logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 13-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 27 июни соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз рӯйдоди тақдирсози ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар хотираи таърихии халқи тоҷик ҷовидон хоҳад монд, сездаҳ сол сипарӣ мегардад.
Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсозро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамаи ҳозирини гиромӣ ва меҳмонони арҷмандро, ки аз дуру наздик ба хотири ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ ба назди мардуми сарбаланду меҳмоннавози Бадахшон, ба шаҳри зебоманзари Хоруғ ташриф овардаанд, самимона табрику шодбош мегӯям. Боиси сарфарозист, ки дар ин рӯзҳои гарми тобистон  дар фазои саршор аз меҳру самимияти мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мову шумо Рӯзи Ваҳдати миллиро дар ин диёри воқеан афсонавӣ, ки оламиён Боми Ҷаҳон меноманд, таҷлил менамоем.
Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.  Мо аз халқи азизу миллати соҳибфарҳанги тоҷик, аз ҷумла мардуми баору номуси Бадахшон, ки бо сабру таҳаммул ва хиради азалӣ тавонистанд оташи ҷанги шаҳрвандиро барқасди нақшаҳои шуми бадхоҳон хомӯш сохта, бо сулҳу созиш, ваҳдати миллӣ ва майлу иродаи қавӣ роҳи ояндаро барои эъмори як давлати соҳибистиқлоли демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ муайян намоянд, ҳамеша сипосгузорем.
Ман сафари нахустинамро моҳи июни соли 1993 дар мақоми Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар хотир дорам. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки мардуми оддиву заҳматкаши ин диёр маро чун фарзандашон бо чеҳраи кушода ва нону намак истиқбол гирифтанд. Он замон фазои сиёсиву иҷтимоии кишвар чандон ором набуд, вале мардуми Бадахшон ҳама хоҳони сулҳу субот ва оромӣ дар Ватани азизамон - Тоҷикистон буданд. Онҳо бо вуҷуди мушкиливу норасоиҳои зиёди рӯзгор, ки он рӯзҳо қариб саросари мамлакатро фаро гирифта буданд, аз ман ҳамчун Сарвари давлат танҳо як чизро дархост мекарданд: ҳарчи зудтар дар кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардад.
Аз ҳамон вақт меҳр ва ихлоси ман ба мардуми фурӯтану покдили Бадахшон беҳтар ва бовариам қавитар гардид. Ман амиқан эҳсос кардам, ки барои расидан ба ҳадафи неки пешгирифтаамон, яъне ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пойдор аз ҳама бештар одамони оддӣ манфиатдоранд ва ин мардуми шариф моро сидқан дастгирӣ менамоянд. Имрӯз бори сивуҳаштум аст, ки ман ба вилояти Бадахшон сафар дорам ва мебинам, ки симои вилоят аз баракати кору заҳмати ин мардуми ободгар ва созанда торафт дигаргун мешавад.
Истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ, бемуболиға, яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар охири садаи ХХ мебошад, ки ин аз сиришти сулҳпарварона ва ақлу заковати халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои сиёсӣ наҷот додааст. Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст.
Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистаанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд.  Масалан, чеҳраҳои барҷастаи тамаддуни мо – Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва бузургони дигар арзишҳои бунёдӣ ва маънавияти зиндагисозро дар чорчӯбаи ислом густариш дода, ҳамзамон бо ин, забону фарҳанги миллӣ, суннату русум ва симои хоси таърихии ниёгони худро дар замонҳое ҳифз намудаанд, ки дар он давраҳо даҳҳо миллату халқиятҳо ва давлатҳои хурду бузург аз арсаи таърих беному нишон гаштаанд. Ё худ дар давраҳои баъдии таърихи тоҷикон як гурӯҳ зиёиёни ватанпараст, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нафари дигар барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои таърихӣ ва эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт. Маҳз ба шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл кардем.
Дар ин раванд мо, пеш аз ҳама, пойдевори кохи бузурги ваҳдатро бунёд гузошта, барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳала ба марҳала заминаи мусоид фароҳам овардем. Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумӯи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад.
Имрӯз сохторҳои давлатдории мо зина ба зина ташаккул ёфта, кишвари соҳибихтиёр ва давлати мустақили миллиамон ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамраъйӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ намуда, ҳадафҳои наҷибу ояндасози давлатдориамонро амалӣ мегардонем.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ то ба имрӯз мо ба як қатор дастовардҳои назаррас, аз ҷумла рушди соҳаҳои энергетика, роҳсозиву алоқа ва сохтмону кишоварзӣ ноил шудем, ки ҳамаи онҳо барои аҳли ҷомеа мисли оина равшану маълуманд. Дар давоми чанд соли охир дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар беш аз 180 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд гардид ва нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Помир-1» ба истифода дода шуданд. Имрӯзҳо сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ва корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи азими Роғун босуръат идома доранд.
Хурсандиовар аст, ки бунёди роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе-Кӯлоб - Хоруғ - Кулма, Душанбе – Нуробод – Рашт - Саритош, инчунин пулҳои байнисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Хоруғ, Ишкошим, Қалъаи Хумб, Ванҷ ва Панҷи Поён вилояти Бадахшонро бо пойтахти мамлакат ва кишварҳои Чин, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар мамолики дуру наздик мепайванданд. Вале ин дастовардҳо ҳанӯз моро қаноатманд намесозанд. Мо азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншооти азими гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ ва сохтмони шоҳроҳҳои замонавӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, бахусус рушди саноату кишоварзӣ, коркарди ашёи хом ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, пешрафти илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.   Дар роҳи иҷрои ин нақшаву ниятҳои нек мо ҳамеша ба азму иродаи халқи бузургамон  такя мекунем.
Ҳозирини арҷманд! 
Имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шарофати сулҳу субот ва фазои осуда ба як ҷабҳаи бузурги бунёдкорӣ ва корзори созандагӣ табдил ёфтааст. Ҳоло фақат аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони беш аз 130 иншоот босуръат идома дорад ва мо дар давоми чанд рӯзи охир, яъне дар арафаи ҷашни бузурги Ваҳдати миллӣ, аллакай, якчанд иншооти муҳимро ба истифода додем.
Илова бар ин, ҳоло дар қаламрави вилоят ба маблағи қариб 600 миллион сомонӣ даҳҳо лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истодаанд.
Бояд гуфт, ки маблағҳои барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангиву тиббӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсолӣ ҷудошуда ва ҷалбгардидаро танҳо мутахассисони соҳибкасбу соҳибтаҷриба самаранок ва мақсаднок истифода карда метавонанд. Имрӯз вазифаи асосии роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мутасаддиёни соҳаи маориф аз он иборат аст, ки ҷавононро ҳарчи бештар ба кор ҷалб намоянд, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватандории онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешанд. Мо бояд пойдевори фардоро имрӯз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарвар тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад.
Бадахшон дорои захираҳои дар минтақаи Осиёи Марказӣ бузургтарини оби тоза ва сарватҳои зиёди табиӣ мебошад. Ба ибораи дигар, дар зери кӯҳҳои файзбори ин минтақа қариб ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок мавҷуданд. Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, бахусус сангҳои қиматбаҳо яке аз соҳаҳои ояндадор ва сердаромад мебошад. Зеро талабот ба сангҳои нодиру қиматбаҳо дар бозори ҷаҳонӣ торафт меафзояд.
Бо кушода шудани роҳи мошингарди Хоруғ - Кулма – Қароқурум, бунёди пулҳои байнимарзӣ ва бозорҳои наздисарҳадӣ бо Чину Афғонистон робитаҳои тиҷоратӣ ва додугирифти молу маҳсулот, бешубҳа, густариш меёбанд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани ҷойҳои нави корӣ, паст шудани нархи молу маҳсулот, афзоиши даромади аҳолӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Бовар дорам, ки сокинони Бадахшон мисли тамоми халқи шарифи Тоҷикистон барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва нерӯи бунёдкориашонро дареғ намедоранд, душвориҳои мавҷударо аҳлонаву сарҷамъона бартараф месозанд ва Боми Ҷаҳонро ба минтақаи ободу пешрафта ва пойгоҳи замонавии сайёҳиву ҷаҳонгардӣ табдил медиҳанд.
Ман беҳуда Бадахшонро борҳо дарвозаи тиллоии Тоҷикистон нагуфтаам.  Мардуми Бадахшон чун қуллаҳои маъруфи ин диёри кӯҳсор табиатан ботамкину сарбаланд ва соҳибҳунар буда, садҳову ҳазорон ҷавонмардони бонангу номус ва далеру ғаюр доранд, ки мисли фарзандони дигар гӯшаҳои кишварамон номи баланди тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ мекунанд. 
Ҳозирини гиромӣ!
Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавии проблемаҳои сайёра ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш барои мардуми Тоҷикистон аз ҳар вақти дигар заруртар аст. Зеро таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, мо бояд бештар аз ҳар вақти дигар кӯшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори кишвари азизамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Мову шумо имрӯз ҳамбастагӣ ва иттиҳоди сокинони кишвар ва ширкати фаъолонаи онҳоро барои рушду нумӯи Ватани азизамон дар ҷодаи роҳсозиву бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ дида истодаем ва ба ин ҳақиқат бовар дорем, ки халқ нерӯи бузург ва эҷодкори тақдири худ аст. Ҳеҷ қуввае нест, ки садди роҳи ваҳдату ҳамбастагӣ ва азму иродаи созандаи халқ гардад.
Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Мо - мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст.  Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумимилливу умумидавлатиро аз дигар манфиатҳои маҳдуди шахсӣ ва гурӯҳиву ҳизбӣ афзал шуморем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.
Дар баробари ин, бояд саъю талош кунем, ки аз ҷараёни босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯи тамаддуни асрӣ, яъне дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, техникаву технологияи муосир, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем.  Гузашта аз ин, дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ, тамкину таҳаммул, ватандӯстиву ватанпарварӣ, донишандӯзиву меҳнатдӯстӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва қарзи инсонии калонсолону аҳли зиёи мамлакат ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.  Он рӯз дур нест, ки мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ, Тоҷикистони азиз - ин кишвари домони гардун ва дорои табиати нотакрори худро ба як давлати пешрафтаву мутамаддин, дорои шабакаҳои замонавии энергетикӣ, инфраструктураи пешрафтаи нақлиёту алоқа, сатҳи хизматрасонии баланд, яъне ба як мамлакати биҳиштосо табдил медиҳанд, ки орзуи дидани он дар дили ҳазорон нафар сайёҳону сокинони сайёра маъво мегирад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланд ва бонангу номуси Бадахшонро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу хонаободӣ, рӯзгори хушу осуда ва сарсабзиву сарбаландӣ орзу менамоям.
Бигзор ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар сарзамини аҷдодии мо ҳамеша пойдор бошад ва аз ҳар хонадони тоҷик ҳеҷ гоҳ файзу баракат канда нагардад!
Бигзор дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон бо мадади рӯҳи гузаштагони миллатамон сулҳу амонӣ, файзу баракат ва саодату хушбахтӣ ҷовидон пойдор бошад!
Итминони комил дорам, ки мо метавонем ҳама аҳлонаву сарҷамъона тамоми нерӯи зеҳнӣ, қудрати ҷисмонӣ ва маҳорату истеъдоди худро ба хотири ободии Ватани азизамон - Тоҷикистон ва таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ, осудагии мардуми шарифамон равона созем.
Мо ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии босаодати халқи азизамон умед баста, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки моро ба ҳадафҳои некамон расонад, ба мардуми сулҳдӯсту ваҳдатсози мо пирӯзиву сарфарозӣ ва иқболу сарбаландиҳо ато фармояд ва ваҳдати миллии моро ҷовидона гардонад.

Ҳамеша комёбу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед