logo

иқтисод

САДА. ШУКӮҲИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ШУКӮҲИ МИЛЛАТ АСТ!

 
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ дорад, ки он ба Ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ, ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама (hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21 ва гоҳе 22-юми марти тақвими мелодӣ) шуруъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябри тақвими мелодӣ) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана (zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 23 октябри тақвими мелодӣ) сар мешуд ва то поёни моҳи исфандро (баробари 20 марти тақвими мелодӣ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.
Сада дар забони авастоӣ маънои "баромадан ва тулуъ кардан"-ро доштааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи "sadok" ва дар форсии миёна ба гунаи "sadag" будааст.   Оид ба истилоҳи "Сада" фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин Ҷашнро тасдиқ менамоянд. 
Донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи «Сада» менависад: "Ҷашни  Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст. Дар даҳумин рӯз ё обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин Ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих Ҷашни Сада ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардуми шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпои як оташе бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо Ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд".
Ҳамин тавр, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
 
Аз ҷашни Сада, бӯйи баҳор аст ба диёрам,
Файзеву шукӯҳи киштукор аст ба диёрам. 
Аз маҷлиси  Ҷоми  Ҷам нишоне бинамоед,
Аз қуллаи кӯҳ савти ҳазор аст ба диёрам. 
Мо пайрави Фирдавсию Шаҳномаи ишқем,
Дар аспи сухан, ишқ савор аст ба диёрам.
Файзест, ки ҳеҷ кам нашавад аз сари тоҷик, 
Ҷабру кинаву зор, фирор аст ба диёрам. 
Шукр аст, ки Пешво ба сари тоҷики дунёст,  
Хуршед ба нур, лайлу наҳор аст ба диёрам.  
Дарё ба сухан кард садо, ҷоми ҷаҳонро, 
Хуш бод, Сада файз, ки бор аст ба диёрам.
Ба гуфтаи бархе аз донишмандон, ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум Ҷашни   Садаро барпо менамуд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. 
Аз гузаштани сармои шадид хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум ва буттаву хас ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷашни Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ   30-юми январ бошукӯҳ ҷашн мегиранд. Сада – Иди қадимаи тоҷикон  муборак бошад, ҳамватанони  азиз! 
 
Сафар ЭРКАЕВ, 
дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2023    №: 25    Мутолиа карданд: 196
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед