logo

номаҳо

Маро ҳам табобат ва ҳам муомилаи хуш даво бахшид

Солҳои охир бо амри тақдир ман озодона роҳ рафта наметавонам,  лек ноумед нестам ва худро водор месозам, ки ба шифоёбии оянда бовар кунам.
Баҳри табобати худ пайваста аз ҳар имконияте, ки ҳаст истифода мекунам. Тобистони ҳамин сол ба ман аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ роҳхат дар истироҳатгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон ҷудо намуданд.
Он дар дараи зебоманзари Ромити шаҳри Ваҳдат воқеъ аст. Дар ҳақиқат ҳам хусусияти шифобахшии «Оби зайрон»-ро, ки овозааш пештар ба гӯшам расида буд, дар худ ҳис намудам.
Ман пеш аз табобат дар ин ҷо тамоман ба пой рост истода наметавонистам, лек баъди табобат, аз пои худ истифода мекардагӣ шудам, ки диламро дубора ба зиндагӣ гарм намуд.
Ман солҳои донишҷӯӣ дар ансамбли «Наврӯз»-и ДМТ (собиқ ДДТ ба номи В.И.Ленин) чун кабӯтар дар рақс парвоз мекардам. Тавре дар урфият мегӯянд дунё ба мисли чархофалак аст, дирӯз дар даву тоз будам, имрӯз дар чунин ҳолам, лек ноумед нестам ва бовар дорам, ки чархофалак боз давр зада ба ҷои пешинааш бармегардад.
Вақте барои табобат ҳозир шудам, муомилаи хуши сардор ва кормандони хонаи истироҳат маро хеле рӯҳбаланд намуд. Боварии комил дорам, ки дар шифоёбиам муомилаи хуши кормандони ин хонаи истироҳат ҳам таъсир кардааст. Ба онҳо ташаккур мегӯям.
Аммо зикр карданиам, ки агар истироҳатгоҳ бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ, автобус барои кашондани маъюбон, ошхонаи нави замонавӣ таъмин гардад, табобати беморонро боз ҳам беҳтар ташкил кардан мумкин мебуд. Чанд биное, ки аз онҳо танҳо 4 сутуни холӣ мондаасту халос, агар бо зиёд намудани маблағгузории ҳукумат ва саховатмандии соҳибкорон обод гарданд, чандин маъюбе мисли ман ба дарди худ даво меёбанд.
Умед дорам, ки шумо, ташкилкунандагони гӯшаи «Розу ниёз», номаи маро ба чоп хоҳед расонид.

Мавҷигул ШАРИФОВА,
маъюби гурӯҳи аввал, нафақахӯр


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7455
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед