фармонҳои президент
Фармони
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани ҳадди ақали музди  меҳнат ва нафақа
Мутобиқи  моддаи  103  Кодекси  меҳнати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  мақсади  беҳтар  намудани  вазъи  моддии  аҳолӣ  ва  баланд  бардоштани  сатҳи  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ  фармон  медиҳам:
1)  Аз  1  июли  соли  2010  ҳадди  ақали   музди  меҳнат  дар тамоми   соҳаҳои   иқтисодиёти  ҷумҳурӣ  ва  ҳадди  ақали  нафақа  ба  андозаи  80  сомонӣ  дар  як моҳ  муқаррар  карда шавад.
2)  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон :
- дар  амал  татбиқ  намудани   фармони  мазкурро   дар  соли 2010 аз  ҳисоби   маблағҳои   дар  буҷети  давлатии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  фонди музди  меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда таъмин  намояд;
- дар  мӯҳлати  як  моҳ  қарорҳои  худро бо  фармони  мазкур  мутобиқ  намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 июни соли  2010, № 894
Баёни ақида (0)    Санаи нашр:     №:      Мутолиа карданд: 2512