энергетика
Бунёди нерӯгоҳҳои барқи офтобиро дар кишвар вусъат диҳем
Бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург, босуръат ҷараён дорад. Чунончи, бо дастуру супориши Сардори давлат соли гузашта 50 нерӯгоҳи хурд ба кор даромад, ки даҳтои он барқи бодии хурд аст. Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергия чанде пеш ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дода буд, ки дар оянда ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи офтобии хурд пардохтанианд ва мукотибот бо давлати Кореяи Ҷанубӣ дар ин замина идома дорад.
Қурбонҷон Кабутов, роҳбари маркази тадқиқи энергияи барқароршаванда, номзади илмҳои техникӣ, ҷиҳати бунёд ва самаранок истифода бурдани чунин нерӯгоҳҳо ба хабарнигорамон иброз дошт, ки нерӯгоҳҳои барқи обиву офтобӣ ва бодии хурд яке аз сарчашмаҳои таъмини аҳолии кӯҳистони кишвар бо барқ мебошанд.
Дар давлатҳои тараққикарда, хусусан Олмон барои истифодабарандагони ин навъи нерӯгоҳ имтиёзҳо муқаррар шудааст. Аз ҷумла насби онҳо ройгон буда, пардохти маблағи қарзӣ барои хариди он ба муддати панҷ сол тамдид карда мешавад ва барои хонаҳои истиқоматӣ онҳоро ҷузъи сохтмон медонанд. Мӯҳлати истифодабарии онҳо на кам аз 20-25 сол аст. Нерӯгоҳи барқи офтобиро вобаста ба талаботи истифодабаранда бо панелҳои офтобӣ, ки қувватнокиашон бо мегаватт ё киловатт ифода меёбад, муҷаҳҳаз мекунанд. Нерӯгоҳҳои барқи офтобии хурдро дар иқлими Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳо насб кардан мумкин аст. Ман шахсан дар насби понздаҳтои ин навъи нерӯгоҳ дар ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод ва Мӯъминобод иштирок доштам. Шояд теъдоди онҳо имрӯз дар кишвар ба панҷоҳ расида бошад.
Дар бештари ноҳияҳои кишвар, хусусан тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон, деҳоти мавзеи силсилакӯҳҳои Ҳисор ва дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ насби ин навъи нерӯгоҳҳоро дар ҳар оила ногузир мешуморам.
Мувофиқи ақидаи олимон якрӯза нерӯи офтоб ба яксола талаботи инсон басанда аст. Бояд гуфт, ки нерӯгоҳҳои барқи обию бодиву офтобӣ аз назари экологӣ бехавф мебошанд.
Бисёр мехостам, ки истеҳсоли ҷузъи дастгоҳи чунин нерӯгоҳҳо дар кишвар ба роҳ монда шавад. Дастгоҳҳое, ки аз давлатҳои Олмон, ИМА, Ҷопон ва Чин оварда мешаванд,бояд аз ҷиҳати сифат камбудӣ надошта бошанд.
Ҳамчунин Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳибкоронеро, ки бо овардани ин дастгоҳҳо машғул мешаванд, аз пардохти андоз озод намояд. Бо ин мақсад аз тарафи давлат грантҳо ҷудо карда шавад, ки мардум ҳавасманд гардад. Агар тавассути ВАО тарзи дурусти истифодабарӣ ва ҷалби сармоягузоронро барои бунёди онҳо ба роҳ монанд, аз манфиат холӣ нест.
Муҳаммади НУРУЛЛОҲ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5030