logo

мулоқотҳо

На танҳо Роғун, бояд дигар нерӯгоҳҳо низ сохта шаванд

8 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё Таир Мансуровро  ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо дар муқобили таҳдиду хатарҳо ва мушкилоти глобалӣ, аз қабили бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ гаштанд.
Таир Мансуров аз ҷумла изҳор дошт, ки ба наздикӣ аз ҳисоби Фонди зиддибӯҳрони Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё ба Тоҷикистон барои дастгирии буҷети давлатӣ 90 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. ӯ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки 20 нафар аз кӯдакони рассоми Тоҷикистон, ки ғолиби озмунҳои байналмилалӣ дар мавзӯи истифодаи сариштакоронаи об гаштаанд, бо  мукофотҳои пулии Шӯрои соҳибкории Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё сарфароз гардонда мешаванд. Маблағи ҳар як мукофот ба 2200 сомонӣ баробар аст.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба омодагӣ ба ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор мегардад,  сурат гирифт.
Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё Эмомалӣ Раҳмонро «яке аз асосгузорони ин созмон» номида, ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар ин созмон баҳои баланд дод. Дар робита ба татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ӯ изҳор дошт, ки «на танҳо нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда ва Роғун, балки дигар нерӯгоҳҳо низ бояд сохта шаванд, чунки барои Тоҷикистону Қирғизистон ин роҳи асосии тараққиёт аст ва таъкид дошт, ки сохтмони ин гуна иншоот бояд бо назардошти манфиатҳои кишварҳои поёноб сурат бигирад». Ба гуфти ӯ «нерӯи барқ на танҳо барои эҳтиёҷоти дохилӣ, балки барои содирот низ бояд истеҳсол шавад ва кишваре, ки нерӯи барқ содир мекунад, кишвари босубот рушдкунанда ба шумор меравад».
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1948
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед