logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, 8 июли соли 2010

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама шуморо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки чанде пештар дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, бори дигар ягонагиву ҳамбастагии халқи Тоҷикистонро собит сохт, самимона табрику таҳният мегӯям.
Ин санаи бузургу тақдирсоз  ба миллати мо рӯҳи дубора бахшида, барои оғози пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон - Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард. Ва имрӯз - бо гузашти сездаҳ сол мо дилпурона ва бо ифтихор гуфта метавонем, ки тамоми дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ самараи ваҳдати миллӣ ва ваҳдати миллӣ меваи шаҳдбори ақлу заковати халқи куҳанбунёдамон мебошад.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ, ки мо имрӯз ба меҳмонии мардуми сарбаланди он омадаем,  нишонаи соҳибихтиёрии давлати мо буда, дар даврони истиқлолият таъсис ёфт ва дар тӯли понздаҳ соли мавҷудияташ ҳам аз ҷиҳати ташкили сохтори идораи давлатӣ ва ҳам аз лиҳози рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт рӯз ба рӯз ба як гӯшаи ободу зебои мамлакат табдил ёфта истодааст.
Тавре ки шумо дар хотир доред, ҳанӯз соли 2002-юм аз ноҳияи шумо дидан намуда, доир ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии он ибрози назар карда будам. Ҳадафи сафари имрӯза низ пеш аз ҳама шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум, ҷараёни корҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, ислоҳи мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта ва такони ҷиддӣ бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ мебошад.
Қабл аз ин, ки натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем, мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба ҷараёни татбиқи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давраи то соли 2015-ум, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли 2001 қабул гардида буд, ҷалб намоям.
Дар доираи барномаи мазкур то соли 2015 ҳамасола бештар гардонидани имкониятҳои истеҳсолии ноҳия, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки ҳама дар маҷмӯъ иқтидори иқтисодии ноҳияро таҳким бахшида, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, пешбинӣ шудааст. 
Умуман, аз оғози ташкили ноҳия дар доираи барномаи зикршуда барои тараққиёти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ зиёда аз 45 миллион сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд. Ин маблағҳо, пеш аз ҳама, барои рушд ва барқарор намудани муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва дигар хароҷот сарф гардидаанд.
Тавре ки шумо хуб медонед, масъалаи рушди соҳибкории хурду миёна ва махсусан соҳибкории истеҳсолӣ ҳамчун яке аз василаҳои асосии беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва махсусан ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон таҳти таваҷҷӯҳи доимии давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Имсол ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда қариб 8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳоло дар ноҳия ҳашт лоиҳаи инвеститсионӣ, аз қабили лоиҳаи таҷдиди маориф, лоиҳаи гранти Фонди каталитикӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо, лоиҳа оид ба беҳдошти тандурустии ҷамоавӣ ва беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда 8 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 12 мактаб таҷдиду тармим гардида, барои муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 40 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ харида шуд.
Чунон ки маълум аст, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ захираҳои зиёди сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла металҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ мавҷуданд, ки то ба ҳол истифодаи онҳо оғоз нагардидааст.
Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки бо дарназардошти рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тендерҳои байналмилалӣ гузаронида, барои истихроҷ ва коркарди онҳо ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро ташкил намоянд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ яке аз шодобтарин ноҳияҳои кишвар мебошад ва шароити ҷуғрофии он имконият медиҳад, ки дар ин мавзеъ силсилаи нерӯгоҳҳои миёнаи барқӣ сохта шаванд.
Азбаски мардуми кишвари мо чандин сол инҷониб дар фасли тирамоҳу зимистон аз норасоии нерӯи барқ танқисӣ мекашанд, имрӯз бунёди натанҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, балки нерӯгоҳҳои иқтидорашон миёна низ барои расидан ба ҳадафи стратегии давлатамон - таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат мадад мерасонад.
Ҳамин аст, ки дар доираи барномаи бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар солҳои охир дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 53 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд ёфт, ки онҳо то андозае мушкилоти норасоии барқро осон карданд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии  ноҳия дар  панҷ моҳи  соли ҷорӣ қариб ба 7 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли  гузашта 103 фоизро ташкил медиҳад.
Ноҳия асосан дар мавзеи кӯҳистон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 368 ҳазор гектарро дар бар мегирад, ки аз он 2100 гектараш заминҳои корам ва 440 гектараш боғи дарахтони бисёрсола мебошад. Вале нишондиҳандаҳои зикршуда нисбат ба дурнамо ва имкониятҳои дар ноҳия мавҷуда кам мебошанд. 
Аз ин рӯ, ба Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ супориш дода мешавад, ки барои ҳарчи пурра истифода кардани захираву имкониятҳо ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар кардани зоти чорво ва афзоиш додани маҳсулнокии он чораҳои мушаххас андешанд.
Зеро иқлим ва шароити ҷойгиршавии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши картошка, боғдорӣ ва чорводорӣ хеле мусоид мебошад.
Хурсандибахш аст, ки роҳбарону мутахассисон ва кишоварзони ноҳия ба масъалаи рушди картошкапарварӣ муносибати ҷиддӣ намуда, имсол майдони кишти картошкаро нисбат ба соли гузашта 230 гектар зиёд кардаанд ва парвариши онро тибқи талаботи агротехникӣ ба роҳ мондаанд.
Умуман, истеҳсоли картошка дар се соли охир 165 ҳазор тоннаро ташкил кардааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар сол 55 ҳазор тонна рост меояд.
Кишоварзони ноҳия ният доранд имсол зиёда аз 57 ҳазор тонна картошка истеҳсол кунанд, ки ин саҳми арзандаи онҳо дар таъмини бозорҳои дохилӣ ва дар айни замон боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии худашон хоҳад шуд.
Илова бар ин, барои рушди соҳа имсол ба хоҷагиҳои ноҳия аз ҳисоби буҷет ба миқдори 230 тонна тухмии репродуксияи баланд дода шуд, ки барои  инкишофи минбаъдаи соҳаи тухмипарварӣ дар оянда мусоидат менамояд. Ба хотир меорам, ки вақте мо мехостем дар Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳия ташкил кунем, бисёриҳо ба ин андеша зид буданд, зеро ба ояндаи он бовар надоштанд. Вале чунон ки имрӯз мебинем, мардуми заҳматкаши ноҳия ҳам зиндагии худашонро обод кардаанд ва ҳам барои таъминоти шаҳру ноҳияҳои дигари кишварамон ва ҳатто бозорҳои хориҷӣ ҳисса гузашта истодаанд.
Кишоварзони ноҳия дар  соҳаи боғдорӣ низ дар асоси Фармони Президенти мамлакат оид ба рушди ин соҳа амал карда, иҷрои дурнаморо таъмин намудаанд. Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ин соҳаи сердаромад бо истифода аз тамоми имкониятҳо инкишоф дода шавад. Ҳамчунин мувофиқи мақсад мебошад, ки барои ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия ба масъалаи азхудкунии заминҳои нав диққати ҷиддӣ дода шавад.
Бинобар ин, зарур аст, ки Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ва ноҳияи  Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав дар ноҳия чораҷӯӣ намоянд.
Аз ҷониби дигар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии деҳот ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар худи ноҳия, ҳамчунин бо дарназардошти зичии аҳолӣ ва минтақаҳои хавфнок ба ноҳияву минтақаҳои серзамин кӯчонидани қисми хоҳишманди аҳолӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Илова бар ин, бо мақсади  беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи комплекси агросаноатӣ ва рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳолати кунунии соҳа ва захираву имкониятҳои ноҳияро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан картошкапарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо  Кумитаи давлатии заминсозӣ  ва геодезӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод масъалаи ба расмият даровардани парвандаҳои заминсозиро оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ноҳия,  ҳамчунин барои ба ноҳияи Зафаробод кӯчонидани қисми дигари аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ҳаллу фасли он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ва махсуси сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон шудааст. Зеро танҳо ба воситаи омӯхтани илму дониши муосир, пешбурди дурусти низоми таълим ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои замонавӣ метавон ба натиҷаҳои дилхоҳ расид.
Ҳоло дар деҳаи Оббурдони ноҳия бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сохтмони мактаб барои 320 ҷойи нишаст бо толори варзишӣ бо суръат идома дорад. Мувофиқи нақша иншооти мазкур соли 2011 ба истифода дода мешавад. Инчунин сохтмони навбати дуюми мактаб-интернат дар шаҳраки Меҳрон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ идома дорад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар масъалаи таъминоти моддиву техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор мушкилот вуҷуд дорад. Аз ҷумла таълимгоҳҳои ноҳия ба мизу курсиҳои мактабӣ, мизу курсӣ барои омӯзгорон ва баъзе асбобу ашёи таълимӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳоло дар ноҳия 20 мактаб таъмирталаб буда, як мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ супориш дода мешавад, ки барои ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти зикршуда ва дигар проблемаҳои мавҷудаи соҳа тадбирҳои муассир андешанд. 
Ҳифзи саломатии аҳолӣ низ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии мо мебошад. Давлату ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби худ ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи тиб, ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва дар маҷмӯъ ба рушди соҳа таваҷҷӯҳи махсус медиҳад.
Солҳои охир дар деҳаҳои Роғ, Пастиғав, Лангар, Худгифи Соя, Ғузн ва Мадрушкати ноҳия марказҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуда, имрӯз ба мардум хизмат расонида истодаанд.
Дар ноҳия 66 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ фаъолият менамояд, лекин ин шумора бо дарназардошти шумораи аҳолии он нокифоя мебошад. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳия 19 нафар, аз ҷумла 8 нафарашон тибқи квотаи президентӣ таҳсил дорад. Вале ҳанӯз талабот ба мутахассисони дорои маълумоти олидор аз рӯи ихтисосҳои гуногун  15  нафарро ташкил медиҳад.
Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бояд масъалаи мазкурро ҳаматарафа омӯхта, ҷиҳати ҳаллу фасли он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои нишондодҳои Барномаи давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дар давраи то соли 2015 дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати кору фаъолияти озодонаи сокинони мамлакат, дар навбати аввал дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Мо хуб медонем, ки мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ воқеан ватанпарвару ватандӯст ва заҳматписанд мебошанд. Дар сарчашмаҳои мӯътабари таърихиву адабӣ мардуми Мастчоҳ аз қадим ҳамчун одамони тануманду ҳимматбаланд, солиму озодманиш ва ростқавлу ободгар зикр шудаанд.
Онҳо имрӯз низ сиёсати созандагиву бунёдкоронаи давлатро самимона дастгирӣ мекунанд ва чунонки мебинем, барои пешравӣ ва ободу зебо гардонидани ноҳияи худ заҳмат мекашанд.
Дар раванди меҳнати созанда ва фаъолияти ободгарии худ ҳамаи мо бояд як масъаларо ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки тақдири ватанамон дар дасти худамон аст ва ободу шукуфою пешрафта гардонидани ҳар як гӯшаву канори он низ вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва қарзи имонии ҳар кадоми мост.
Аз ин рӯ, аз ҳар кадоми шумо –пирони соҳибтаҷрибаву рӯзгордида ва роҳбарону намояндагони баобрӯи маҳаллаҳову деҳот тақозо мегардад, ки пеш аз ҳама барои обод кардани хонаву дари худ, кӯчаву деҳи худ, хулоса Ватани аҷдодии худ камари ҳиммат  бандед.
Соли оянда мо санаи мубораки миллиамон - бистсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ҳар кору пайкори мову шумо  дар давраи омодагӣ ба таҷлили ин ҷашни бузург бояд ба хотири дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ин санаи сарнавиштсози таърихӣ нигаронида шавад.
Ман ба ғайрату ҳиммати мардуми сарбаланду боғурур ва бонангу номуси Кӯҳистони Мастчоҳ итминони комил дорам ва бовар дорам, ки онҳо мисли тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири ободии Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳар кадоми шумо сарбаландиву тандурустӣ, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2991
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед