иқтисод
САДА. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙТАХТ
Сада яке аз ҷашнҳои ниёгони тоҷикон ба шумор рафта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардид. Ҷашни Сада ҳамасола бо як шукӯҳу манзалати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мешавад. 29 январи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор шуд.
Деҳқонону кишоварзони ҷумҳурӣ намунаи маҳсулоти худро ба меҳмонону сокинони пойтахт муаррифӣ намуданд. Ҷашнгоҳ бо лавҳаву овезаҳо, амсилаи гулхан, гулу буттаҳо, дастархонҳои пур аз нозу неъмат ва маҳсулоти ҳунарӣ оро ёфта, суруду мусиқӣ ба иштирокдорон як фазои нотакрорро фароҳам овард.
Одилҷон Ҳамидов, сардори Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоишҳои навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо"-и Вазорати кишоварзӣ, мақсад аз баргузории ин ҷашнро чунин шарҳу тавзеҳ дод:
– Ҷашни Сада ба шарофати амалӣ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишварамон эҳё гардид. Сада иди дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббат буда, рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ мебошад.
Баёни таассуроти кишоварзи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Муҳсин Бойматов аз ҷашн:
– Имрӯз, мо аҳли кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун, дар Ҷашни Сада ширкат варзида, маҳсулоти хоҷагии худро муаррифӣ намудем. Барои мо хурсандиовар аст, ки баробари мужда додан аз оғози омодагиҳо ба корҳои саҳроӣ, бо намунаҳои техникаи муосири кишоварзӣ шинос шудем, ин намоиш ба мо барои дарёфти навъҳои нави тухмиву зироатҳо ва ниҳолҳои суперинтенсивӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Дар тантанаҳои ҷумҳуриявии Ҷашни Сада Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Латифабону РУСТАМЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2023 №: 26 Мутолиа карданд: 1220