logo

номаҳо

Нома ба «Ҷумҳурият».Воқеиятро набояд таҳриф кард

Дар робита ба офати табиат дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон то ҳанӯз матолибе дар расонаҳои хусусӣ рӯи чоп меоянд, ки ба баҳсҳои муғризона авлавият дода, ҳақиқати ҳолро зери суол мебаранд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ин ҳодиса дар шаҳри Кӯлоб хисороти калони моливу ҷониро дар пай дошт. Вале ҳодисаҳои охири табиат на фақат дар кишвари мо, балки дар гӯшаву канори сайёра ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузошт ва хисороти бесобиқаеро ба бор овард. Аз ин рӯ, дар пайи офатҳои табиат, ки дар ҳама ҷо эҳтимоли сар задан доранд, касе ва ё сохтору мақомотеро гунаҳкор кардан иштибоҳе беш нест.
Мо шитобкориву инъикоси ноодилонаи ҳодисаҳои Кӯлобро дар расонаҳо, хусусан нашрияҳои мустақили кишвар, мушоҳида кардем. Онҳо навиштаанд, ки дар рӯзи ҳодиса - 7 майи соли ҷорӣ шаҳрдорони Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса хеле дер ҳозир шуданд. Ҳатто гуфта мешуд, ки масъулон баъд аз аскарону афсарони пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия ба ҷойи ҳодиса омаданд. Аммо, фикр накарданд, ки бе даъвати шаҳрдорӣ ба ҷойи ҳодиса омадани ҳарбиёни рус аз эҳтимол дур аст.
Мардуми офатзада дар ҳамон лаҳзаҳо танҳо набуданд. Садҳо шаҳрванд, мақомоти дахлдори давлатӣ бо нишони шуҷоату нотарсӣ ба қадри тавони хеш ба сокинон ёрӣ мерасонданд. Гузашта аз ин намояндагони ниҳодҳои масъули давлатӣ назири Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлӯи офатзадагон буданд. Онҳо ба қадри имкон талош карданд, ки сокинонро аз марг наҷот диҳанд. Ҳар коре, ки дар ин росто аз ҷониби наҷотдиҳандагон анҷом гирифт, бидуни техникаву дастгоҳҳои зарурии наҷотдиҳӣ ва бо нерӯи ҷисмонӣ буд. Ин дар ҳолест, ки наҷотдиҳанда бояд ба оби пуртуғён бе дастгоҳу техникаҳои зарурӣ ворид нашавад. Аммо, бо сабаби чунин имкониятҳоро доро набудани кумита, кормандони он дар рӯзи офат даст ба чунин кори хатарнок зада, даҳҳо нафарро аз коми сел наҷот доданд.
Расонаҳо дуруст навиштаанд, ки селроҳаҳоро сари вақт аз сангу қум ва дигар намуди партовҳо тоза накардаанд. Мебояд масъулон дар назди мардуму қонунҳои давлатӣ ҷавоб гӯянд. Аммо, нагуфтанд, ки чаро бошандагони ду канори сойи Тебалай ҳамаи партовҳои ҳавлии худро ба дохили селроҳа мепартоянд. Барои худу дигарон хатар эҷод мекунанд. Чаро кормандони ҳифзи табиат хомӯш нишастанд?
Пеш аз гуфтану навиштан бояд андеша кард. Бояд фикр ронд, ки ин навиштаҳо мардумро ба чӣ водор ва онҳоро ба кадом амал ҳидоят месозанд.
Дар расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки роҳбарияти шаҳри Кӯлоб рӯзи Ғалабаро якҷоя бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо рақсу бозӣ ҷашн гирифтанд, ки мутлақо аз ҳақиқат дур аст. Ҷашни Ғалаба аз маросими гулгузорӣ дар нуқтаҳои хотиравии шаҳидони ҶБВ беш набуд. Бале, дар ин чорабинӣ раиси шаҳр иштирок дошт. Дар ин робита ширкати раиси шаҳрро дар чорабинии мазкур мавриди сарзаниш қарор додан амали ношоиста аст.
Ҳанӯз ҳам бори маломати расонаҳо дар мавриди ғамхории ҳукумат ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ вобаста ба рафъи оқибатҳои офати табиат идома дорад. Аммо ҳақиқат ин аст, ки на танҳо ситоди ҳукуматӣ, балки тамоми роҳбарияти шаҳру вилоят дар байни одамони аз офат зарардидаанд. Мо борҳо бо чашми сар дидаву бо гӯши худ шунидаем, ки зарардидагон бо муҳаббати саршор ба Сарвари давлат ва намояндагони ҳукумат миннатдорӣ баён мекарданд.
Мо бо зарардидагоне, ки дар варзишгоҳ ва атрофи он дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд, вохӯриҳо доштем. Худамон медидем, ки Муродалӣ Алимардон, роҳбари ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи офатҳои табиат дар шаҳри Кӯлоб, роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар аъзои ҳукумат ба назди зарардидагон омада, бо лаҳни муҳаббатомез гуфтугӯ мекарданд, аз мушкилоти онҳо пурсидаву перомуни рафъи он чораҳо меандешиданд. Зарардидагон мегуфтанд, ки аз чизе танқисӣ надоранд. Бо маводи ғизоиву пӯшока, асбобҳои рӯзгору ҷиҳози хона ҳаматарафа таъмин ҳастанд.
Аз воқеият чашм пӯшидану баҳои яктарафа перомуни вазъи баамаломада додан рӯзро шаб гуфтан аст. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки рӯзноманигорон навиштаҳояшонро бо далелҳо асоснок кунанд ва танҳо баъд манзури хонандагон гардонанд.

Абдулло БОБОЕВ,
Давлатмоҳ ГУЛМАДОВА,
сокинони шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3253
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед