logo

мулоқотҳо

Фаронса муқобили ҳар гуна амалиёти муҳосиравии миёни кишварҳост

9 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Президенти  Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмрӣ де Монтескюро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.
Эмрӣ де Монтескю конфронси байналмилалии обро, ки дар шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Тоҷикистон ва таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафти иҷрои Барномаи 10 – солаи амал «Об барои ҳаёт» ҷараён гирифт, бисёр муҳим арзёбӣ намуд. ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо мавқеъгирии мусоид ва пешниҳодоти дорои аҳамияти  ҷаҳонӣ соҳиби обрӯю эътибори баланди байналмилалӣ гаштааст.
Ба гуфти ӯ, Тоҷикистон бо нуфузи байналмилалии худ ба ҳайси як кишвари форсизабон метавонад ҳамчунин дар байни кишварҳои ҳамзабони худ ва дар манотиқи зисти ин мардумон мавқеи хоса дошта бошад.
Дар робита ба ҳолати муҳосираи нақлиётии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ӯзбекистони ҳамсоя ба назар мерасад, Эмрӣ де Монтескю изҳор дошт, ки «Фаронса ва кулли кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муқобили ҳар гуна амалиёти муҳосиравии миёни кишварҳоянд ва ҷонибдори ҳалли машваратии моҷарои нақлиётии миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд».
Дар баробари ин ӯ изҳор дошт, ки Тоҷикистон бояд роҳҳои алтернативӣ низ бунёд намояд, то ки аз вобастагӣ ба роҳи ягонаи аз Иттиҳоди Шӯравӣ боқимонда раҳо ёбад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва ҳамгироии муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1814
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед