суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Рӯшон, 23 июни соли 2010
Падарону модарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз, ки мо дар арафаи таҷлили сездаҳумин солгарди ҷашни муборак ва муқаддаси халқамон Рӯзи Ваҳдат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ноҳияи пур аз меҳру муҳаббати Рӯшон омадаем, ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.
Рӯшон дарвоқеъ диёри равшандилон мебошад ва шахсияти барҷастаи илму адаби тоҷик Ҳаким Носири Хусрав ҳанӯз дар асри XI ҳангоми ба мулки Рӯшон омаданаш аз пазироии гарми мардуми он мутаассир шуда, дар ситоиши онҳо ин шоҳбайти машҳури худро эҷод кардааст:
Равшандилони Рӯшон оинаи сафоянд,
Ғам аз дили ғарибон сайқал зада, зудоянд.
Рӯшониён табиатан аҳли фарҳангу маърифат, донишманду соҳибҳунар ва баору номус буда, мусиқиҳои суннатии беҳтарину рӯҳнавози бадахшонӣ бештар маҳсули заҳмати фарзандони ин сарзамини зебоманзаранд. Фарзандони шӯҳратманди ноҳияи Рӯшон - Назаршо Додхудоев, Ғоибназар Паллаев, Меҳрубон Назаров, Хушқадам Давлатқадамов, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Савсан Бандишоева, Гурминҷ Завқибеков, Хушбахт Хушвақтов, Нуқра Раҳматова, Азалшо Олимов, Раимқул Малахбеков ва даҳҳо нафар шахсиятҳои шинохта мебошанд, ки дар мақомоти баланди давлатӣ ва фарҳангу ҳунар барои халқу Ватан содиқона хизмат карда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки баъди истиқрори сулҳу субот ва пойдории Ваҳдати миллӣ таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмиву созиши ҳамагонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Имрӯз таҷрибаи ваҳдатсозӣ ва фарҳанги сулҳофарии тоҷиконро дар бартарафсозии муноқишаҳои шаҳрвандӣ бисёр давлатҳои дунё меомӯзанд ва истифода мебаранд, ки ин нишонаи воқеии бо тамаддуни умумиҷаҳонӣ ҳамқадаму ҳаммаром гардидани миллати созандаву бунёдкори мо мебошад.
Ба шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу субот дар мамлакатамон марҳалаи созандагӣ ва дигаргуниҳои бунёдӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт – ҳам дар сиёсату иқтисодиёт ва ҳам дар иҷтимоиёту фарҳанг фаро расида, барои рушди мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шароити мусоид фароҳам гардид. Масалан, дар раванди бунёдкориву ободонии вилоят танҳо соли ҷорӣ барои сохтмони асосии ноҳияи Рӯшон аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ беш аз ду миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ҷумла имрӯз – чанд лаҳза пештар дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Деҳрӯшон мактаби нави замонавӣ барои 240 талаба бо тамоми шароити зарурӣ сохта, ба истифода супурда шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифро чун самти афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва беҳбудии шароити кору таҳсили омӯзгорону хонандагон ҳамеша ғамхорӣ менамояд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлат дар баробари баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, инчунин омода кардани мутахассисони баландихтисос, ватандӯсту ватанпараст низ мавқеи хоса дорад. Ҳоло танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Рӯшон 26 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 6 нафар дар асоси квотаи Президент таҳсил менамояд.
Дар давоми солҳои 1997-2010 аз ноҳияи Рӯшон беш аз 190 нафар тибқи квотаи Президент ба донишгоҳу донишкадаҳои гуногуни кишвар дохил шудааст ва қисми зиёди онҳо таҳсилро хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат кор карда истодаанд.
Таъкид месозам, ки мо дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва ҳаллу фасли масъалаву мушкилоти муассисаҳои таълимиро бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ идома медиҳем. Масалан, ғайр аз мактаби Деҳрӯшон се мактаби наву замонавии дигар - дар деҳаи Баҷу барои 120 хонанда ва дар деҳаҳои Пасору Япшорв барои 100-нафарӣ сохта, ба истифода супурда шуд. Дар айни замон сохтмони бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ва мактаб дар деҳаи Ачирхӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет идома дорад. Ҳамзамон бо ин, барои таъмири асосии беморхонаи марказӣ, азнавсозии бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Вамд, Баррӯшон ва як қатор марказҳои саломатии ноҳия то ба имрӯз хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳамчунин ҷиҳати ободу зебо гардонидани ноҳия дар Деҳрӯшон маркази хизматрасонии маишӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки маркази мазкур ва дигар иншооти ба истифода супурдашуда, пеш аз ҳама, омили пайдоиши ҷойҳои нави корӣ буда, даҳҳо нафар одамонро бо шуғли доимӣ фаро мегиранд.
Дар баробари ин, ҳоло дар ноҳия як қатор иншооти дигар, аз ҷумла интернати ҷумҳуриявӣ барои 650 талаба сохта шуда истодааст. Ҷиҳати дар мӯҳлати муқарраргардида сохта ба истифода додани мактаб-интернати мазкур ба Вазорати маориф ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки ба корҳои сохтмонӣ суръати тоза бахшанд.
Дӯстони азиз!
Шумо хуб медонед, ки соли ҷорӣ бинобар офатҳои табиат сокинони баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи шумо низ зарари ҷиддӣ диданд. Дар натиҷаи боришоти зиёд дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯшон як қатор хонаи истиқоматӣ, муассисаҳои иҷтимоиву маишӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва иншооти ирригатсионӣ хароб гардиданд. Ҳукумати мамлакат барои барқарор намудани онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Мо минбаъд низ барои вусъати корҳои созандаву бунёдкорӣ дар ноҳия ҳамаи чораҳои заруриро андешида, дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии он тамоми захираву имкониятҳоро мавриди истифода қарор медиҳем. Ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик сатҳу сифати рӯзгори халқамон, аз ҷумла сокинони Рӯшонро хеле баланд бардошта, Тоҷикистони азизи худро ба як мулки обод ва давлати пешрафта табдил медиҳем.
Мо барои татбиқи барномаҳои стратегиву ояндасози худ– расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ захираву имкониятҳои заруриро дорем. Вале боигариву сарвати қиматтарини мо давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва муҳимтар аз ҳама мардуми заҳматкашу қавиирода, сарбаланду солори тоҷик, аз ҷумла шумо - сокинони Бадахшон мебошед, ки ҳама гармиву сардиҳои зиндагиро бо азми қавиву иродаи шикастнопазир паси сар мекунед.
Дар баробари ин мехоҳам хотирнишон созам, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои неки пешгирифтаамон мо бояд шукронаи истиқлолият ва давлати мустақиламонро ба ҷо орем, Ваҳдати миллиамонро, ки шарти асосии бақои миллат ва давлатамон мебошад, эҳтиёт кунем ва онро бо фаъолияти созандаи худ тақвият бахшем.
Итминон дорам, ки шумо – сокинони меҳмондӯсту сарбаланди ноҳияи Рӯшон бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои имрӯзу оянда, эҳсоси гарми ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ минбаъд низ ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибихтиёр ва рушди давлати соҳибистиқлоли худ саъю талош мекунед.
Бо изҳори ҳамин орзуву ниятҳои нек ҳар яки шуморо бори дигар ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ҷашни ҳамдиливу ҳамбастагии халқи Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, бахту саодат ва рӯзгори хушу осуда мехоҳам.
Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3227