logo

президент

Президент оиди соҳаи роҳсозӣ машварат доир кард

21 июн  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо масъулони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ машварати корӣ доир намуд.
Оид ба рафти иҷрои корҳо ва истифодаи ҳадафманди маблағҳои ҷудогашта муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар шахсони масъул ахбор доданд.
Зимни гузоришҳо аз ҷумла зикр гардид, ки корҳои навсозӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чанок, ғайр аз нақби Шаҳристон анҷом ёфтаанд. Роҳи Душанбе - Рашт-Ҷиргатол - Саритош низ ғайр аз қитъаи 45 - километраи ҳудуди ноҳияи Нуробод то даромадан ба ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол асосан омода гаштааст. Ҳаракат дар қитъаи Қарамиқи роҳи Душанбе - Саритош низ, сарфи назар аз он, ки ҳоло мумфарш нашудааст, таъмин аст. Корҳо баҳри навсозии роҳи Душанбе - Данғара ва кандани нақби Чормағзак муташаккилона ба роҳ монда шудаанд. Барои сохтмону навсозии  қитъаи 40 - километраи Шӯрообод - Анҷироб - Шоҳон - Зиғари роҳи Кӯлоб - Қалъаи Хумб бо 3 пули азим, ки яке аз онҳо беш аз 300 метр дарозӣ дорад, аз ҷониби Бонки исломии рушд, фонди ОПЕК ва фондҳои як қатор кишварҳои арабӣ 92,9 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шудааст ва ба наздикӣ бо интихоби иҷрокунандагони лоиҳа корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд. Бо анҷоми сохтмону навсозии ин қитъа роҳи Кӯлоб - Қалъаи Хумб дар сатҳи ҷаҳонӣ пурра омода хоҳад шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа дастур дод, ки ҳамчунин барои дар сатҳи баланд навсозӣ кардани роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода, Душанбе - Қӯрғонтеппа - Данғара, Душанбе - Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ, Айнӣ - Панҷакент ва Хуҷанд - Исфара низ лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Тибқи супориши дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кандани нақби Шаҳристон бояд то охири соли равон ба поён расад.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки баҳри таъмини робитаҳои доимии нақлиётӣ ба чор сӯйи олам пайваста тадбирҳои судбахш андешида шаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3456
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед