logo

мулоқотҳо

Португалия ба сармоягузории иқтисодиёти Тоҷикистон омода аст

8 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравинюро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла норасоии оби тоза дар бисёр минтақаҳои сайёра, истифодаи сариштакорона ва босамари захираҳои обию энергетикӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия баррасӣ шуданд.
Таҷрибаи Португалия дар ҳаллу фасли баҳсҳои обӣ бо ҳамсоягонаш баҳри дарёфти роҳҳои барои ҳама мақбули истифода аз захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муфид арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дар замони татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005-2015 эълон гаштааст, бояд масоили Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба дастрасӣ ба оби тоза ҳалли худро ёбанд.
Зимни баррасии масоили ҳамкории дуҷониба Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравиню омодагии кишварашро баҳри бо Тоҷикистон ба имзо расондани созишнома оид ба бекор кардани андозбандии дукарата таъкид намуд, ки ба ташвиқи соҳибкорони Португалия ба  сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон равона хоҳад шуд. ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Португалия омода аст, дар сармоягузории лоиҳаҳои судманди Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда иштирок намояд. 
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба як қатор масоили дигари вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1754
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед