logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Ёру дӯстон ва ҳампешагону ҳамсолонаш пеш аз он ки номи ӯро гиранд, нахуст вожаи муаллимро ба забон меоранд: муаллими Муртазо, Муртазо Сафаров. Дар давоми ҳафтод соли умр ва панҷоҳ соли фаъолияти пурсамар дар вазифа ва мансабҳои гуногун дар ноҳияи Айнӣ лаҳзае рисолати омӯзгориро тарк накард. Худаш бо ифтихор мегӯяд: «Омӯзгор будам, омӯзгор мондам!»
Дар миёни кӯҳсорони Ватан мисли уқобони дурбину сабур зистан, ба ками он тоқат кардану ба зиёдаш шукр гуфтан, оини чунин мардон аст. Аз корномаи омӯзгории Муртазо Сафаров як чиз собит мешавад: агар кас хоҳад, бо як касб ва дар як ҷойи кор низ обрӯву эътибор ва рӯзиву роҳат меёбад ва рисолати одамияти худро ба дурустӣ иҷро мекунад.
Номбурда пас аз хатми Донишгоҳи миллӣ дар Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, дар шуъбаи фалсафа ҳамчун корманди хурди илмӣ ба кор пардохт, аммо чанде нагузашт, ки ба зодгоҳ баргашт ва омӯзгориро ихтиёр намуд.
Вақте дар остонаи ҳафтодумин баҳори рӯзгор ба зиёраташ рафтем, бо чеҳраи нуронӣ пешвоз гирифту вақти рафтан китоби аввалини худ – «Дар пайраҳаи зиндагӣ» - ро армуғон дод. Дар 325 саҳифа қариб ҳама рӯзҳои неку бади дидаро тасвир кардааст ва хоксорона онро «Дар пайраҳаи зиндагӣ» ном ниҳодааст, ҳарчанд ӯ кайҳо аз пайроҳа ба шоҳроҳ расидааст.
Солҳои ҳаштодуми асри ХХ Муртазо Сафаров дар вилояти Қандаҳори Афғонистон ба сифати тарҷумон кор кард. Дар он сӯи Ому аз назокати забони тоҷикӣ бештар баҳравар гардид, ҳодиса, воқеа ва саргузаштҳое аз он рӯзгор дорад, ки шуниданиву навиштанист. Аз ҷумла, нақл мекунад, ки чи гуна ӯ ҳамроҳи дӯсти тарҷумонаш Усмоналӣ Саидалӣ зери тирборони ифротиён мемонанд ва ба ранҷе ҷон ба саломат мебаранд.
– Дар Афғонистон на танҳо тарҷумонӣ кардам, балки як ҷаҳон сабақи мардонагӣ ва ҷасорат гирифтам. Дар дохил бошед, ҳис мекунед, чи гуна кишварҳои абарқудрат ин қаламрави бузурги таъриху тамаддуни ориёиро ба маркази террору маводи мухаддир табдил додаанд, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Як марҳилаи томи ҳаёташ ба иҷрои вазифаҳои гуногуни сиёсӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ сипарӣ шуд. Бештар аз ёздаҳ сол сарварии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 зодгоҳашро бар уҳда дошт.
Азбаски Муртазо Сафаров як марди ботаҳаммул, дидадаро ва хушгап аст, ҷомеа ӯро дар сафарбаркунии халқ барои корҳои ободонӣ бештар ҷалб мекарданд, одамони бедор хуб медонистанд, ки суханашро касе рад намекунад. То ҳол ҳама лаб ба тавсиф мекушоянд, ки Муртазо касеро озор намедод ва бар замми ин, кори худро дуруст иҷро мекард.
Ин аст, ки муддате сармутахассис ва чанд сол мудири бахши дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ буд. Дар соли 2016 директории аввалин осорхонаи навташкили қасри фарҳанги ноҳия ба номи Туғрали Аҳрориро ба ӯ бовар карданд. Муддате зиёд нагузашт, ки муаллим ба нафақа рафт ва бознишастагӣ ихтиёр намуд. Аммо ҳамкасбону дӯстон ба ҷонаш намегузоштанд, ки ҳадди ақал ду-се соат дарс гирад ва аз файзи донишу таҷрибааш насли навин низ баҳравар шаванд. Даъвати азизонро пазируфт ва то ҳол омӯзгорӣ мекунад. Шогирдони ӯро имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ, сар аз мақомоти қудратӣ то фарҳангу маориф дидан мумкин аст. Бешубҳа, Муртазо Сафаров дар ҷодаи ҳаёт музаффар аст, сари болои ӯ шогидони вафодори ӯянд.
Фаъолияти пурсамараш бо медалҳои «Садоқат», «Эҳдо аз халқи Афғонистон», «10-солагии Инқилоби Савр», «75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва ифтихорномаю сипосномаҳои ниҳодҳои гуногун қадр шудааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2023    №: 25    Мутолиа карданд: 195
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед