logo

мулоқотҳо

Мӯҳлати сафирии Тсзо Сюелян анҷом пазируфт

7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюелянро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Тсзо Сюелян ба ҳайси сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистону Чин, хусусан дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия, ки аз самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар ба шумор мераванд, корҳои зиёд ба сомон расиданд.
Тсзо Сюелян дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ҷаҳду талоши худро дареғ нахоҳад дошт.
www.president.tj


Тсзо Сюелян, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз анҷоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки дар зарфи се соли фаъолияти дипломатиаш ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар ба марҳалаи сифатан нав ворид шуданд.
Мо дар ин давра шоҳиди татбиқи як силсила лоиҳаҳои стратегӣ дар Тоҷикистон гаштем, ки барои ман ҳамчун сафир шарафи бузург аст.
Дипломати чиноӣ аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти сесолаи ӯ баҳои баланд додааст. - Ҷаноби Олӣ,-гуфт сафир,- зикр карданд, ки Тоҷикистон барои ман Ватани дуюм аст. Ва ман дар ҷавоб тазаккур додам, ки баъди аз Тоҷикистон ба Чин баргаштан, новобаста аз он, ки дар куҷо ифои вазифа менамоям, барои рушди устувори иқтисоди кишвари шумо ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳоямон талош хоҳам кард.
Тсзо Сюелян дар робита ба фаъолияти намояндагиаш аз таваҷҷӯҳ ва дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ситоиш кард. ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба Президенти мамлакат ва мардуми кишвар саодатмандӣ хоста, аз фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол изҳори хушбинӣ намуд.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1884
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед