logo

туризм

САЙЁҲӢ. НАҚШИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС ДАР РУШДИ СОҲА

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи аҳду талошҳои пайваста, содиқона ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар соҳаи сайёҳӣ низ рӯ ба пешрафт ниҳод. Барои тараққӣ ёфтани ин соҳаи аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ муҳим дар ҷумҳурии мо ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, дар баробари ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардиданд.
Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ диққати махус дода, дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани сиёсати давлатӣ дар ин соҳаи муҳим ба сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Ин аст, ки солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, даҳҳо иншооти муосир дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бунёд гардиданд. Тавре Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (23.12.2022) зикр карданд, дар панҷ соли охир барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. 
Воқеан ҳам, имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар иншооти муосири хизматрасонии сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, тарабхона, марказҳои савдову хизматрасонӣ, дармонгоҳҳо ва дигар иншооту марказҳои марбут ба соҳа бунёд ёфтаанд, ки ҷолибият ва роҳати минқаҳои дурдасти кишварро барои сайёҳон таъмин менамоянд. Ин ва талошҳои мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии иқтидори сайёҳии кишвар дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мусоидат намуданд, ки гардиши сайёҳон дар Тоҷикистон бамаротиб афзуда, соли 2022 ба 1 миллион нафар расад. 
Гуфтан бамаврид аст, ки бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориҳо боз ҳам вусъат ёбанд, мушкилоти мавҷуда бартараф шавад ва рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тақвият ёбанд. Ҳамаи ин, албатта, бе мутахассисони соҳибтахассусу ҳирфаӣ номумкин хоҳад буд. Чун мутахассисони забондону соҳибихтисос дар пешрафт ва рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ нақши ҳалкунанда мебозанд, пас онҳо бояд ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошанд, то шумораи ҳар чи бештари сайёҳонро ба кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон ҷалб карда, хизматрасонии қобили қабулро пешниҳод намоянд. Бо ин мақсад зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода созем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем. Тарбияи кадрҳои баландихтисос на танҳо ба рушди сайёҳӣ дар кишвар мусоидат менамояд, балки ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, боиси пазируфта шудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибтамаддуну мутараққии ҷаҳон мегардад.
 
Гулрӯ САБУРОВА, омӯзгор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2023    №: 26    Мутолиа карданд: 178
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед