан мебошад. 
 
– Ҳоло кадом нақшаҳоро рӯи даст гирифтаед? 
– Ҳайатро ҷамъ карда, дар шаҳри Душанбе даври аввали машғулиятҳоро мегузаронем. Сипас, тибқи нақша, ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунем. Дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ бо чор дастаи хориҷӣ бозиҳои рафиқона анҷом хоҳем дод. Як рақибамон, аллакай маълум аст – 23 феврал бо дастаи “Факел”-и Воронеж қувваозмоӣ мекунем. Дар рафти ҷамъомадҳо маҳорати бозигарони навдаъватшударо месанҷем. 
 
– Оё футболбозони рус ба ҳайати “Истиқлол” ҷалб мешаванд? 
– Мо мехоҳем бозигарони соҳибтаҷрибаро аз ҳамаи манотиқи ҷаҳон даъват кунем, аммо ҳама чиз аз имконоти молиявии даста вобаста аст. Бинобар ин, пешакӣ эълон кардан лозим нест.
Гузашта аз ин, дар сурати даъват гардидани футболбозони “Истиқлол” ба клубҳои хориҷӣ ба онҳо иҷозат медиҳем, зеро ин ба нафъи мост. 
 
– Дар бозиҳои даста ба кадом тарҳ (схема) ҷиҳати мавқеи футболбозон таваҷҷуҳ хоҳед кард?
– Ҳамааш аз рақибон вобаста аст. Агар ҳариф қавӣ бошад, дар ҳимоя бозӣ мекунем, дар сурати баробар будани қувваю маҳорат, ба ҳамла бартарӣ медиҳем. Аз ин хотир, даста вобаста ба тактикаи ҳарифон бояд бо чанд нақша бозӣ карда тавонад. 
Медонам, ки дар Лигаи қаҳрамонҳо рақибони заиф нестанд.
 
– Барои боз ҳам қавӣ кардани ҳайат аз футболбозони маҳаллӣ киҳоро ба даста даъват менамоед? 
– Ман инро пайгирӣ дорам ва вобаста ба бозигарон маълумот ҷамъ оварда истодаем. Ҳоло ки оғози мавсим аст, касеро  мушаххасан ном  бурда  наметавонам.  Ҳама  чиз аз ҳунарнамоии  футболбозон  вобаста аст, баъд мо метавонем дар ин бора сухан гӯем. Барои тамошои бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки мусобиқаи пеш аз мавсимӣ аст, вақт надорем, зеро дар он дастаи ҷавонони мо бозӣ мекунад. Ҳайати асосӣ бошад, аз рӯи нақшаи алоҳида тайёрӣ мебинад.
 
– Пас аз ду моҳ бозиҳои Лигаи олӣ оғоз меёбанд, кадом тим метавонад рақиби асосии “Истиқлол” барои қаҳрамонӣ бошад?
– Дар ин бора чизе гуфта наметавонам. (Ба ин савол ноиби президенти “Истиқлол” Муҳсин Муҳаммадиев посух дод: “Равшан”-и Кӯлоб).
 
– Гуфтушунид бо «Истиқлол» чӣ гуна сурат гирифт? Чаро шартнома фақат барои як сол? Маблағи қарордоди Шумо чӣ қадар аст? 
– Мо ҳамаи шарту шароитро бо роҳбарияти тим муҳокима кардем. Вобаста ба муҳлати шартнома бошад, ҳама чиз хуб аст. Як сол кор кунем, баъд мебинем, зеро мо пешакӣ намедонем, ки дар ин муддат чӣ гуна дигаргуниҳое дар ҳаёти мо рӯй медиҳанд. Маоши ман сирри тиҷоратӣ аст. Дарҳол мегӯям, ки ман ба Тоҷикистон на барои пули калон, балки барои кумак ба футболи тоҷик омадаам.
 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
P.S. Ба Игор Геннадиевич дар “Истиқлол” дастпарвари дигари футболи тоҷик,  собиқ футболбози тими «Помир»-и Душанбе Юрий Батуренко,  ёрӣ мерасонад. 
Бояд гуфт, ки Игор соли 1992 дар ҳайати дастаи «Помир» чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар гардида, дар ҳайати «Локомотив» (Москва)  солҳои 1996, 1997, 2000, 2001 Ҷоми Россияро ба даст овардааст. Дастпарвари футболи тоҷик ба ҳайси мураббӣ бошад, бо тими «Локомотив» барандаи  Ҷоми Россия – 2014/15 мебошад. 
Ӯ писари футболбози машҳури дастаи «Помир» ва Устоди варзиши ИҶШС Геннадий Черевченко аст. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2023    №: 25    Мутолиа карданд: 187
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед