logo

энергетика

«Тоҷиктекстилмаш» барои НБО-ҳои хурд дастгоҳ месозад

То соли 1990 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктекстилмаш», ки яке аз корхонаҳои давлатии саноатӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми калон дошт, технологияи нав, яъне истеҳсоли мошинҳои калобаресӣ ва дастгоҳҳои бофандагӣ ба роҳ монда шуда буд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста ба талабот доираи фаъолияти истеҳсолии корхона маҳдуд гашта бошад ҳам, вале аз кор намонда, ба истеҳсоли дигар навъи маҳсулот машғул шуд.
Имрӯз завод дорои сехҳои механикӣ ва рехтагарист. Сехи рехтагарӣ иқтидори истеҳсоли 4 навъи маҳсулот: оҳан, чӯян, металли ранга ва пластмасро дошта, аз пластмасса ва металҳои ранга маҳсулоти ниёзи мардум ва барои мошину дастгоҳҳо қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунад. Инчунин соли 2008 як сехи хурди оҳангудозӣ барои истеҳсоли тамғаҳои гуногуни симҳои оҳанӣ аз партови металҳои сиёҳ ба кор шурӯъ кард. Дар ин ҷо ҳамаи дастгоҳҳои истеҳсолӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, бо мутахассисони пуртаҷриба таъминанд.
Иттиҳодия иқтидори калон дорад, вале вобаста ба дархосту эҳтиёҷи муштариён кор мекунад. Агар дархост зиёд шавад, метавонад дар 2 ё 3 баст фаъолият намояд.
- Иттиҳодияи мо бо бузургтарин корхонаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, бо КВД «Алюминийи тоҷик», Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Роғун, «Сангтӯда -1», силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш ва ғайраҳо ҳамкорӣ намуда, мувофиқи дархосту шартнома маҳсулот истеҳсол мекунем, -гуфт Комилҷон Сангаков, муовини директори генералӣ оид ба истеҳсолот. – Барои алюмингудозон зиёда аз 100 номгӯй қисмҳои эҳтиётӣ, ки пеш аз хориҷа ворид мекарданд, омода месозем. Азбаски кишвари мо аграрӣ мебошад, барои хоҷагии қишлоқ 3 навъи плуги ПНЯ-3-35, ПН-3-35, ПЯ-2-35, сихмола ва зиёда аз 30 навъи қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол менамоем.
Мушкилоти норасоии барқро ба назар гирифта, айни замон дастгоҳҳое месозем, ки бо нерӯи об дар як соат 30 кВт барқ истеҳсол мекунад. Бо ин восита мехоҳем дар ҳалли мушкилоти аҳолии деҳоти ноҳияҳои дурдаст дар таъминот бо барқ саҳм гузорем.
Мавриди зикр аст, ки мутахассисони КВД «Тоҷиктекстилмаш» соли 2009 дар таъмири капиталии агрегати № 3-и НБО- и Норак корҳои зиёдеро анҷом доданд ва имрӯзҳо дар таъмири агрегати № 8-и ин нерӯгоҳ саҳм  мегиранд.
Ба гуфти К. Сангаков, корхона айни ҳол мушкилот надорад, танҳо мунтазири хоҳишу дархости муштариён аст. Дар коргоҳ 500 нафар коргар ҳамарӯза фаъолият менамояд. Барои онҳо шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
- Дар оянда нақшаҳои зиёде дорем. Кӯшиш мекунем, ки бо корхонаҳои азими ҷумҳурӣ робитаи ҳамкориро қавитар ба роҳ монда, маҳсулоти дорои сифати баланд истеҳсол намоем,- мегӯяд Комилҷон Сангаков.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5279
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед