logo

номаҳо

«Адибони Тоҷикистон» бе худситоӣ нашр шавад

Нашри навбатии китоби «Адибони Тоҷикистон» ба соли 2003 рост меояд. Яъне зарурати нашри нави он ба вуҷуд омадааст. Дар муддати панҷ сол як қатор адибони нав ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаанд. Инчунин зумраи дигари адибон китобҳои нав таълиф намудаанду ба табъ расонидаанд. Ба ҷуз ин «Адибони Тоҷикистон» маълумотро то ба соли нашр ё худ соли 2003 дар бар намегирад. Дар китоб баъзе адибон, ба фикрам, тарҷумаи ҳолашонро худашон навиштаанд. Бархе ба ҷои додани иттилооти зарурӣ ба таърифу тавсифи худ чанд саҳифаро бахшидаанд.
Аз ин рӯ мехостам, ки дар нашри нави «Адибони Тоҷикистон» талаботи расонидани маълумоти энсиклопедӣ ё худ илмӣ риоя шавад. Ғайр аз ин сифати нашр ва қоғази чоп хуб бошад, то ҳангоми истифода китоб зуд надарад. Ва низ пешниҳод мекунам, ки адади нашрашро зиёд намуда, ба ҳар китобхонаи мактаби кишвар якнусхагӣ бидиҳанд, то омӯзгорони фанни забон ва адабиёт ҳангоми таълим аз он истифода бурда тавонанд.

Ойим УСМОНОВА,
ноҳияи Панҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5603