logo

Хабарҳо

ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб рафт.
Нахуст аз Маҷмаи “Дуои модар”, ки моҳи октябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд, дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба модар дар пояи муҷассама гулчанбар гузошт.
Сипас, бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуд.
Дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, соҳибкорону кишоварзон ва дигар шахсони масъул доир шуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар сухан ронда, гуфт, ки барои иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон зикр кардаанд, тамоми кӯшиши худро равона месозанд. 
Давлаталӣ Саид изҳор дошт, ки мардуми сарбаланди Кӯлоб ҳамеша бо далерию шуҷоат, ифтихори баланди ватандорӣ, саховатмандию ободкориашон дар таърих маъруфанду намунаи ибрат мебошанд. Ҷавонмардони Кӯлоб дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва ҳоло ҳам барои ҳифзи якпорчагии мамлакат ва таҳкими ваҳдати миллӣ истодагарӣ карда, дар рушду ободонии диёр саҳми муносиб мегузоранд. 
Ҳамчунин, зикр шуд, ки барои фаъолияти муташаккилона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон, Кӯлоб ҳамчун шаҳри беҳтарин дар вилоят ба ҷойи якум сазовор шуд.
"Ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, - гуфт иҷрокунандаи вазифаи  раиси вилоят. - Тибқи нақша, ба истиқболи ин сана дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 462 бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ дар нақша аст. Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти Кӯлоб бо шукргузорӣ аз давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол минбаъд низ дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ ва ваҳдату субот дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт".
Давлаталӣ Саид фаъолони шаҳри Кӯлобро вазифадор кард, ки ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо, даромаду хароҷоти буҷет, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкили захираи кофии онҳо, пешгирии болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иҷрои лоиҳаҳои Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, татбиқи лоиҳаҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақим, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бештар ба соҳаҳои иқтисодиёт равона намудани қарзҳои бонкиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа ва соҳибкорони баору номус чораҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин, Давлаталӣ Саид бо фаъолияти Муассисаи давлатии маркази вилоятии клиникии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб шинос гардида, бо беморон оид ба хизматрасонии тиббӣ суҳбат карда, ба масъулон ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар  ба роҳ мондани хизматрасонӣ маслиҳат дод.
Зимни мулоқот бо кормандони корхонаи нассоҷии «Ваҳдат текстайл»-и шаҳри Кӯлоб, ки моҳи октябри соли 2021 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта буд, иттилоъ доданд, ки аз соли ифтитоҳаш корхона 2 миллиону 136 ҳазору 300 дона ҷуроб истеҳсол кардааст.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир Ҳасан, "Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1331
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед