барқияҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 июни соли равон ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи шодбош фиристод....
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 июни соли равон ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи шодбош фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Дмитрий Анатолиевичи мӯҳтарам, лутфан табрики самимона ва орзуҳои беҳтарини маро ба унвони халқи бо мо дӯсти мамлакататон ба муносибати солгарди навбатии қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Федератсияи Русия бипазиред.
Тоҷикистон ба қадри муносибатҳои иттифоқчигӣ ва шарокати стратегӣ бо Русия мерасад ва азми қавӣ дорад, ки онҳоро дар ҳамаи соҳаҳо бештар аз пештар ривоҷ диҳад.
Боварӣ дорам, ки мо бо ҷидду ҷаҳди муштаракамон ба ҳамкории мутақобилан муфиди кишварҳоямон нерӯи тоза бахшида метавонем, зеро ин ҳамкорӣ ба манфиатҳои куллии халқҳо ва давлатҳоямон мувофиқат намуда, омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар минтақа мебошанд. Мо азми қавӣ дорем, ки барои вусъати равобит ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаамон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешем. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ба Шумо, Дмитрий Анатолиевичи мӯҳтарам, саломатии комил, хушбахтӣ, барору комёбиҳои нав ба манфиати пешрафти Русияи бузург ва ба мардуми бо мо дӯсти мамлакататон сулҳу осоиш, зиндагии фараҳмандона ва шукуфоӣ орзу менамоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3699