logo

Хабарҳо

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

 
ТАСС. Рӯзномаи “Dawn”  бо такя ба намояндаи бемористон хабар дод, ки бар асари таркиш дар як масҷиди шаҳри Пешовари Покистон 72 нафар ба ҳалокат расида, 157 нафар ҷароҳат бардошт. 
Ба гуфтаи мақомоти амнияти миллӣ, як террористи маргталаб ҳангоми намози нисфирӯзӣ дар масҷиде, ки пур аз мардум, аз ҷумла полис ва низомиён буд, маводи таркандаро ба кор даровардааст.   Дар маҳали ҳодиса амалиёти наҷотбахшӣ идома дорад ва шумораи қурбониён метавонад афзояд. Зикр мешавад, ки ҳангоми таркиш дар масҷид то 500 нафар ҳузур дошт.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Geo TV”, масъулияти ин ҳамларо  гурӯҳи дар Покистон мамнуи “Таҳрики толибони Покистон” ба уҳда гирифтааст.
 
 
Лавров кишварҳои асосии довталаб  ба узвияти СҲШ-ро ном бурд
Мир24. Аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ояндаи наздик барои қабули кишварҳои Эрон ва Беларус, ки аз довталабони аввалиндараҷа барои шомил шудан ба ин Созмон ба ҳисоб мераванд, омодагӣ мегиранд. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, дар нишасти матбуотӣ дар пайи музокирот бо ҳамтои худ аз Покистон Билавол изҳор дошт. Вазири корҳои хориҷии Россия зикр кард, ки Россия ва Покистон ба рушди ҳамкориҳо тавассути СҲШ манфиатдор мебошанд.
«Самаранокии ин сохторро таваҷҷуҳи афзояндаи кишварҳои ғайриузв барои ҳамкории зич бо Созмон ва пайвастан ба узвияти он тасдиқ мекунад», – хулоса намуд Лавров.
 
 
Суҳбати телефонии Путин бо Муҳаммад бин Салмон оли Сауд   
Известия.  Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кремл, Президенти Россия Владимир Путин бо  валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон оли  Сауд  суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Гуфта мешавад, ки раҳбарони ду кишвар масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва энергетикиро баррасӣ карданд. Илова бар ин, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ОПЕК+ ҷиҳати таъмини суботи бозори ҷаҳонии нафт баррасӣ шуданд.
 
 
Имзои Эъломия байни Озарбойҷон ва Маҷористон  
Мир 24. Президенти Озарбойҷон бо  сафари расмӣ вориди Маҷористон шуд. Меҳмони олиқадрро Президенти мамлакат Каталин Новак пешвоз гирифт.   
Президенти Маҷористон ҳамкориҳоро дар бахши энергетика яке аз масъалаҳои муҳими ду кишвар арзёбӣ кард. 
Дар навбати худ, Илҳом Алиев аҳамияти Ёддошти тафоҳумро таъкид намуда, иброз дошт, ки ҳуҷҷат ба хотири роҳандозии фаъолият дар соҳаи таъмини гази табиӣ ба имзо мерасад.
Президент Илҳом Алиев дирӯз  бо Виктор Орбан, Сарвазири Маҷористон мулоқот намуд. Онҳо Эъломияи муштаракро дар бораи тавсеаи шарикии стратегии байни кишварҳо имзо карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1801
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед