суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27 июни соли 2010
Ҳозирини гиромӣ!
Сездаҳ сол пеш дар ҳамин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ба шарофати ин санади сарнавиштсоз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу суботи саросарӣ фароҳам омада, мардуми мо баъди панҷ соли нооромиҳо ва машаққату маҳрумиятҳои зиёд ба ҳаёти осоишта ворид гардид ва дар таърихи Ватани азизамон 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шуд. Бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, ки ҳаёту мамот ва тақдири ҳар халқу давлат аз онҳо вобастагии зич дорад, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳар кадоми шумо ва дар симои шумо ба ҳамаи сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин ҳамватанони бурунмарзӣ самимона муборакбод мегӯям.
Шумо хуб дар хотир доред, ки ду сол пеш дар ҷаласаи роҳбарон ва фаъолони вилоят мо бо ҳам вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоятро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, ҷиҳати вусъати тоза бахшидан ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии вилоят, инчунин беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолии он дар назди вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта будем. Илова бар ин, бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи мақомоти марказии давлатӣ ва мусоидат ба пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои вилоят, инчунин ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои давраи то соли 2015-ум дар бораи дар соли 2010 дар вилояти Бадахшон гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ фармони дахлдори Президенти мамлакат ба имзо расида буд. Дар асоси дастуру супоришҳои додашуда, Нақшаи чорабиниҳои ҳукуматӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин нақшаи сохтмони иншооти ҷашнии вилоят ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қаламрави вилоят корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо карданд.
Дар ҷараёни боздиди чанд-рӯза аз шаҳру ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, Рӯшону Шуғнон, Ишкошиму Роштқалъа ва Мурғобу Хоруғ мо шоҳиди корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии солҳои охир шудем, ки шояд дар давраҳои гузашта ба ин андоза сурат нагирифта бошад. Албатта, ҳамаи ин, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таваҷҷӯҳу ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат ба рушди вилоят мебошад.
Бояд гуфт, ки дар давоми се соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ бо дарназардошти лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои рушди вилоят дар маҷмӯъ 870 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷиҳати пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети вилоят 190 миллион сомонӣ, аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ва вазорату идораҳо 130 миллион сомонӣ маблағ равона карда шуд. Танҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят ба андозаи беш аз 21 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар тӯли солҳои 2007-2009 ва семоҳаи аввали соли 2010 аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 74 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар солҳои 2006-2009-ум барои иҷрои корҳои сохтмон қариб 300 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки 98 миллион сомонии он аз ҳисоби маблағҳои асосии марказонидашуда мебошад. Фақат соли гузашта барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии беш аз 200 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маъмурии вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 90 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Соли равон барои соҳаи сохтмони асосии вилоят аз ҳисоби сармоягузории асосии мутамарказ, яъне буҷети давлатӣ 33 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба иқтисодиёти вилоят ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузории мустақими хориҷӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар давраи солҳои истиқлолият ба соҳаҳои иқтисодии вилоят, аз ҷумла энергетика, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва туризм ба андозаи беш аз 120 миллион сомонӣ (зиёда аз 28 миллион доллари амрикоӣ) сармояи мустақим ҷалб карда шуд.
Имрӯз дар вилоят дар самти сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, роҳҳои мошингард, бақайдгирӣ ва кадастри замин, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо, барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ ва таҷдиди соҳаҳои маорифу тандурустӣ 9 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо то ба имрӯз ба маблағи 62 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқарорсозӣ ва харидории таҷҳизот ба анҷом расонида шудаанд. Ҳоло дар вилоят шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ якҷоя бо шӯъбаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва оҷонсиҳояшон 64 ададро ташкил медиҳад. Ҳаҷми қарзҳои додашуда ва миқдори мизоҷон пайваста меафзояд. Дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои барои рушди иқтисодиёт додашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз ва шумораи мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ 24 фоиз афзудааст.
Ҳамчунин зикр бояд намуд, ки бо мақсади кӯмак ба рушди соҳибкорӣ дар вилоят аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ба маблағи қариб 19 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 миллион сомонӣ ё 13,5 фоиз зиёд мебошад. Вале дар баробари ин, таъкид месозам, ки ба масъалаи истифодаи имкониятҳо ва захираҳое, ки дар қаламрави ҳар шаҳру ноҳияи вилоят вуҷуд доранд ва метавонанд ба рушди иқтисодиву иҷтимоии онҳо мусоидат намоянд, хусусан бо дарназардошти таъсири манфии бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти мамлакат бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода шавад.
Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидааст, ҳамаи роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро водор месозад, ки барои рушди соҳаи коркарди маъдан, ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли мол бо истифодаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкили корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, истифодаи оқилонаву самарабахши замин ва пеш аз ҳама, заминҳои обӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан боғдориву чорвопарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва умуман истифодаи тамоми имкониятҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Зеро дар сурати ба таври кофӣ мавриди истифода қарор додани ин имкониятҳо мо метавонем иқтидори иқтисодии вилоятро хеле баланд бардошта, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам оварем ва бо ҳамин роҳ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ноил шавем.
Бо мақсади ташкили истифодаи дурусти ашёи хоми маҳаллӣ ва бо кори доимӣ таъмин кардани аҳолии вилоят тибқи барномаи зикршуда, сохта ба истифода додани як қатор иқтидорҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагӣ дар шаҳри Хоруғ барои 300 нафар, корхонаи коркарди аввалияи пашм бо иқтидори 500 тонна, коркарди пӯсти чорво бо иқтидори коркарди 15 ҳазор дона пӯст, ташкил намудани меҳнати хонагӣ дар ноҳияҳои вилоят ва дар онҳо фароҳам овардани ҷойи кори доимӣ дар назар дошта шудааст. Дар баробари ин, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят зарур аст, ки бо дарназардошти захираҳои зиёди табиӣ илова бар сехи коркарди мева ва истеҳсоли равғани ангати ҷамоати Ровон ва заводи хишт дар ноҳияи Ванҷ, сехҳои коркарди шири ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа, коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Роштқалъа доир ба бунёди корхонаву сехҳои коркарди маҳсулоти худӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар асоси Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои давраи то соли 2015 бунёд ва ташкили корхонаҳои хурди саноатӣ идома дорад. Дар қаламрави вилоят 5 корхонаи заргарӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ба фаъолият шурӯъ кардааст ва ташкили боз 5 корхонаи дигар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ҳудуди Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳи нав ба анҷом расонида, ба истифода дода шуданд.
Шумо хуб медонед, ки дар ҳудуди вилоят канданиҳои зиёди фоиданок мавҷуданд ва ҳарчи бештар мавриди истифода қарор додани онҳо ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоии он, бешубҳа, такони ҷиддӣ мебахшад. Бинобар ин, дар асоси фармоишҳои Ҳукумати кишвар аз соли 2004-ум то инҷониб дар 15 кони канданиҳои фоиданок корҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷ идома доранд.
Бо мақсади рушди саноати маҳаллӣ, зиёд намудани ҷойҳои корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ Корхонаи «Ҷамаст» таъмиру тармими корхонаи «Фароғат»-и шаҳри Хоруғ, Анҷини ноҳияи Роштқалъа ва «Анори Дарвоз»-и ноҳияи Дарвозро ба ҷо овардааст, вале бинобар нарасидани қувваи корӣ онҳо то ҳол ба фаъолият шурӯъ накардаанд. Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияҳои зикршуда зарур аст, ки ҷиҳати таъмин ва фаъол гардонидани корхонаҳои барқароргардида чораҷӯӣ намоянд.
Ҷиҳати истихроҷи кони тиллои пошхӯрдаи «Сариоб»-и ноҳияи Дарвоз корҳои омодагӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Ҳарчанд ки дар кони ангишти Равнови ноҳия корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи кушоди ангишт ба роҳ монда шудааст, вале ҳаҷми истихроҷи ангишт ҳанӯз қонеъкунанда нест. Барои ба таври саноатӣ ба роҳ мондани истифодаи ин кон сохтмони роҳи автомобилгарди «Жак-Равнов» ба нақша гирифта шудааст, ки бунёди он дар асоси супориши Ҳукумати мамлакат ба зиммаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия вогузор гардидааст. Аз ин рӯ, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия зарур аст, ки дар бобати ҳаллу фасли масъалаи маблағгузории сохтмони роҳи мошингарди «Жак–Равнов», ки 26 километрро ташкил медиҳад ва ҳарчи зудтар оғоз кардани сохтмони он чораҷӯӣ намояд.
Возеҳ аст, ки барои рушди соҳаи саноат, пеш аз ҳама нерӯи барқ зарур мебошад ва ин масъала дар вилоят ҳоло то андозае ҳалли худро ёфтааст. Ҷамъияти саҳомии «Помирэнерҷӣ» дар асоси ҷадвали тасдиқкардаи Ҳукумати кишвар иҷрои давра ба давраи корҳои барқарорсозӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқро ба зимма гирифтааст ва дар ин самт бо мусоидати Ҳукумати мамлакат корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.
Қаблан ҳам изҳор дошта будам, ки мо вилояти Бадахшонро бо қувваи барқ асосан таъмин намудем. Аз соли 1997-ум то инҷониб дар ҳудуди вилоят 38 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Рӯшон - 26, Ванҷу Дарвоз – 4 ададӣ ва Ишкошиму Роштқалъа 2 ададӣ нерӯгоҳи хурд сохта ба истифода дода шудаанд, ки иқтидори истеҳсоли солонаи онҳо дар маҷмӯъ қариб 33 миллион киловатт-соат қувваи барқро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар дигар минтақаҳои кишвар чунин имконияти мусоиди истеҳсоли қувваи барқ вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, дар шароити кӯҳистон бояд захираҳои гидроэнергетикӣ барои рушди соҳаи саноат ва коркард ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Ҳамзамон бо ин, ба масъалаи ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, ки дар вилоят қарзи он ҳоло қариб 5 миллион сомониро ташкил медиҳад, инчунин кам кардани сатҳи талафоти нерӯи барқ, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва насб намудани ҳисобкунакҳои муосири барқӣ низ диққати махсус дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки шумо дар хотир доред, чанд сол пештар мо дар назди худ мақсад гузошта будем, ки дар ояндаи наздик Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил диҳем. Имрӯз метавон гуфт, ки мо ба ин нияти некамон то андозае ноил гардидем. Далели равшани он афзоиши нишондиҳандаҳои интиқоли борҳое мебошад, ки аз тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии воқеъ дар ҳудуди вилоят сурат гирифта истодааст.
Мардуми Бадахшон, албатта, хуб дар хотир доранд, ки ҳамагӣ чанд сол пештар на ин ки имконияти баромадан ба хориҷи кишварро надоштанд, балки роҳи баромадани онҳо ба маркази кишварамон ва дигар минтақаҳои он шаш-ҳафт моҳ дар як сол баста буд. Албатта, ҳамаи ин, пеш аз ҳама, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи пайгиронаи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар муяссар гардид.
Дар баробари ин, мо ҳоло сохтмони роҳҳои мошингарди қисмати Шоҳон - Зиғар, Шкев - Зиғар ва Кӯлоб - Дарвозро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ марҳала ба марҳала пеш бурда истодаем ва он рӯз дур нест, ки тамоми мушкилоти ҳоло дар роҳҳои мазкур мавҷударо пурра бартараф намуда, ҳаракати нақлиётро дар самти Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум ба таври доимӣ таъмин хоҳем кард. Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки бо дарназардошти имкониятҳои молиявии худ доир ба таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилӣ тадбирҳо андешанд.
Мо хуб медонем, ки имкониятҳои вилоят дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бинобар шароити кӯҳӣ ва камзаминӣ то андозае маҳдуд аст. Бо дарназардошти ин, мо дар қатори бунёди иншооти ҷашнӣ соли ҷорӣ азхудкунии 210 гектар замини навро низ ба нақша гирифта будем. Мувофиқи он аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашуда беш аз як миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, ҳоло азхудкунии замин дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва Рӯшон идома дорад.
Бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии худӣ, рушди боғдориву занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ Ҳукумати кишвар як қатор барномаҳо қабул карда, дар асоси онҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои зиёдро амалӣ карда истодааст. Дар заминаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят солҳои охир ҳаҷми заминҳои кишт, боғ, саршумори чорво ва оилаҳои занбӯри асал тадриҷан афзоиш меёбанд, вале таъкид месозам, ки ин дастовардҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда танҳо соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 76 гектар боғи нав бунёд гардида, 26 гектар боғҳои мавҷуда барқарор карда шудаанд. Бо мақсади рушди картошкапарварӣ дар вилоят Ҳукумати кишвар соли ҷорӣ барои кишоварзони вилоят 150 тонна тухмии картошка ҷудо намуд, ки дар айни ҳол ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо дастрас карда мешавад. Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ба рушди картошкапарварӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар баробари ин, масъалаҳои истифодаи самарабахши заминҳои кишт, афзун гардонидани майдонҳои боғ ва оилаҳои занбӯри асалро низ аз мадди назар дур насозанд.
Ҳоло дар ноҳияи Мурғоб саршумори қутос ба беш аз 17 ҳазор сар расида, ба нишондиҳандаи даврони шӯравӣ баробар шудааст ва мо вазифа гузошта будем, ки парвариши қутос дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ ба роҳ монда шавад. Фаромӯш набояд кард, ки мо танҳо бо роҳи рушди соҳаҳои кишоварзиву чорводорӣ ва ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти онҳо метавонем амнияти озуқавории ҳам вилоят ва ҳам кишварро таъмин созем. Аз тарафи дигар, дар соҳаҳои мазкур барои аҳолии қобили меҳнат ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, ба баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияҳои кӯҳистон мусоидат хоҳем кард. Зеро яке аз масъалаҳои муҳими вилоят бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат мебошад.
Бо мақсади ҳаллу фасли масоили мазкур дар асоси нақшаи таҳиягардида дар давоми чор соли охир дар қаламрави вилоят қариб 27 ҳазор ва танҳо соли ҷорӣ қариб 8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд, ки ин ҳанӯз қонеъкунанда нест ва зарур аст, ки дар ин самт чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Аз ин рӯ, бояд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳамеша дар андешаи ташкил кардани ҷойҳои корӣ, ба кор ҷалб кардани теъдоди ҳарчи бештари шахсони қобили меҳнат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бошанд.
Дар навбати худ Ҳукумати мамлакат дар доираи қарорҳои қабулкардааш «Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд» ва «Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» расонидани ёрии молиявиро ба оилаҳои камбизоат ҳамеша таъмин менамояд. Ҳамчунин дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон ва пиронсолони бесаробон, инчунин пардохти нафақаи пиронсолиро амалӣ мегардонад ва дар ин кори хайр дар баробари мақомоти давлатӣ, корхонаву муассисаҳои ғайриҳукуматӣ, соҳибкорон ва ашхоси саховатпешаро низ ҳидоят менамояд.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша афзалият медиҳад ва ин аз хусусияти иҷтимоӣ пайдо кардани буҷети давлатӣ низ возеҳ аст. Зеро таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисон ва ҳифзи сиҳатии омма самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Барои фаъолияти мӯътадили муассисаҳои таълимии вилоят дар муддати се соли охир 110 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Баробари гузаштан ба маблағгузории сарикасӣ ва истифода аз маблағҳои ҷудогардида вазъи муассисаҳои таълимии вилоят беҳтар гардида, барои таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Ба ғайр аз ин, дар муддати се сол беш аз 48 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуда, то охири сол боз 12 муассисаи дигар ва дар маҷмӯъ 60 муассисаи таълимӣ бо маблағи умумии 34 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Танҳо соли ҷорӣ барои сохтмони иншооти соҳаи маорифи вилоят 7 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Рӯшон сохтмони интернат барои бачаҳои болаёқат ва фарзандони оилаҳои камбизоат барои 640 хонанда оғоз ёфтааст, ки аз 6,5 миллион сомонии бо ин мақсад пешбинигардида то имрӯз қариб 1 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.
Бори аввал дар таърихи маорифи вилоят дар шаҳри Хоруғ Мактаби президентӣ барои 640 ҷой бо тамоми шароит, хобгоҳ, заминаи моддиву техникии муосир ташкил мегардад. Барои бунёд ва таҷҳизонидани ин муассисаи таълимӣ 26 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки то имрӯз 80 фоизи он аз худ карда шудааст ва сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист. Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки тибқи Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015 дар вилоят сохтмон, таъмиру азнавсозии 74 мактаб бо маблағи 30 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки он давра ба давра амалӣ мегардад. Дар баробари ин, аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорӣ ва институтҳои байналмилалии молиявӣ барои рушди соҳаи маорифи вилоят беш аз 3 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Имрӯз муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дорои 1165 компютер мебошанд, ки ба ҳар 12 нафар хонанда 1 компютер рост меояд. Ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар кишвар маҳсуб меёбад. Таъминоти муассисаҳои таълимии вилоят бо таҷҳизоти мактабӣ, китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ ва асбобу ашёи хониш дар ду соли охир хеле беҳтар гардид. Дар ин муддат ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 1605 нафар мутахассиси ҷавон ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар шудааст.
Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии ноҳияву деҳоти дурдасти вилоят бо кадрҳои омӯзгорӣ Вазорати маориф ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро зарур аст, ки дар низоми қабул тағйирот ворид намуда, мутахассисонро вобаста ба талаботи деҳоту ҷамоатҳои дурдаст омода намоянд. Ба хотири ҷалби бештари хонандагон ба таҳсил мо дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон литсейи касбию техникиро, ки аз ду бинои чорошёна иборат аст, сохта ба истифода додем. Дар сохтмони навбати аввали ин муассиса 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Корҳои сохтмонии навбати дуюми бинои таълимӣ барои 540 нафар хонанда дар арафаи анҷомёбист. Муассисаи мазкур бо технологияи муосир, таҷҳизоти замонавӣ, китобхона, устохонаҳо ва хобгоҳ таъмин буда, дар он фаъолияти курсҳои кӯтоҳмуддати 2, 3 ва 6- моҳа ба роҳ монда шудааст. Ба ғайр аз литсейи мазкур дар вилоят барои омӯзиши касбҳои коргарӣ инчунин маркази таълимии филиали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва марказҳои таълимии калонсолон аз рӯи 16 касбу ихтисос таъсис ёфтаанд, ки барои тайёр кардани мутахассисон ёрии амалӣ мерасонанд.
Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ бинои хобгоҳи замонавӣ ба маблағи 9 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Хобгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар ҷавонон барои таҳсил Донишгоҳи давлатии Хоруғро интихоб намуда, робитаҳои дӯстиро боз ҳам устувор гардонанд. Вале бояд зикр намуд, ки сарфи назар аз ғамхориҳои Ҳукумат дар самти беҳдошти шароити таҳсили насли наврас сатҳи дониши хонандагони аксарияти муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест.
Аз сабаби нарасидани кадрҳои педагогӣ дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълим аз фанҳои равияи риёзиву табиӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ва Рӯшону Роштқалъа дар сатҳи паст қарор дорад. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва татбиқи Консепсияи миллии тарбия чораҳои зарурӣ андешида, камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намояд. Ҳамчунин назоратро ба ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳои касбӣ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ пурзӯр намуда, илова ба тақвияти таълими фанҳои дақиқ доир ба баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон аз фанҳои гуманитарӣ ва сатҳи забондонии онҳо, бахусус забони давлатӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешад.
Ҷиҳати васеъ гардонидани ҷаҳонбинӣ, ҳисси худогоҳӣ, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ наврасон ва ҷавонони вилоятро зарур аст, ки ба омӯзиш ва мутолиаи ҷиддӣ машғул шуда, оид ба таъриху фарҳанг ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ маълумоти бештар дошта бошанд. Умед дорам, ки зиёиёни вилоят якҷо бо омӯзгорон барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дар тарбияи кадрҳои сазовори замон саҳми муносиб мегузоранд.
Бо мақсади беҳтар гардонидани шароити табобату ташхиси беморон соли гузашта дар вилоят 36 муассисаи тиббию профилактикӣ мавриди сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ қарор дода шуд. Илова бар ин, сохтмони беморхонаи вилоятии бемориҳои сил бо ҷалби гранти Хазинаи глобалӣ ба маблағи қариб дуюним миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супориш дода мешавад, ки сохтмони ин иншооти муҳимро ҳамин сол оғоз намоянд.
Дар тӯли дуюним соли охир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббию санитарӣ барои муассисаҳои тандурустии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Шуғнон аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 32 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ харидорӣ гардид. Ҷиҳати таъмини беҳтари аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо дорувории босифат дар вилоят филиали Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ кушода шуд.
Кормандони соҳаи тандурустии вилоят дар навбати худ вазифадоранд, ки бо истифода аз имконият ва шароити мавҷуда сатҳи хизматрасонии тиббиро ба аҳолии вилоят баланд бардоранд. Дар ин самт тарбияи кадрҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ аз вилоят 266 нафар толибилм таҳсил мекунад. Вале масъалаи ба ҷои кори таъиншуда баргаштани мутахассисони ҷавон, ҳатто онҳое, ки бо квотаи Президент таҳсил кардаанд, бисёр ташвишовар мебошад. Масалан, аз ноҳияи Ишкошим 8 нафар тибқи квота таҳсил кардааст, вале ягон нафари онҳо ба маҳалли зисти худ барнагаштаанд. Аз ин хотир, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ доир ба ин масъала чораҳои ҷиддӣ ва муассир андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки борҳо таъкид кардаем, пешрафту тараққиёт, ободӣ ва беҳбудии зиндагиро бидуни суботу оромии ҷомеа таъмин намудан ғайриимкон аст. Суботу оромии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини волоияти қонун, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва Ваҳдати миллӣ вобаста аст. Дар ин замина доир ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳар гуна ҷинояткориҳо ва умуман қонуншиканиву ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли гузашта дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ҷинояткорӣ қариб 17 фоиз кам гардидааст, вале ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар қаламрави вилоят ҳоло ҳам ҷиноятҳои вазнин содир гардида, боиси ташвиши аҳолӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар давраи зикршуда 11 ҷинояти вазнин содир карда шудааст.
Дар баробари ин, ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва афзоиши шумораи нашъамандон, махсусан ҷавонон дар ҳудуди вилоят боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Ин ҳолат на танҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки кулли падару модарон ва умуман аҳли ҷомеаи вилоятро бояд бетараф нагузорад. Ба муқобили ин вабои аср бояд ҳама дастаҷамъона мубориза баранд. Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки доир ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгириву боздошти тамоюли афзоиши шумораи нашъамандон, табобати онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ тадбирҳои муассир андешида, онҳоро дар амал татбиқ намоянд.
Тавре ки шумо медонед, дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ зарурати пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсияро махсус зикр намудам ва дар робита ба он фармони дахлдор низ ба имзо расонида шуд. Зеро ҳодисаҳои тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва тамаъҷӯиву суиистифода аз мансаб, ки асосан аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ содир карда мешаванд, натанҳо обрӯву эътибори давлатро коҳиш медиҳанд, балки пояҳои онро суст мегардонанд.
Ҳамзамон бо ин, ҳар як хизматчии давлатӣ, ки дар ин ё он мақомоти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо роҳбарӣ ё кору фаъолият мекунад, бояд дониста бошад, ки кирдору рафтори ношоиста ва дасту дили нопок дар мавриди иҷрои вазифаи давлатӣ дер ё зуд ошкор мешавад. Аз ин рӯ, кадрҳое, ки ба онҳо бовар карда, ба зиммаашон ин ё он мансаб ва вазифа гузошта мешавад ва ба мақоми баланду пурифтихори хизматчии давлатӣ соҳиб мегарданд, бояд пеш аз ҳама, дар бораи ояндаи худ ва оқибати кирдори ношоиста андеша намоянд.
Борҳо таъкид кардаем, ки ҳар як хизматчии давлатӣ, ҳар фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасте, ки воқеан ободии сарзамини аҷдодии худ ва беҳбудии зиндагии мардуми кишварашро мехоҳад, бояд манфиати халқу давлатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, содиқонаву софдилона дар ҷомеа кору фаъолият намояд. Дар ин маврид, пеш аз ҳама шумо - роҳбарону фаъолон, ки роҳнамоии мардумро ба дӯш доред, бояд намунаи ибрати дигарон бошед.
Соли оянда барои мардуми кишвари мо соли махсус аст ва мову шумо бо ҳам 20-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки дастоварди воқеан таърихии халқамон мебошад, таҷлил менамоем. Барои ба таври шоиста ҷашн гирифтани ин санаи бузурги миллӣ зарур аст, ки аз ҳоло омодагии ҷиддӣ бинем, тамоми кору фаъолият ва кӯшишу заҳмати худро ба хотири созандагиву бунёдкории Ватани азизамон ва амалҳои хайру савоб равона созем.
Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, дар роҳи ободӣ ва пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол барори кору сарбаландӣ орзумандам.
Саломат бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3105