logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. АЗ ИФТИХОРИ ПРЕЗИДЕНТ ТО ПАРЧАМБАРДОРӢ

 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) бо ифтихор дар бораи ҷавонони кишвар сухан ронда, саҳми онҳоро дар рушди давлат ва ободии Ватан, ҳимояи марзу бум ва содиқ будан ба Тоҷикистони соҳибистиқлол арзанда хонданд. Сарвари давлат доир ба музаффариятҳо ва парчамбардории варзишгарони ҷавон чунин баён доштанд: “Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”.
 
ТОҶИКИСТОН – ДАВЛАТИ ҶАВОНОН
Дарвоқеъ, ҷавонон неруи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ба ҳисоб мераванд, зеро тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 70 дарсади аҳолии мамлакат ҷавонони то 35-солаанд. Ин гувоҳи он аст, ки давлати мо давлати ҷавонон мебошад.
Бар пояи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолӣ 22,5 солро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Тоҷикистон қарор дорад. 
Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар ҳамин самт Сарвари давлат дар Паём зикр намуданд: “Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”.
 
ПАРЧАМБАРДОРОНИ ТОҶИКИСТОН
Варзишгарони қавииродаи мамлакат тавонистанд, ки бо ҳунару маҳорати волои худ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ номи Тоҷикистонро вирди забонҳо намоянд. Чанде қабл паҳлавони соҳибноми мо Темур Раҳимов, ки дар миёни сангинвазнҳо дзюдочии рақами яки сайёра мебошад, тавонист бори аввал аз мусобиқаи “Ситораҳои ҷаҳонии дзюдо” (“World judo masters”, 22 декабр, Исроил) ба хазинаи варзишии кишвар медал (нишони нуқра) ворид намояд. Темури парчамбардор моҳи ноябри соли 2022 низ ба дастоварди арзанда – ғолиби мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Baky Grand Slam 2022”, 4 – 6 ноябр, Озарбойҷон) ноил гашт, ки то ӯ ягон дзюдочӣ ба ин натиҷа даст наёфта буд.
Дзюдочии дигари ҷавони мо Эмомалӣ Нуралӣ(-66 кг) бо маҳорати баландаш чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон гардид.
Бори аввал дар таърихи варзиши тоҷик 5 ноябри соли 2022 муштзани кишвар Шавкат Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи фарзияи IBF (Федератсияи байналмилалии бокс) гардид. Яъне, номи боксчии тоҷик дар қатори номҳои абарварзишгарони риштаи бокс Майк Тайсон, Кличко сабт гашт.
Ду варзишгари дигари мо Миҷгона Самадова ва Шамер Саидов дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт (5-10 декабр Россия) дурахшидан ва барои Тоҷикистон медали тилло оварданд.
Дар маҷмуъ, ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, соли 2022 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқоти байналмилалӣ 538 медал (145 тилло, 157 нуқра ва 236 биринҷӣ) ба даст оварданд. Яъне ба ифтихори варзишгарони мо давоми сол 538 маротиба Парчами давлатӣ парафшон гардида, 145 бор Суруди миллӣ садо додааст.
Ба қавли Пешвои миллат, ки дар оғози Паём иброз доштанд: “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд”.
 
САЗОВОРИ БОВАРӢ БОШЕМ
Ҳар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ман як ангеза аст. Ангеза барои пешрафт ва расидан ба муваффақиятҳои нав, зеро ҳар вақте сухан дар боби ҷавонон равад, Сарвари давлат бо руҳияи баланд ва ҳисси ифтихор аз ин қишр ҳарф мезананд. Ҳатто, соли гузашта ҳангоми мулоқоташон бо ҷавонони кишвар чунин баён доштанд: “Фардои ин Ватани азиз аз ташаббусҳои наҷиб ва анҷоми рисолатҳои бузурги шумо оғоз мешавад”.
Бо дарки ҳамин гуфтаи Президенти маҳбубамон ман, ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлол, мекӯшам, то ба боварии Сарвари давлат сазовор бошам ва вазифаи фарзандии хешро дар назди давлату миллат софдилонаю содиқона адо намоям. Аз ин дидгоҳ, аз тамоми ҷавонони худогоҳу худшиноси кишвар даъват ба амал меорам, ки дар иҷрои ин рисолати бузурги таърихӣ бетараф набошанд ва чун пайравони аслии Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ормонҳои давлат саҳим бошанд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2023    №: 26    Мутолиа карданд: 215
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед